Сохти як маркази тронзитӣ дар Тоҷикистон тавассути Аморот
Ахбори минтақа
Дар ҳошияи сенздаҳумин конфронси вазирони Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ дар Абузабӣ, Завқӣ Завқизода вазири тавсиаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон ва Муҳаммадҷумъа Шамисӣ мудири кулли Гурӯҳи Бунёди Абузабӣ ба гуфтугӯ нишастанд.
Дар ин дидор, Завқизода пас аз таъкид бар зарфиятҳои калон ва тронзитии кишвар, дархости таъмини молии сохти як маркази тронзитӣ дар Тоҷикистонро ба намояндагони аморотӣ ироа дод, ки бо истиқболи онон рӯбарӯ шуд.
Дар поён ҳар ду тараф омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ эълом намуданд.
Қаламонлайн