Нишонаҳои дӯсти хуб

Нишонаҳои дӯсти хуб

Дар китоби арзишманди Наҳҷулбалоға, аз забони ҳазрати Алӣ(а) вижагиҳои муҳимме барои дӯсти хуб баён шудааст, ки лозим донистем барои мухотабони азизамон пешниҳод кунем:

1 –    Дӯстӣ бо ӯ ба хотири Худо бошад;

2 –    Дунё дар назараш паст ва кӯчак намояд;

3 –    Таҳти фармони шикам набошад;

4 –    Орзуманди маҳрумиятҳо набошад;

5 –    Ба ҳангоми дастрасии орзуҳо зиёдаравӣ накунад;

6 –    Бештари вақтҳо сокиту хомӯш бошад;

7 –    Чун сухан гӯяд, майдондорӣ намояд;

8 –    Заифу нотавон ҷилва накунад;

9 –    Ба ҳангоми ҷиддият, ҷиддӣ бошад.

10- То чизе напурсанд, изҳори назар накунад.

11- Агар аз касе хатое дид, то узри ӯро нашнавад, забон ба маломат накушояд.

12- Аз ҳеҷ дарде гила накунад.

13- Ба шунидан ҳаристар бошад то гуфтан.

14- Агар ногаҳон байни ду кор қарор гирифт, дар паи коре биравад, ки мухолифи хоҳишҳои нафосонияш бошад.

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳаққи шавҳар бар зан
Адаб аз кӣ омӯхтӣ…

Матолиби пурбоздид