Эҳтироми шавҳар

Адаб

Эҳтироми шавҳар

Супоришҳое барои бонувон

Ҳар инсоне ба шахсияти хеш алоқаманд аст ва худро дӯст медорад ва мехоҳад дигарон ба шахсияти ӯ эҳтиром бигузоранд.

Ба илова, мард ба ҳукми он ки масъулияти сарпарастии хонаводаро бар ӯҳда дорад, лозим аст аз сӯи аъзои хонавода ба хусус ҳамсари худ, мавриди эҳтиром қарор гирад.

Лозим аст, шаъну ҳурмати ӯ дар хонавода ҳифз шавад то бо дилгармии бештар, ба анҷоми вазоифи худ дар хонавода бипардозад.

Инчунин, фарзандон низ эҳтиром ба падарро аз модари худ меомӯзанд. Агар зан ба шавҳари худ эҳтиром бигузорад, фарзандон низ ҳурмати падарро нигаҳ медоранд.

Дар идома ба чанд маврид аз намунаҳои эҳтироми зан ба шавҳар мепардозем:

1 – Риояти адаб

Лозим аст зан ҳангоми вуруди шавҳар ба хона, ба истиқболи ӯ биравад, салом кунад ва ба гармӣ аз ӯ пазироӣ намояд.

Паёмбари Акрам(с) мефармоянд:

“Вазифаи зан ин аст, ки дар хона ба пешвози шавҳар равад ва хушомад бигӯяд”.

Ҳамеша шавҳари худро бо эҳтиром садо бизанед ва ҳамеша ӯро бо лафзи “Шумо” мухотаб қарор диҳед.

Вақте ӯ сухан мегӯяд, каломи ӯро набуред. Риояти ин мавориди ба зоҳир кучак, таъсири басазое дар ҷалби ризоят ва муҳаббати шавҳар дорад.

2 – Таваҷҷӯҳи бештар ба шавҳар

Замоне ки фарзандон ба дунё меоянд, пас аз гузашти чанд моҳ, чун тамоми таваҷҷӯҳи шумо (модар) сарфи муроқибату нагаҳдорӣ аз фарзандатон мегардад ва ба шавҳаратон ба таври нохудогоҳ таваҷҷӯҳи камтаре мекунед, мумкин аст, шавҳаратон эҳсоси танҳоӣ кунад, дар чунин мавориде бештар диққат намоед, ки падари бачаҳоро набояд фаромӯш кунед ва таваҷҷӯҳи шумо бештар ба шавҳаратон бошад. Ин кор илова бар омӯзиши риояти эҳтироми падар ба фарзандон, нишондиҳандаи эҳтироми шумо ба шавҳаратон низ ҳаст.

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Яман ду киштии омрикоиро ҳадаф қарор дод
Ҳаққи шавҳар бар зан

Матолиби пурбоздид