Симои Алӣ дар Маснавӣ
Навиштаи Сайидюнус Истаравшанӣ
Алӣ ва Амр ибни Абдивуд
Яке аз маънавитарин моҷароҳое, ки дар Маснавӣ баён шуда, моҷарои ҷанги Амр ибни Абдивуд бо ҳазрати Алӣ дар ҷанги Хандақ аст. Албатта Мавлавӣ аз касе, ки бо ҳазрати Алӣ ҷанг кардааст, ном набурда ва нагуфта, ки ин моҷаро дар кадом ҷанг буда, балки танҳо ба баёни мавзӯъ мепардозад: ва он ин ки ҷанговаре дар яке аз набардҳо, ба ҷанги Имом Алӣ омад, ва вақте мағлуби Алӣ шуд, ба он ҳазрат беэҳтиромӣ кард ва оби даҳон бар рӯйи он ҳазрат андохт, вале Алӣ ба ҷойи он ки муқобила ба мисл кунад, муқобила ба акс кард.
Ин бархӯрд мӯҷиби ҳайронии он ҷанговар шуд; зеро умуман мардум муқобила ба мисл мекунанд, аммо ҳарифи ӯ дар ин ҷо муқобила ба акс кард. Вақте аз фалсафаи ин амал суол кард ва ҷавоби Имом Алиро шунид, аз кардаи худ пушаймон шуд ва ба ислом гаравид ва ба пайравӣ аз ӯ, хонавода ва хешовандони вай низ ба ислом гаравиданд.
Аммо он чи дар таърихи ислом омада ин аст, ки моҷаро бо кушта шудани душман хотима меёбад, вале Мавлавӣ қазияро ба мусалмон шудани вай хатм мекунад.
Албатта шеваи Мавлавӣ дар ин қабил масоил, натиҷагирӣ аз моҷарост, на санадияти он. Ӯ мехоҳад дар қолаби қиссае, ба баёни ҳақоиқ бипардозад ва бояду набоядҳои инсониро дар зимни он баён кунад.
Мавлавӣ моҷароро бо ихлоси ҳазрати Алӣ шурӯъ мекунад ва ба мардум мегӯяд: бояд аз Алӣ ихлоси амал омӯхт. Сипас ба баёни ҳолот ва мақомоти Имом Алӣ мепардозад ва дар зимни ин ҳолот, масоилеро дар робита бо он баён мекунад:
Аз Алӣ омӯз ихлоси амал,
Шери Ҳақро дон мутаҳҳар аз дағал.
Дар ғазо бар паҳлавоне даст ёфт,
Зуд шамшере бароварду шитофт.
Ӯ худу андохт дар рӯйи Алӣ,
Ифтихори ҳар набиву ҳар валӣ.
Он худу зад бар рухе, ки рӯйи моҳ
Саҷда орад пеши ӯ дар саҷдагоҳ.
Дар замон андохт шамшер он Алӣ,
Кард ӯ андар ғазоаш коҳилӣ.
Гашт ҳайрон он мубориз з-ин амал
В-аз намудан афву раҳмат бемаҳал.
* * *
Ба равшанӣ пайдост, ки ҳар касе ҷуз Алӣ буд, аз шиддати хашму асабоният, ба далели он амали густохонаи Амр, кори вайро бедиранг тамом мекард. Мавлавӣ аз забони Амр пас аз дидани ҷавонмардӣ ва он амали Алӣ мегӯяд:
Гуфт: бар ман теғ низ афроштӣ,
Аз чӣ афгандӣ? Маро бигзоштӣ?
Он чӣ дидӣ беҳтар аз пайкори ман?
То шудӣ ту суст дар ишколи ман.
Он чӣ дидӣ, ки чунин хашмат нишаст?
То чунон барқе намуду бозҷаст.
Он чӣ дидӣ? Ки маро з-он акси дид
Дар дилу ҷон шӯълае омад падид.
Он чӣ дидӣ бартар аз кавну макон,
Ки беҳ аз ҷон буду бахшидим ҷон.
Дар шуҷоат шери раббонистӣ,
Дар мурувват худ кӣ донад, кистӣ.
* * *
Он гоҳ Амр аз Алӣ хост, ки рози ин бахшоишро бигушояд:
Эй Алӣ, ки ҷумла ақлу дидаӣ,
Шаммае вогӯ аз он чӣ дидаӣ.
Теғи ҳилмат ҷони моро чок кард,
Оби илмат хоки моро пок кард.
Бозгӯ, донам, ки ин асрори ҳуст,
З-он ки бе шамшер куштан кори ӯст…
Бозгӯ, эй бози арши хушшикор,
То чӣ дидӣ ин замон аз кирдгор?
Чашми ту идроки ғайб омӯхта,
Чашмҳои ҳозирон бардӯхта…
Роз бигшо, эй Алии Муртазо,
Эй паси “суъул-қазо ҳуснул-қазо”.
Ё ту вогӯ, он чӣ ақлат ёфтаст,
Ё бигӯям, он чӣ бар ман тофтаст…
Моҳ бе гуфтан чу бошад раҳнамо,
Чун бигӯяд, шуд зиё андар зиё…
Бозгӯ, эй бози анқогири шоҳ,
Эй сипоҳишкан ба худ, на бо сипоҳ.
Уммати ваҳде якеву сад ҳазор,
Боз гӯ, эй банда бозатро шикор.
Дар маҳалли қаҳр ин раҳмат зи чист?
Аждаҳоро даст додан роҳи кист?
* * *
Имом Алӣ тавзеҳи зайлро ибтидои посухи худ қарор медиҳад:
Ғарқи нурам гарчи сақфам шуд хароб,
Равза гаштам, гарчи ҳастам Бӯтуроб.
* * *
Сипас Мавлоно забони ҳоли Имом Алиро ба он паҳлавони кофир чунин баён мекунад:
Гуфт: ман теғ аз пайи Ҳақ мезанам,
Бандаи Ҳаққам, на маъмури танам.
Шери Ҳаққам, нестам шери ҳаво,
Феъли ман бар дини ман бошад гуво.
“Мо рамайта из рамайт”-ам дар ҳироб,
Ман чу теғам, в-он зананда офтоб.
Рахти “худ”-ро ман зи раҳ бардоштам,
Ғайри Ҳақро ман адам ангоштам…
Каҳ наям, кӯҳам зи ҳилму сабру дод,
Кӯҳро кай даррубояд тундбод?
Он кӣ аз боде равад аз ҷо, хасест,
З-он ки боди номувофиқ худ басест.
Боди хашму боди шаҳват, боди оз
Бурд ӯро, ки набуд аҳли намоз.
Кӯҳаму ҳастии ман бунёди ӯст
В-ар шавам чун коҳ, бодам ёди ӯст.
Ҷуз ба боди ӯ наҷунбад майли ман,
Нест ҷуз ишқи Аҳад сархайли ман.
Хашм бар шоҳон шаҳу моро ғулом,
Хашмро ҳам бастаам зери лагом.
Теғи ҳилмам гардани хашмам задаст,
Хашми Ҳақ бар ман чу раҳмат омадаст.
Чун даромад иллате андар ғазо,
Теғро дидам ниҳон кардан сазо.
* * *
Оё касе бо мушаххасоти мазбур, ки чунин барои ризои Худо талош мекунад ва ҳавои нафси худро нодида мегирад, метавонад барои хилофат ва ҳукумат дар ин дунё ҳирсу тамаъе дошта бошад?
Мавлавӣ дар радди иттиҳоми бархе афрод, ки ба Имом Алӣ нисбати ҳирсу тамаъ ба хилофат додаанд, мегӯяд:
Он кӣ ӯ танро бад-ин сон пай кунад,
Ҳирси мириву хилофат кай кунад?
З-он ба зоҳир кӯшад андар ҷоҳу ҳукм,
То амиронро намояд роҳу ҳукм.
То амиреро диҳад ҷоне дигар,
То диҳад нахли хилофатро самар.
* * *
Алӣ ва қотили худ
Мавлавӣ дар ҳикояти дигаре ба ин ҳадиси набавӣ ишора мекунад, ки бино бар ривоёт, Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар гӯши рикобдори Алӣ (Абдурраҳмон ибни Мулҷам) фармуд: “Куштани Алӣ бар дасти ту хоҳад будан, хабарат кардам.”
Бо он ки Паёмбар (с) кушта шудани Алӣ ба дасти Ибни Мулҷамро бар ӯ маълум гардонида буд, ҳазрати Алӣ аммо пайваста ба Ибни Мулҷам некӣ мекард.
Ин дар ҳолест, ки Ибни Мулҷам ба Алӣ илтимос мекард, ки “аз баҳри Худо маро бикуш ва аз ин қазо бираҳон.”
Боз омад, к-эй Алӣ зудам бикуш,
То набинам он даму вақти туруш.
Ман ҳалолат мекунам, хунам бирез,
То набинад чашми ман он растахез.
* * *
Мавлавӣ посухи Алиро ба ин сурат ба назм мекашад:
Ханҷару шамшер шуд райҳони ман,
Марги ман шуд базму наргисдони ман.
Он кӣ ӯ танро бад-ин сон пай кунад,
Ҳирси мириву хилофат кай кунад?
З-он ба зоҳир кӯшад андар ҷоҳу ҳукм,
То амиронро намояд роҳу ҳукм.
То амиреро диҳад ҷоне дигар,
То диҳад нахли хилофатро самар.
* * *
Ин ҳикоят ба шоистатарин наҳв аз забони Алӣ дар Маснавӣ омадааст:
Гуфт пайғамбар ба гӯши чокарам,
К-ӯ бурад рӯзе зи гардан ин сарам.
Кард огаҳ он расул аз ваҳйи дӯст,
Ки ҳалокам оқибат бар дасти ӯст.
Ӯ ҳамегӯяд: бикуш пешин маро,
То наёяд аз ман ин мункар хато.
Ман ҳамегӯям: чу марги ман зи туст,
Бо қазо ман чун тавонам ҳила ҷуст?
Ӯ ҳамеафтад ба пешам, к-эй карим!
Мар маро кун аз барои Ҳақ дуним.
То наояд бар ман ин анҷоми бад,
То насӯзад ҷони ман бар ҷони х(в)ад.
Ман ҳамегӯям: бирав, ҷаффал-қалам,
З-он қалам, бас сарнагун гардад алам.
Ҳеч буғзе нест дар ҷонам зи ту,
З-он ки инро ман намедонам зи ту.
Олати ҳаққӣ ту, фоил дасти Ҳаққ,
Чун занам бар олати Ҳақ таъну даққ?
Гуфт ӯ: пас он қисос аз баҳри чист?
Гуфт: ҳам аз Ҳаққу он сирри хафист.
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: