Рӯзноманигор кист?
Ба қалами Модҳов Комос (Madhav Vittal Kamath, 1921-2014), рӯзноманигори шаҳири ҳиндӣ
Одамҳои зиёде дар гӯшаву канори дунё ҳастанд, ки гоҳу бегоҳ матлабе менависанд, чанд тикка хабар аз ин тарафу он тараф мефиристанд ва худашонро рӯзноманигор мехонанд. Оё воқеан инҳо рӯзноманигоранд? Агар инҳо рӯзноманигоранд, чӣ гуна метавон онҳоро аз афроди ҳирфаӣ, ки ба таври муназзам барои рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо кор мекунанд, ҷудо кард? Ҳол бигзарем аз он идда, ки барои родию ва телевизиюн хабар таҳия мекунанд. Пас, воқеан чӣ чиз як рӯзноманигорро месозад?..
Қабл аз ҳар чиз, рӯзноманигорӣ, барои касе, ки омӯзишҳои лозим ва тахассусиро дидааст, як шуғл маҳсуб мешавад, ва ин дар мавриди омотур (любитель)-ҳо матраҳ нест. Рӯзгоре буд, ки мегуфтанд, рӯзноманигор ба таври модарзод рӯзноманигор аст ва чунин нест, ки як нафарро ба мадрасаи рӯзноманигорӣ бифиристанд ва ӯ дар поён рӯзноманигор шавад, Моҳотмо Гондӣ ҳеч гоҳ қадам ба мадрасаи рӯзноманигорӣ нагузошт.
Аммо дар он рӯзгор, вазъ фарқ мекард. Ҳар касе бо миқдоре завқу қареҳа метавонист худашро рӯзноманигор муаррифӣ кунад, як мошини чоп бихарад ё кироя кунад ва рӯзномаеро берун оварад. Аммо имрӯза вазъ комилан фарқ мекунад ва кор печидатар шудааст. Бешак, ҳатто ҳамон афроде, ки модарзодӣ рӯзноманигор ҳастанд, агар давраҳои тахассусии рӯзноманигориро тай кунанд, хеле беҳтар аз дигарон хоҳанд буд.
Дар Ҳиндустон, аввалин маркази омӯзиши рӯзноманигорӣ, дар Донишкадаи ҳунари Донишгоҳи миллии Мадрас дар соли 1920 таъсис шуд. Мавзӯоти дарсӣ иборат буд аз: таърихи рӯзноманигорӣ, қонунҳои матбуот, сармақоланависӣ ва мудирияти рӯзнома.
Содиқона бояд бигӯем, ки барои рӯзноманигори хуб будан, дидани омӯзишҳои тахассусии кофӣ ва саҳеҳ, аҳаммияти басазое дорад. Аммо ин ҳушдорро ҳам медиҳем, ки ҳар касе, ки мадраки рӯзноманигорӣ мегирад, лузуман рӯзноманигор нест.
Ҳол, ба суоли баъдӣ мерасем: чӣ чиз як рӯзноманигорро месозад? Барои ин суол, ба теъдоди раҳбарон ва бузургони рӯзноманигорӣ, посух вуҷуд дорад. Чеймз Рестун (James Reston) аз New York Times “зиндадилӣ ва сари ҳол будан”-ро асл медонад. Пул Милер (Paul Miller) “зарангӣ”-ро муҳим медонад. Ва Ҳерберт Брукер (Herbert Broker), яке аз сардабирони маъруф, “рӯ кардани ҳақиқат ва мӯ аз мост кашидан”-ро вежагии аслии рӯзноманигор медонад.
Албатта, як рӯзноманигор бояд пурэнержӣ бошад ва бояд битавонад ҳақиқатро берун бикашад, аммо инҳо ҳама посухҳои ҷузъӣ ҳастанд. Рӯзноманигор шудан, эҳтиёҷ ба хеле чизҳои дигар ғайр аз энержӣ ё алоқа ба кор дорад. Бо вуҷуди ин, суханони оқои Рестун дар мадрасаи рӯзноманигории Кулумбиё аҳаммияти зиёде дорад: “Ман тарафдори пару поқурси тарбият ва омӯзиши тахассусии рӯзноманигорон ҳастам. Дар айни ҳол, мо дар байни рӯзноманигорони New York Times афродеро дорем, ки чандин мадраки донишгоҳӣ доранд ва афроде ҳам ҳастанд, ки таҳсилоти олиро бино ба далоиле ба поён нарасондаанд… Аммо ҳар ду гурӯҳ, хуб кор мекунанд. Вақте ин одамҳо сари ҳол будан, ангеза, зиндадилиро доранд, ҳол шумо ҳар номе, ки дӯст доред, ба он бидиҳед. Бинобар ин, ба назари ман комилтарин ва беҳтарини омӯзишҳо дар умури тахассусӣ наметавонанд як рӯзноманигори барҷаста бисозанд, магар ин ки вежагии аслӣ, яъне сари ҳол будан ва зиндадилӣ низ ҳамроҳи тахассус бошад…”
Сардабири Free Press Journal низ ҳарфи оқои Рестунро таъйид мекунад ва намунаи онро Содононд (Sadanand) медонад, ки ҳаргиз ба донишгоҳ нарафт, аммо тамоми касоне, ки ӯро мешинохтанд, эътироф доштанд, ки рӯзноманигори бузурге аст. Ӯ марде буд комилан сари ҳол, сарзинда ва боангеза. Яъне ҳамаи он вежагиҳоеро, ки оқои Рестун мегуфт, дошт… Нуктаи муҳим дар мавриди чунин одамҳое ин аст, ки гарчи мадраки донишгоҳӣ надоранд, аммо нерӯ ва алоқаи кофӣ ба корашон доранд ва дар сурати лузум, омӯзишҳои мавриди ниёзро барои рӯзноманигори хубу муваффақ будан мепазиранд. Дар айёми гузашта, ҳар касе, ки ангезаи лозимро дар худ медид, ба шуғли рӯзноманигорӣ мепардохт ва ҳамзамон бо кораш, омӯзиш ҳам медид. Онҳо умдатан мардони худомӯхта буданд. Аммо имрӯз, бо рақобате, ки бар сари касби шуғлҳои муҳим вуҷуд дорад, оқил он аст, ки қабл аз кор, омӯзишҳои лозимро бибинад.
* * *
Моҳияти омӯзишҳои лозим барои рӯзноманигор шудан
Барои оғози кор, донишҷӯи рӯзноманигорӣ бояд аз назари маълумоти ҳунарӣ, илмӣ ё тиҷорӣ, нумраи (баҳои) хубе бигирад. Бо ин ҳисоб, эҳтимолан чунин фарде метавонад бо риояти қоидаҳои дастури забон матлаб бинависад ва бо сохти ҷумла низ ошност. Ҳамчунин беҳтар аст донишҷӯе, ки дар як муҳити ғайри ангилисӣ фориғуттаҳсил шудааст, дарсҳои тахассусии ангилисиро бигузаронад, то бештарин баҳраро аз мутолеоти марбут ба рӯзноманигорӣ ба забони ангилисӣ бибарад. Ин бад-он маънӣ нест, ки донишҷӯи ноошно ба ангилисӣ наметавонад аз дарсҳои рӯзноманигорӣ баҳра бибарад. Аммо барои кор кардан дар як рӯзномаи хубу мӯътабар (дар Ҳинд), рӯзноманигор бояд бо забони ангилисӣ ошно бошад. Диққат, амонат ва ҳассосият нисбат ба ахбор, сармояҳои аслианд. Вақте, ки ба забони модарӣ дарсҳои рӯзноманигорӣ вуҷуд надорад, он гоҳ рӯзноманигори муштоқ танҳо як роҳ дар пеши рӯи худ дорад: ҳузур дар килосҳои забони ангилисӣ.
Он чи ки муҳим ва асосӣ аст ин аст, ки рӯзноманигор бояд битавонад матолибашро ба роҳатӣ ба забоне бинависад, ки бо он мехоҳад хонандагонашро мавриди хитоб қарор диҳад. Рӯзноманигор бо воқеиятҳо сару кор дорад, аммо воқеиятҳо дар қолаби луғатҳо баён мешаванд, ҳол ба ҳар забону лаҳҷае, ки бошад. Рӯзноманигоре, ки ба забон тасаллут надошта бошад, наметавонад умеде ба таъсиргузорӣ бар хонандагонаш дошта бошад. Ин нукта, аҳаммияти тасаллут бар чанд забонро нишон медиҳад. Ҳар чи фард забонҳои бештаре балад бошад, шонси бештаре барои пайдо кардани шуғл дорад, хусусан акнун, ки давлатҳо бо ҳам бар сари анҷоми корҳояшон ба забонҳои бумӣ ва минтақаӣ, ба рақобат пардохтаанд. Ҳатто дар даҳаҳои 1930, 1940 ва 1950, дар Ҳиндустон, гузоришгароне, ки сирфан бо забони ҳиндӣ, урду, гуҷаротӣ ва моротонӣ ошноӣ доштанд ва онро мефаҳмиданд, бар дигарон арҷаҳият доштанд. Чизе, ки дар гузашта ин ҳама арзиш дошта, мутмаиннан имрӯза боарзиштар ҳам шудааст. Инро низ бояд афзуд, ки рӯзноманигоре, ки бо забонҳои хориҷии дигаре мисли фаронсавӣ, олмонӣ, русӣ ё арабӣ ошно бошад, мутмаиннан барои гирифтани шуғлҳои хориҷ аз кишвар, аз касе, ки фақат як забони ангилисӣ бидонад, шонси бештаре дорад.
* * *
Оё рӯзноманигорӣ як шуғл аст, ҳирфа аст, санъат аст ё тиҷорат? Ҷолиб аст бигӯем, ки рӯзноманигорӣ як ҳирфа аст, мисли ҳуқуқ ё тиб ё муҳандисӣ. Аммо дар айни ҳол, як санъат аст, ки бояд омӯхта шавад. Ва вой бар рӯзноманигори ношире, ки аз усули мудирияти бозаргонӣ хабар надошта бошад! Содононд рӯзноманигори бузурге буд, аммо тоҷири хубе набуд ва охири кор ҳам шикасти сахте хӯрд. Мутмаиннан агар мудири бозаргонии хубе мебуд, дар рӯзноманигорӣ ҳам вазъи бисёр беҳтаре медошт. Рӯзноманигори муваффақ, лузуман рӯзноманигори хуб нест, аммо рӯзноманигори хуб бояд рӯзноманигори муваффақ ҳам бошад. Аввалин ҳадафи рӯзноманигор, эҷоди иртибот аст ва рӯзномае, ки ба фурӯш наравад, ба аввалин ҳадафи худ даст намеёбад. Бинобар ин, гуфтани ин ҷумла, ки “рӯзноманигорӣ, як ҳирфаи рафеъ ва баландмартиба аст, на як санъат ё тиҷорат”, каме мағрурона аст ва бояд аз он ҳазар кард.
Навиштаи хуб, ҳам сармояи матлуб ва арзишманде аст, ва ҳам хуб ба фурӯш мерасад. Ва масъули танзими ахборе, ки сафаҳоти нашрияро хуб танзим кунад, бояд ҳамвазнаш тилло ба пои ӯ рехт. Гуфтани ин ки сафҳаороӣ, як ҳирфа аст ва на як ҳунар, бардошти ғалате аст. Бешак рӯзноманигорӣ як ҳирфа аст, аммо рӯзноманигоре, ки худашро ба ҳирфааш маҳдуд кунад, ба эҳтимоли зиёд хоҳад фаҳмид, ки истеъдодаш чандон рашкбарангез нест: донише аст бе муштарӣ. Таърихи рӯзноманигорӣ пур аст аз саргузашти мардоне, ки ғурурашон ба онҳо иҷоза намедод, ки худро даллол ва тиҷоратпеша бидонанд….
* * *
Бахше аз китоби “Рӯзноманигории ҳирфаӣ” (Professional Journalism) таълифи Модҳов Комос (Madhav Vittal Kamath, 1921-2014), рӯзноманигори шаҳири ҳиндӣ.
Ин китоб ба форсӣ тавассути Қосим Тулӯъ дар Эрон тарҷума ва чандин бор чопу нашр шудааст. Китоби бисёр арзишманде аст, ки мӯътақидам ҳар рӯзноманигоре бояд бихонад
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: