Мувофиқати сарони саҳюнист бо барномаи идомаи ҷанг
Ҳамлаи густардаи Исроил ба ҷануби Лубнон
Ахбори байналмилал
Irna
Манобеъи хабарии режими саҳюнистӣ эълом карданд, ки сарони ин режим бо барномаи идомаи ҷанг бавежа дар шаҳри Рафаҳ дар ҷануби ин минтақа мувофиқат кардаанд.
Ба гузориши Ирно, рӯзномаи саҳюнистии Исроил ҳюм гузориш дод, ки артиши ин режим бо барномаи идомаи ҷанг мувофиқат кардааст.
Ба навиштаи ин рӯзномаи саҳюнистӣ, артиши режими саҳюнистӣ дар масири худ ба самти Рафаҳ аст ва раисони дастгоҳҳои амниятии ин режим бо барномаи идомаи ҷанг мувофиқат кардаанд.
Ҳамчунин сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, ки раиси ситоди кулли артиши ин кишвари ҷаълӣ, раиси дастгоҳи амнияти дохилӣ мавсум ба Шобок, фармондеҳи минтақаи ҷанубӣ, муовини раиси Шобок ва фармондеҳони дигар, бо барномаҳои идомаи ҷанг мувофиқат кардаанд.
Ҳамлаи густарда ба ҷануби Лубнон
Ҳамла ҳавоии режими саҳюнистӣ соатҳое пеш ба ҷануби Лубнон сурат гирифт ва то кунун 4 шаҳид ва 9 захмӣ барҷой гузоштааст.
Ба гузориши Алъолам, гузоришҳои аввалия ҳикоят аз он дорад, ки пайкари се тан аз ғайринизомиён аз маҳалли ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба ҷануб Лубнон аз зери овор берун кашида шудааст.
Irna
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: