Инсоният куҷост?!
Имрӯз (10 март) дар расонаҳо наворе аз борикаи Ғазза мунташир шуд, ки аз шиддати бӯҳрони гуруснагӣ дар ин борика ҳикоят дорад. Як ҷавони фаластинӣ пас аз дастёбӣ ба як киса орд, бисёр хушҳолӣ карда ва саҷдаи шукр баҷо меоварад.
Ин дигар ниёз ба тавзеҳ надорад, ки одам дар кадом шароит ин гуна мешавад.
Нафрини Худо бар касоне, ки зимоми умури кишварҳо дар дастонашон аст ва инро мебинанд ва ҳеч коре намекунанд, дар ҳоле, ки аз дасташон меояд.
Ин Омрико, ки имрӯзҳо тавассути ҳавопаймоҳо кисаҳои орд аз осмон бар борикаи Ғазза партоб мекунад, оё наметавонад аз тариқи замин бирасонад?!
Метавонад, аммо на мекунад ва на иҷоза медиҳад, ки дигарон бирасонанд. Чаро ки мардуми Ғаззаро байни ду чиз мухтор карда яъне дар сари як дуроҳӣ қарор дода: ё бояд таслим шавӣ ва нон бихӯрӣ ва ё аз гуруснагӣ бимирӣ агар бихоҳӣ муқовимат бикунӣ! Роҳи севвуме надорӣ.
Омрико, ки ҷойи худ, аммо оё Миср ва ё Ӯрдун наметавонанд бирасонанд?! Метавонанд, аммо намехоҳанд, тарҷеҳ додаанд фаластиниҳо бимиранд.
Фардо Рамазон аст ва мусалмонони ҷаҳон рӯза хоҳанд гирифт. Аммо оё рӯзаи онҳо қабул аст вақте бародарони динии онҳо дар Ғазза ба ин ҳолатанд?!
Ислом ҷойи худ, инсоният куҷо шуда?!
Паноҳ мебарам ба Худо!
Сайидюнуси Истаравшанӣ