Достони занбӯри асал ва ҳазрати Иброҳим

Адаб

Достони занбӯри асал ва ҳазрати Иброҳим

Занбӯри асале дар атрофи оташи барафрӯхтаи намрудиён барои Иброҳим (а) парвоз мекард. Ҳазрати Иброҳим (а) аз ӯ пурсид: занбӯр! Дар атрофи оташ чӣ мекунӣ? Оё наметарсӣ, ки сӯхта шавӣ?!

Занбӯр гуфт: эй Иброҳим! Омадаам, то оташро хомӯш кунам!

Иброҳим (а) бо ханда гуфт: ту магар намедонӣ, ки оби даҳони кучаки ту ҳеч таъсире бар ин оташ надорад?!

Занбӯр гуфт: чаро механдӣ эй Иброҳим? Ман ба хомӯш шудан ё нашудани оташ намеандешам, балки ба ин меандешам, ки агар рӯзе аз ман бипурсанд, ки замоне ки Иброҳим (а) дар оташ буд, ту чӣ мекардӣ, битавонам бигӯям, ман низ дар хомӯш кардани оташ саҳим будам! Ман ба таклифам амал мекунам, эй Иброҳим!

Паёми ин достон: Бисёр иттифоқ меуфтад, ки вақте аз яке аз моҳо хоста бишавад, ки коре барои пешрафти миллат ва кишвари худ анҷом бидиҳем, масалан:

вақте дидем бар мазлуме ситам мешавад, садо баланд кунем,

ё вақте дидем ҳаққе поймол мешавад, саъй кунем то ҳақ ба ҳақдор бирасад,

ё вақте аз ҳоким ва ё яке аз вузарои ӯ рафтори нописанд ва нодурусте сар мезанад, дар баробари ӯ биистем ва лоақал бо қалами худ ӯро танбеҳ кунем…

мегӯем: магар аз дасти ман коре сохтааст? Магар бо кор ва иқдоми ночизи ман чизе тағйир хоҳад кард?!..

Ғофил аз ин ки мо, он ҷо ки коре аз мо хоста мешавад, агар саҳми худро бигузорем, на барои он аст, ки ин кори мо натиҷа дорад ё надорад, балки ба ин хотир аст, ки мо ба вазифаи худ амал кардаем, ба таклифи худ дар баробари кишварамон амал кардаем…

Агар так-таки мо бо ҳамин эҳсос гом бардорад, он вақт ҳатман натиҷа ҳам хоҳад дошт… зеро ҳамвора чунин будааст, ки қатраҳои кучак, ки ҷамъ мешаванд, табдил ба дарё хоҳанд шуд.

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мушгирак
Хурофот чист?

Матолиби пурбоздид