Ду пешниҳод
Ёддошти Ҳусайни Шариатмадорӣ дар рӯзномаи Кайҳон
1- “Ҳулули моҳи мубораки Рамазон муборак бод! Моҳи Рамазонро дар ҳамаи дунё бо зебоӣ истиқбол мекунанд ва баччаҳо бо тазйин ва чароғонӣ, ба пешвози ин моҳ мераванд. Ҳангоми саҳар, мардум дар тамоми дунё бо садои дилнишини муноҷот бедор мешаванд… Мо дар Ғазза аммо, бо садои ваҳшатноки бомбборонҳо аз хоб бедор мешавем… Агарчӣ пеш аз саҳар низ дар хоб нестем… Моҳи мубораки Рамазон тоза шурӯъ шудааст, вале мо дар Ғазза, 5 моҳ аст, ки рӯза гирифтаем. Гуруснагӣ ва ташнагӣ дар рӯзҳои моҳи Рамазон барои мо сахт нест!.. Мардум дар ҳамаи дунё барои намоз ва муноҷот ба масҷид мераванд. Дар Ғазза аммо, масоҷидро вайрон кардаанд… Ҳасбуналлоҳ ва ниъмал вакил!..”
Бахше аз паёми дардноки як кӯдаки 10 ё 12-сола дар Ғазза аст, ки бар талле аз хонаҳо ва амокини вайрона ва яксоншуда бо хок истода ва аз жарфои дил сухан мегӯяд…
2- Муҳаммад Асад, як хабарнигори фаластинӣ ва сокин – ки чӣ арз кунам, дар Ғазза хонае барои сукунат боқӣ намондааст – ӯ як хабарнигори ҳозир дар Ғазза аст. Муҳаммад Асад низ дар як паёми савтӣ ва тасвирӣ аз миёни вайронаҳои ношӣ аз бомбборони паёпайи Ғазза, мегӯяд: “Имсол сиёҳтарин моҳи мубораки рамазонӣ нест, ки бар уммати исломӣ мегузарад, балки шоҳиди бадтарин мусалмононе ҳастем, ки моҳи Рамазон то кунун ба худ дидааст… Ду миллиард мусалмон ғайр аз дуо ҳеч коре барои мардуми Ғазза намекунанд. Намедонам, ки Худованд чӣ гуна дуо ва намоз ва рӯзаи онҳоро мепазирд?!”
3- Баъд аз баста шудани роҳи тиҷорати дарёии режими саҳюнистӣ аз сӯйи далермардони инқилобии Яман ва таъкиди чандбораи Ансоруллоҳ, ки ҳамла ба киштиҳои ҳомили сӯхтуколо барои режими саҳюнистиро танҳо ҳангоме мутаваққиф хоҳанд кард, ки Исроил ба ҷиноёти ваҳшиёнаи худ алайҳи мардуми мазлуми Ғазза поён бидиҳад, бархе аз давлатҳои (ба зоҳир исломӣ) барои ҷуброни иқдоми шуҷоъонаи муқовамати Яман, роҳҳои чандгонаеро бо ҳадафи ирсоли кӯмакҳои ғизоӣ, доруӣ, сӯхт ва ҳатто ирсоли таслеҳот ба ин режими ҷинояткор дар пеш гирифта ва камокон ба ин хиёнат ва ҷинояти худ идома медиҳанд. Саркардагони режими саҳюнистӣ на фақат ҳамкории ин давлатҳои дастнишондаро инкор намекунанд, балки бидуни парво аз ҷаҳони ислом ва бо даҳанкаҷӣ ба миллатҳои мусалмон, хабари ин ҷиноятро ҳам эълом мекунанд.
4- Рӯзи сешанбе, аввали моҳи мубораки Рамазон, раҳбари муаззами инқилоб дар маҳфили “Унс бо Қуръон” фармуданд: “Ҳар гуна кӯмак ба душмани саҳюнистӣ ҳароми қатъӣ ва ҷинояти воқеӣ аст ва мутаассифона бархе давлатҳо ва кишварҳои исломӣ ин корро анҷом медиҳанд, аммо рӯзе пушаймон хоҳанд шуд ва иншоаллоҳ сазои ин хиёнатро хоҳанд дид” ва таъкид карданд, ки “дунёи ислом мукаллаф аст, муваззаф аст, таклифи динӣ дорад, ҳар кас ҳар ҷур метавонад, кӯмак кунад ва ҳароми қатъӣ ва ҷинояти воқеӣ аст кӯмак ба душман. Инҳо аз сӯйи ҳар касе бошад.”
5- Имрӯза муқовамат на фақат дар ҷаҳони ислом, балки фаротар аз он, дар бисёре аз нуқоти дигари ҷаҳон, бархоста ва баргирифта аз Инқилоби Исломӣ аст ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аз оғоз то кунун ва тайи 45 соле, ки аз умри муқаддаси он мегузарад, ҳаргиз аз эҷоди ҳастаҳои муқовамат, ки таъкиди имоми роҳиламон буд ва ёрӣ расондан ба ин ҳастаҳо, ки имрӯз ба ҷабҳаи қудратманд ва густурдае табдил шудаанд, даст накашида ва дар ҳимояти ҳамаҷониба аз ин ҷабҳаҳое чандгона камтарин тардиде накардааст.
6- Акнун бо таваҷҷӯҳ ба таъкиди чандбораи раҳбари муаззами инқилоб ва аз ҷумла таъкиди ахири эшон, ки “дунёи ислом мукаллаф аст, муваззаф аст, таклифи динӣ дорад, ҳар кас ҳар ҷур метавонад кӯмак кунад ва ҳароми қатъӣ ва ҷинояти воқеӣ аст кӯмак ба душман. Инҳо аз сӯйи ҳар касе бошад”, ду вазифаи қатъӣ ва ғайри қобили тардид бар ӯҳдаи масъулони мӯҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон аст:
Аввал: ифшои мустанади ҷинояти ҳавлнок ва шармовари он даста аз давлатҳои ба зоҳир исломӣ, ки на фақат камтарин кӯмаке ба мардуми мазлуми Ғазза намекунанд, балки бо ирсоли махфиёнаи маҳмулаҳои доруӣ, ғизоӣ ва ҳатто таслеҳотӣ барои режими саҳюнистӣ, дастҳои оғишта ба хуни мардуми мазлуми Ғазза доранд. Аз он ҷо, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамаи дунё ва аз ҷумла дар миёни ҳамаи миллатҳои мусалмон ба унвони аслитарин ҳомии мардуми Фаластин ва ҷабҳаҳои муқовамат шинохта мешавад, ифшои мустанади давлатҳои ҳомии режими саҳюнистӣ метавонад шӯриши мардуми мусалмони он кишварҳо алайҳи давлатҳои дастнишондаашонро ба дунбол дошта бошад ва ин кӯмаки бузурге на танҳо ба мардуми Ғазза, балки ба тамомияти ҷаҳони ислом хоҳад буд;
Дуввум: Ҷумҳурии Исломӣ метавонад ва махсусан баъд аз таъкиди ҳазрати оқо, бояд маҳмулаҳои маводди ғизоӣ, доруӣ ва соири мояҳтоҷи мардуми Ғаззаро аз тариқи дарё ба Ғазза ирсол кунад. Бетардид, Омрико ва муттаҳидони ғарбӣ ва низ режими саҳюнистӣ бо ин иқдом мухолифат меварзанд ва баъид нест ба киштиҳои ҳомили колои ёдшуда низ ҳамла кунанд, вале ҳатто дар сурати ҳамла ба киштиҳои мазбур, аввалан: улгуе мондагор пеши рӯйи соири кишварҳои исломӣ қарор хоҳад гирифт. Сониян: чеҳраи манфури кишварҳои ғарбиро, ки ба фиреб аз зарурати кӯмакрасонӣ ба мардуми Ғазза сухан мегӯянд, беш аз пеш муфтазаҳ ва расво хоҳад кард. Ва солисан: мароҷеъм байналмилалӣ метавонанд бо баррасим маҳмулам ин киштмҳо, ғайри таслеҳотӣ будани онро таъйид кунанд. Дар ин сурат. мумонаъат аз ирсоли ин маҳмулаҳо фақат дар бистари як ҷинояти ҷангӣ ва кӯмак ба наслкушӣ талаққӣ ва таъриф мешавад.”
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: