Сайидҳасан Насруллоҳ хитоб ба Натонёҳу: “Ту ҷангро бохтаӣ!”

Сайидҳасан Насруллоҳ хитоб ба Натонёҳу: “Ту ҷангро бохтаӣ!”

Ахбори Ҷаҳони Ислом

Almayadeen

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон хитоб ба Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ гуфт: “Ҳатто агар ба Рафаҳ биравед, ҷангро бохтаед ва наметавонед на Ҳамос ва на муқовамати Ғаззаро нобуд кунед! Ту натавонистаӣ ҳатто як тасвир аз пирӯзӣ ироа кунӣ ва ҳатто ҳеч як аз аҳдоферо, ки эълом кардаӣ, муҳаққақ кунӣ.”

Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, шомгоҳи дирӯз (чаҳоршанбе, 13 март), дар бахше аз суханронии худ ба муносибати оғози моҳи мубораки Рамазон, ба таҳаввулоти ҷорӣ дар навори Ғазза пардохт.

Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт: “Коршиносони саршиноси душман ба нокомиҳои роҳбурдии Исроил эътироф доранд ва имрӯз ва дар моҳи шашуми ҷанг, Натонёҳу меояд ва мегӯяд, агар ба Рафаҳ (ҷануби навори Ғазза) наравем, ҷангро бохтаем! Мо ба Натонёҳу мегӯем, ҳатто агар ба Рафаҳ биравед, ҷангро бохтаед ва наметавонед на Ҳамос ва на муқовамати Ғаззаро нобуд кунед! Ту натавонистаӣ ҳатто як тасвир аз пирӯзӣ ироа кунӣ ва ҳатто ҳеч як аз аҳдоферо, ки эълом кардаӣ, муҳаққақ кунӣ.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ изофа кард: “Яке аз нишонаҳои шикасти душман ин аст, ки онҳо эълом карданд бузургтарин ҳадафашон нобудии Ҳамос аст. Дар ҳоле, ки алъон дар моҳи шашуми ҷанг, аз тариқи миёнҷиҳо бо Ҳамос музокира мекунанд. Ҳамос имрӯз ба намояндагӣ аз тарафи муқовамат музокира мекунад ва дар мавзеъи заъф қарор надорад ва шарт мегузорад.”

Сайидҳасан Насруллоҳ идома дод: “Имрӯз тамоми гурӯҳҳои муқовамати Фаластин ва иродаи мардуми Ғазза таваққуфи таҷовузот аст ва на вақфаи муваққат. Шарти таваққуфи таҷовузот дар Ғазза, як масъала ақлонӣ, инсонӣ ва машрӯъ ва мантиқӣ аст. Масъала танҳо маҳдуд ба табодули асирон нест ва мавзеъи муқовамати Ғазза дар бораи таваққуфи комили таҷовузот бояд ҳамаи мо аз он ҳимоят кунем.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ изофа кард: “Мо дар ҷабҳаи пуштибони Лубнон бар истодагии худ дар канори тамоми гурӯҳҳои фаластинӣ ва дар канори раҳбарии Ҳамос ва ҳимоят аз шурути баҳаққи Ҳамос таъкид дорем.”

Сайидҳасан Насруллоҳ ҳамчунин гуфт: “Чӣ касе бовар мекунад, ки Бойден наметавонд ҷангро дар Ғазза мутаваққиф кунад?! Бо як имзо Бойден метавонад ҷанг дар Ғазза ва Лубнонро мутаваққиф кунад.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар бахши дигаре аз суханонаш афзуд: “На Омрико ва на Ангилис ва на урупоиҳое, ки ба онҳо пайвастанд, натавонистанд ҷилави амалиётҳои бародарони яманиро бигиранд. Амалиётҳои муқовамати Ироқ ва партоби паҳпод ва мушак ба самти Фаластини ишғолӣ идома дорад.”

Сайидҳасан Насруллоҳ ишора кард: “Баъд аз 5 моҳ, артиши Исроил бо камбуди нерӯ мувоҷеҳ аст ва мехоҳад 14500 нафар афсар ва сарбоз ҷазб кунад ва ҳатто мехоҳад ҳаридиҳоро мулҳақ кунад. Артиши Исроил хаста ва дар тамоми ҷабҳаҳо аз по афтодааст ва шумори куштаҳои онҳо бисёр болост, бисёр бештар аз он чи эълом мекунанд. Дар ҷабҳаи шимолӣ ба шиддат дар хусуси талафоти низомиён ва хисороти ворида ба худравҳои низомӣ ва ғайра сукут ҳоким аст.”

Сайидҳасан Насруллоҳ дар поён таъкид кард: “Вазифа ва масъулияти ҳама мо истиқомат ва пойдорӣ аст ва Меҳвари Муқовамат дар мавзеъи қудрат ва душман дар мавзеъи заъф қарор дорад. Бояд аз афроде, ки дар Омрико тазоҳурот барпо карданд, ташаккур кунем. Тадовуми ин шароити фишоровар метавонад дарҳои умедро бигушояд.”

Almayadeen

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба чанд маркази низомии Исроил
Неруи мусаллаҳи муздурони исроилӣ дар Ғазза

Матолиби пурбоздид