Муфтии собиқи Миср: “Шарт нест барои биҳиштӣ шудан мусалмон бошӣ”

Муфтии собиқи Миср: “Шарт нест барои биҳиштӣ шудан мусалмон бошӣ”

Ахбори байналмилал

Алӣ Ҷумъа, муфтии собиқи Миср, дар як барномаи телевизионӣ гуфт: “Биҳишт фақат махсуси мусалмонон нест.”

Вай дар барномаи “Нури дин”, бо ишора ба ин мавзӯъ ва зимни тафсири ояти 62 сураи Бақара, ки мегӯяд:

إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَالَّذِينَ هَادُوا وَالنَّصَارَىٰ وَالصَّابِئِينَ مَنْ آمَنَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَعَمِلَ صَالِحًا فَلَهُمْ أَجْرُهُمْ عِنْدَ رَبِّهِمْ وَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ

“Ҳар як аз мусалмонон ва яҳуд ва насоро ва собеин, ки аз рӯи ҳақиқат ба Худо ва рӯзи қиёмат имон оварад ва некӯкорӣ пеша кунад, албатта онҳо аз Худо подоши нек ёбанд ва ҳеч гоҳ бимнок ва андӯҳгин нахоҳанд буд.”

– гуфт: “Биҳишт махсуси мусалмонон нест ва пайравони соири адён низ вориди биҳишт хоҳанд шуд агар ба Худо ва рӯзи охират имон дошта ва амали солеҳ анҷом диҳанд.”

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чанд ҷумла дар ҳошияи суханони Алӣ Ҷумъа
Яман як новшикани омрикоиро дар баҳри Сурх ҳадаф қарор дод

Матолиби пурбоздид