Чанд ҷумла бо муллоҳо ва талабаҳо

Таҳлили хабарӣ
Чанд ҷумла бо муллоҳо ва талабаҳо
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Ба дунболи ҳодисаи риққатбори Маскав, дар ёддошти пешин чанд ҷумла роҷеъ ба вазоифи сиёсатмадорон хусусан мақомот ва низ зиёиён арз кардам, дар ин ёддошт аммо, рӯйи суханам бо муллоҳо ва талабаҳои улуми динӣ ва хусусан касоне аз эшон аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мисли Фейсбук ва Телеграмм ва ғайра рӯзона барнома доранд ва ҳазорон бинанда ва шунаванда ва хусусан ҷавонон гӯш ба фармони онҳост. Мусиррона хоҳиш мекунам, ба ин чанд ҷумла, ки бо даҳони рӯза ва аз сари дилсӯзӣ ва фақат ба хотири ризои Худо мегӯям таваҷҷӯҳ кунанд; хоҳиш мешавад, пешфарзҳои бехуде мисли ин ки гӯянда ин мазҳабу он маслак дорад раҳо кунед:
1) Дар чигунагии шаклгирии тасаввури ҷавонон ва навҷавонон дар бораи ислом ва маорифи исломӣ, муҳимтарин нақшро ин муллоҳо ва талабаҳои улуми шаръӣ ифо мекунанд. Ҷавон, ислом ва шариатро аз шумо меомӯзад; шумо ҳар чи гуфтед, шунаванда онро ба унвони ҳақоиқи шаръӣ мепазирад. Агар як ҷавон масалан доъишӣ мешавад, ин, ба хилофи пиндори бисёреҳо хусусан мақомот, дар натиҷаи “мағзшӯӣ”-ии бегонаҳо нест, балки ба хотири тасаввур ва бардошташ аз ислом ва маорифи исломӣ аст, ки дар шаклгирии он, шумо нақши асосиро мебозед;
2) Ба ҳамин хотир, нахустин ва асоситарин шарт дар иршод ва ба истилоҳ, амри маъруф ва наҳйи аз мункар, ин огоҳ будани худи шумо ба сурати амиқ ва дақиқ (на рӯякӣ) ба маорифи исломӣ яъне Қуръон ва суннат аст. Чунин нест, ки агар чандто оят ва чандто ҳадис аз инҷову онҷо шунида ва ё хондаед ва ё донишомӯзи ин ё он мадрасаи динӣ дар хориҷ аз кишвар бошед, кофӣ бошад зуд ба амру наҳй бипардозед. Инсон то модоме, ки коршинос ва мутахассис ва бисёр дарсхонда ва огоҳ бо нозукиҳои улуми исломӣ набошад, сукути ӯ ба маротиб беҳтар ва некӯтар аз “эҳсоси масъулият” кардани ӯст. Одам ё бояд олим бошад ва ё ҷоҳил. Тамоми бадбахтӣ аз сӯйи чаласавод аст. Ин чаласаводҳо ҳастанд, ки тамоми бадбахтиҳои олам – аз Одам то Хотам – аз сӯйи онҳост.
Бинобар ин, мусиррона ва ба унвони як бародари кучак, аз тозамуллоҳо ва талабаҳои улуми исломӣ, ки барои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ “дӯкон” боз карда ва ба иршоди халқ мепардозанд, хоҳиш мекунам модоме, ки огоҳ ба тамоми маънои калимаи огоҳӣ набошанд, даст аз ин кор бардоранд.
Ва барои он ки майдон тамоман холӣ намонад, муносиб аст як хоҳиш ва илтимосе аз мақомот бикунам, бале илтимос. Ва он ин ки ба уламои воқеӣ ва огоҳ маҷоли фаъолият бидиҳед, ҳам дар фазои ҳақиқӣ ва ҳам дар фазои маҷозӣ. Фазои ҳақиқӣ мисли масоҷид ва мадорис. Бигузоред ном бибарам, домулло Маҳмудҷон Тӯраҷонзода то ҷойе, ки медонам, воқеан инсони огоҳ ва олим ба тамоми маънои калима аст. Амсоли эшон дар Тоҷикистон зиёд нестанд. Агар ҳукумати кунунӣ оқил бошад, аз эшон ва ду бародари дигараш хоҳиш хоҳад кард, ки ба кори иршод бипардозанд. Ҳоло як намуна мисол оварам.
Оё медонед, чӣ гуна дар Чеченистони Русия падидаи теруризм ва ифротгароӣ аз миён рафт? Оё инро медонед? Агар надонед, ёдоваратон мешавам: ба хотири ин ки Путин ба огоҳон ба ислом ва шариат хусусан марҳуми Аҳмад Қозӣ Қодиров, маҷоли фаъолият дод, Худо раҳматаш кунад! Ин ӯ ва сипас фарзандаш буданд, ки ҷомеаро аз лавс ва чиркинии теруристҳо пок карданд. Ин, дар таърих сабт хоҳад шуд. Шумо низ лутфан ба ақл ойед ва ин корро кунед.
3) Муҳимтарин шарт барои як воъиз ва мубаллиғ ва касе, ки ба амри маъруф ва наҳйи аз мункар мепардозад, ин таҳзиби нафс аст, яъне худро аз бемориҳои дарунӣ мисли ҳасад, кина, адоват, душманӣ ва ғайра аз амрози нафсонӣ пок созад ва ба ахлоқе некӯ ва писандида хештанро биёрояд. Одам то модоме, ки дар ботин ва дарунаш кучактарин олудагӣ вуҷуд дошта ва тамоми гомҳо ва иқдомоташ аз барои Худо набошад, ӯ ҳамаро хароб хоҳад кард, на обод.
Ояти зебое дар ин замина дар Қуръон ҳаст, ки бо он ароизамро ба поён мерасонам, мефармояд:
كَانَ النَّاسُ أُمَّةً وَاحِدَةً فَبَعَثَ اللَّهُ النَّبِيِّينَ مُبَشِّرِينَ وَمُنْذِرِينَ وَأَنْزَلَ مَعَهُمُ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ لِيَحْكُمَ بَيْنَ النَّاسِ فِيمَا اخْتَلَفُوا فِيهِ ۚ وَمَا اخْتَلَفَ فِيهِ إِلَّا الَّذِينَ أُوتُوهُ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَتْهُمُ الْبَيِّنَاتُ بَغْيًا بَيْنَهُمْ ۖ
“Мардум (дар оғоз ва дар ибтидои ташкили иҷтимоъ, яъне дар ба истилоҳ обшинаи ибтидоӣ) гурӯҳе воҳид ва якдаст буданд (ва ихтилоф ва тазодде дар умури зиндагӣ надоштанд), пас (аз падид омадани ихтилоф ва тазодд) Худо паёмбаронеро муждадиҳанда ва бимрасон барангехт ва бо онон ба дурустӣ ва ростӣ китобро нозил кард, то миёни мардум дар он чи бо ҳам ихтилоф доштанд, доварӣ кунад. (Он гоҳ дар худи китоб ихтилоф падид шуд) ва ихтилофро дар он падид нёварданд магар касоне, ки ба онон китоб дода шуд, (ин ихтилоф) баъд аз далоил ва бурҳонҳои равшан ва ошкоре буд, ки барои онон омад (ва сабаби он) бартариҷӯӣ ва ҳасад дар миёни худашон буд…” (Бақара/213)
Дар ин оят аз ду ихтилоф сӯҳбат ба амал омада: яке табиӣ ва дигаре, аз сӯйи чаламуллоҳо. Аввалӣ ба сабаби ин ки вақте ҷомеа ташкил шавад, қатаън миёни одамҳо ҷанҷолу кашмакаш пеш меояд, ки ин табиист, дар ин ҳангом Худо паёмбаронро ҳамроҳ бо китоб фиристод, то миёни мардум доварӣ кунанд. Аммо ихтилофи дуввум дар худи китоби осмонӣ пеш омад, яъне касоне, ки ба истилоҳ уламо (ки дар воқеъ чаласаводҳо) ҳастанд, дар бораи маорифи динӣ ва ин ки чӣ касе дуруст мегӯяд ва чӣ касе нодуруст ва чӣ касе ҳақ аст ва чӣ касе ботил, бо ҳам ихтилоф карданд ва аз гиребони якдигар гирифтанд. Қуръони Карим сабаби ин ихтилофро “бағй” яъне бартариҷӯӣ ва ҳасад медонад.
Саломат бошед
Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Reuters: ДОИШ тасовири муҳоҷимон ба солуни консерти Маскавро мунташир кард
Террор дар Маскав

Матолиби пурбоздид