Пойи истидлолиён чӯбин бувад
Тафсири “Пойи истидлолиён чӯбин бувад” тавассути устод Мутаҳҳарӣ
“Ин ки дар шеър омадааст:
Пойи истидлолиён чӯбин бувад,
Пойи чӯбин сахт бетамкин бувад.
– намехоҳад қоил ба зиддият миёни истидлол ва ишроқу илҳом бишавад, (балки) мегӯяд: одаме, ки бо ишроқу илҳом меравад, бо пойи худаш дорад роҳ меравад, вале одаме, ки бо истидлол меравад, мисли одамест, ки бихоҳад масофатеро бо пойи чӯбӣ тай кунад ва “пойи чӯбин сахт бетамкин бувад”.
Пойи чӯбин дар ихтиёри инсон нест, чун эҳтимоли суқут ва лағзиш зиёд аст.
Мехоҳад бигӯяд, истидлол хатопазир аст.
Ӯ аз забони як ориф мехоҳад ба як файласуф бигӯяд: оқои файласуф! Роҳи фалсафа роҳи хатопазир аст! На ин ки мункир бишавад, ки аслан ин роҳ иштибоҳ аст.
Албатта, пойи чӯбӣ аз бепо будан беҳтар аст. Мункир нест ин матлабро, ки бо пойи чӯбин ба ҷойе рафтан аз ин ки инсон ҳеч по надошта бошад беҳтар аст, аммо мегӯяд, пойи чӯбин ҳаргиз ба пойи табиии инсон намерасад…”
(Нубувват, Муртазо Мутаҳҳарӣ)
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: