Анкабут

Адаб

Анкабут

Аъзам Хуҷаста

Бофандаи сиёҳи ҷаҳон тор мекашад

Торе барои тӯъмаи бисёр мекашад

Ин торреси гушна фақат фикри ҳамла аст

Яъне ҳамеша нақшаи озор мекашад

Ҳар пашшаро ба бистари худ мекашонаду

Дар пушти парда ҳалқае аз дор мекашад

Ин гуна пашшаҳои асируфтодаро

То кунҷи тори синаи девор мекашад

Атрофи домҳои вай аз хармагас пур аст

Огоҳ аз ин ки тор чи миқдор мекашад

Эй пашшаҳо, ки давру бараш бол мезанед

Ҳушдор! Ӯ ба сӯи лаҷанзор мекашад

Ҳар визвизак, ки давру бараш ояд, оқибат

Ӯро ба худ чу луқмаи мурдор мекашад…

Аъзам Хуҷаста

https://qalamonline.net/

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Хабаргузории Сурия аз ҳамалоти Исроил ба манотиқе дар Ҳалаб хабар дод
Низоми ҳуқуқи зан дар ислом – I

Матолиби пурбоздид