Ғазза ғарқ дар хун

Ғазза ғарқ дар хун

Шеъри шоири тоҷик Аъзами Хуҷаста дар ҳимоят аз мазлумияти мардуми муқовими Фаластин ва Ғазза

* * * *

Ғазза қурбонгоҳи ормони Фаластин

Ғарқ дар хун

Зери овор,

Модаронаш ҷои шир хун медиҳанд бар кӯдакон

Нолау оҳу фиғони қавми боимони мазлум

Дар фалак гӯши малакро гарчи кар кард

В-ин ҷаҳонеро, ки дар ақсои он

Шеваву қонуни ҷангал ҳоким аст

Аз ғаму мусибати беинтиҳои худ хабар кард

Сад дареғо!

Гӯшҳои ҳокимони шарқу ғарб кар!

Ин ҳама оҳу фиғон

Дар Риёзу дар Аврупо

Дар Амрико

Дар фазои муддаиёни адолат

Демократӣ

Ҳамчу дар бод

Гум шуда

Ва

Акнун

Бо хатти қонуни ҷангал

Тӯдаи кафтори саҳюн

Дар Фаластин кӯдаконро мекушад

Мехӯрад хӯн

Лек

Имрӯз

ё

Фардо

Ҳатман !

Ин дасти дуо

Ки дар Фаластин болост

Табдил ба мушти оҳанин

Бар бому дар адӯ фуруд меояд .

* * * *

Эй саҳнаи мотаму азо, эй Ғазза

Эй қиблаву дашти Карбало , эй Ғазза

Навмед машав, ки ин ҳама мегузарад

Ҳомиву паноҳи ту Худо, эй Ғазза

* * * *

Қонуни ҷангал

Имрӯз

Демократия

Ва ҳуқуқи башари ғарб

Дар инфиҷори бомбҳои саҳюнистҳо

Ки хонаҳои фаластиниёнро бар сари занону кӯдакон овор мекунанд

Хулоса мешавад .

Ва дар Ғазза ҷанозаи фаластиниёнро

Дар тобути мусаввабаҳои Созмони Милал

Бо протоколҳои Шӯрои Амният

Ташйиъ

Ва бо ветои Амрико

Дафн мекунанд

Имрӯз

Рӯйи ин кураи хокӣ

Қонуни ҷангал

То ба кай

Бедод мекунад?

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сафари бидуни визои тоҷикон ба Туркия лағв гардид
Ду гурӯҳ аз инсонҳо

Матолиби пурбоздид