Иззати дунё дар чист?

Адаб

Иззати дунё дар чист?

Андарзи ҳакимон

* Аввали ғазаб девонагӣ аст ва охираш пушаймонӣ.

* Сахттарин ҷиҳод, набард бо хашм аст.

* Аз Афлотун пурсиданд: ба чӣ васила метавон аз душман интиқом гирифт? Гуфт: ба фазлу карам.

* Буқрот гуфта: инсоният яъне тавозӯъ дар ҳоли давлат, афв ҳангоми қудрат, саховат ҳангоми тангдастӣ ва атои бе миннат аст.

* Ҳар ки бо донишмандон нишинад, борвар шавад, ва ҳар ки бо бехирадон нишинад, беарҷ шавад.

* Шоире гуфта: ситора ба чашм кучак менумояд, аммо ин гуноҳи чашм аст, на кучакии ситора.

* Иззати дунё ба ҷуд аст ва иззати охират ба суҷуд.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мавъиза
Чанд ҳикмат аз Ғаззолӣ

Матолиби пурбоздид