Мӯсавиён, сафири собиқи Эрон дар Олмон: “Ҷанги минтақаӣ иҷтинобнопазир аст”

Мӯсавиён, сафири собиқи Эрон дар Олмон: “Ҷанги минтақаӣ иҷтинобнопазир аст”

Ахбори байналмилал

Fararu

Сафири собиқи Эрон дар Олмон гуфт, дар сурати идомаи ҳамалоти Исроил алайҳи Эрон, ҷанги минтақаӣ дар Ховари Миёна иҷтинобнопазир хоҳад буд.

Ба гузориши Исно ба нақл аз Спутник, Эрон шанбешаб пас аз таҳдид ба талофии ҳамлаи ҳавоии маргбор ба консулгарии Эрон дар Сурия, ки мунҷар ба шаҳодати ҳафт нафар аз аъзои Сипоҳи Посдорони Эрон шуд, даҳҳо паҳпод ва мушак ба самти режими саҳюнистӣ шиллик кард.

Сайидҳусайн Мӯсавиён, сафири собиқи Эрон дар Олмон гуфт:

“Интиқоми феълии Эрон бояд поён бошад. Агар Исроил ҳамла ба Эронро такрор кунад ва ё Омрико ба Исроил бипайвандад, ҷанги минтақаӣ иҷтинобнопазир хоҳад буд”.

Режими саҳюнистӣ гуфтааст, ки ҳамалоти талофиҷӯёнаи Эрон дар рӯзи шанбе бепосух нахоҳад монд.

Fararu

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Андешманди фаластинӣ: “Ҳамлаи Эрон, як таҳаввули бузург ва муҳим аст”
Ҳамлаи Эрон ба пойгоҳе, ки Натонёҳу аз онҷо таҳдид мекард

Матолиби пурбоздид