Фақр динро аз байн мебарад!

Фақр динро аз байн мебарад!

Мабоҳиси иҷтимоӣ

Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ: “Агар мардум гирифтори фақр бишаванд, дин аз байн хоҳад рафт”

Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, файласуфи баҷаста ва марҷаи тақлид, дар дидори яке аз мудирони бонк ва ҳайати ҳамроҳи ӯ баён дошт:

“Агар иқтисод натавонад ризояти мардумро таъмин кунад ва мардум гирифтори фақр бишаванд, дин низ аз байн хоҳад рафт. Обрӯрезӣ пеши зану бачча қобили таҳаммул нест.”

Ба гузориши Фарорӯ, Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ дар дидори мудири Бонки миллии Эрон ва ҳайати ҳамроҳи вай баён дошт: “Мол дар мамлакат, баъд аз масоили ақоиди динӣ, ҳарфи аввалро мезанад. Як баёни нуронӣ ҳазрати Алӣ (а) дорад, ки:

مَا ضَرَبَ اللهُ الْعُبَاد بِسُوطٍ أَوْجَعُ مِنَ الْفَقْرِ

“Ҳеч тозиёнае бадтар аз фақр нест”. Ин асли аввал.

Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ баён дошт:

“Асли дуввум он аст, ки агар касе ин тозиёнаро хӯрд, аз ин тараф тозиёна ба дӯшаш мехӯрад, аз он тараф дин аз ақлаш рахт бармебандад. Ҳавосатон ҷамъ бошад. Он аввалиро ҳазрати амир фармуд, ки:

مَا ضَرَبَ اللهُ الْعُبَاد بِسُوطٍ أَوْجَعُ مِنَ الْفَقْرِ

Ҳеч тозиёнае дардноктар аз фақр нест. Агар касе бо дасти холӣ ба манзил биравад, аз Худои Субҳон ҳамон лаҳза тақозои марг мекунад; обрӯрезӣ пеши зану бачча қобили таҳаммул нест.”

Вай иброз дошт:

“Дар ҷараёни “Шеъби Абитолиб”, ки мусалмонон се сол дар муҳосара буданд, Пайғамбар (с) имтиҳонашро пас дод, як дуоеро марҳуми Кулайнӣ аз вуҷуди мубораки Пайғамбар нақл мекунад, ки Пайғамбар ба Худо арз мекунад, ки Худоё! Мо имтиҳони худамонро дар “Шиъб” додем:

اللَّهُمَّ بَارِکْ لَنَا فِی الْخُبْزِ وَ لَا تُفَرِّقْ بَینَنَا وَ بَینَهُ فَلَوْ لَا الْخُبْزُ مَا صُمْنَا وَ لَا صَلَّینَا وَ لَا أَدَّینَا فَرَائِضَ رَبِّنَا عَزَّ وَ جَل

“Худоё! Байни мо ва нони мо ҷудоӣ наяндоз!” Яъне иқтисод. Баъд арз мекунад, ки: “Худоё! Агар нони мардум қатъ бишавад ва мардум дар иқтисод осеб бинанд, сухан аз диндории мардум нест:

فَلَوْ لَا الْخُبْزُ مَا صُمْنَا وَ لَا صَلَّینَا وَ لَا أَدَّینَا فَرَائِضَ رَبِّنَا عَزَّ وَ جَل

Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ баён дошт: “Кори илмӣ ин аст, ки дар иқтисод, ҳам бифаҳмед ва ҳам бафаҳмонед, ки чӣ гуна мешавад, ки қимати як нонро дар чандин сол як ҷо нигаҳ дошт? Аз ин рӯ бояд бидонем, ки мо чӣ дорем, чӣ ниёзе дорем, чӣ гуна инро ба хост, табдил бикунем ва чӣ гуна тавлид дошта бошем, то бо равнақи иқтисод, ба бегона ниёз надошта бошем.”

Вай, бо баёни ин ки бояд бонкҳо ҷилави ихтилосҳоро бигиранд, изҳор дошт:

“Ғолибан ихтилосҳо аз роҳи бонкҳо мегузарад ва аз ин рӯ шумо бояд беш аз пеш нисбат ба ин амр ҳассосият дошта бошед, то ҷилави касоне, ки мехоҳанд суистифода кунанд, гирифта шавад, албатта касе, ки дин дошта бошад, ихтилос ва аз ин корҳо намекунад.”

Ин марҷаи тақлид изҳор дошт:

“Агар иқтисод натавонад ризояти мардумро таъмин кунад ва мардум гирифтори фақр башаванд, дин низ аз байн хоҳад рафт, ин дуои Пайғамбар аст, ки арз кард: Худоё! Агар иқтисоди мо заиф бошад, диндорӣ сахт аст; аз ин рӯ бонкдорӣ аввалин вазифааш босавод шудан аст, ки мо чӣ ниёз дорем? Чӣ дорем? Чӣ гуна ҳал бикунем?”

Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ баён дошт:

“Хатари рибо ҳам бояд аз бонкҳо гирифта бишавад. Бонк бояд ин ғайратро дошта бошад, ки иқтисоди мамлакатро ҳифз бикунад. Бонк анбордор нест ва аз ин рӯ бо суфориш ҳам ҳал намешавад, балки он ҷо фикр ва диққат ва баррасӣ ва барномарези бояд анҷом гирад, талош шавад, то иқтисод ва тавлид равнақ бигирад ва масоил ҳал шавад, ин барномаи илмӣ мехоҳад, ки чӣ дорем? Як, чӣ қадр масраф дорем? Ду, чӣ кор бикунем, ки ин ниёзҳо таъмин бишавад? Се, ин мешавад иқтисод.”

Вай афзуд: “Асос ва вазифаи ҳамаи масъулин ин аст, ки обрӯи ин мамлакатро ҳифз кунанд, ҳеч касе бо дасти холӣ ба хонааш наравад ва ин ба тавлид вобаста аст. Тавлид ҳам суфоришӣ нест. Тавлид насиҳат нест, тавлид хоҳиш нест, тавлид илм аст ва илм аст ва илм аст ва илм.”

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя
Шоири маҳбуби ҷаҳонӣ

Матолиби пурбоздид