Содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя
Ахбори минтақа
Бар асоси гузоришоти расида, Тоҷикистон дар се моҳаи аввали соли 2024 тақрибан ба мизони 7.2 миллион доллар барқ ба кишварҳои ҳамсоя фурӯхтааст.
Ожонси омории кишвар гузориш медиҳад, ки Тоҷикистон дар январ то марти соли 2024, ҳудуди 7.2 миллион доллар барқ содир кардааст .
Ба таври хос, беш аз 2.4 миллион доллар дар моҳи январ, ҳудуди 2.8 миллион доллар дар моҳи феврал ва ҳудуди 2 миллион доллар дар моҳи март даромад ҳосил шудааст.
Тоҷикистон танҳо бо ду кишвари Афғонистон ва Узбекистон дар мавриди таъмини барқ барои соли 2024 тавофуқ кардааст .
Ба гуфтаи мудирони Барқи тоҷик, барқ танҳо дар тобистон ба Узбекистон содир мешавад ва арза ба Афғонистон дар фасли тирамоҳ ва зимистон дар ҳаҷми кам низ идома хоҳад дошт.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: