Ҳикматнома
Ҳикмати аввал
“Дар дигаргунии авзоъ гавҳари мардон шинохта мешавад”.
(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 202)
Шоири араб гуфтааст: “Ҳаргиз то касеро наозмудаӣ, ситоиш макун ва ҳаргиз ӯро накӯҳиш макун, магар ба таҷриба”.
Ва низ гуфтаанд:
“Масали одамӣ чун тарбуз аст, ки зоҳираш ороста аст ва аммо дарунаш гоҳе маъюб ва дорои кирм ва маззааш турш ё бемазза.”
* * *
Ҳикмати дуввум
“Ҳар кас тасаллут ёфт, худраъй мешавад. Ва ҳар кас худраъй шуд, ҳалок мешавад. Ва ҳар кас бо мардон машварат кунад, шарики ақлҳои онҳо мегардад”.
Дар ин гуфтор дар воқеъ се ҳикмати бо ҳам муртабит ҳаст. Яке ин ки: ҳар кас сайтара ёфт, худраъй мешавад. Мақсуд ин аст, ки равиши подшоҳон дар умури мавриди алоқаашон, худраъйӣ ва якравӣ аст, аз он ҷиҳат, ки бар дигарон мусаллатанд ва дар иҷро ва баровардани хоҳишҳои нафсонии худ, рақибе надоранд.
Дигар он ки: ҳар ки худраъй шуд, ба ҳалокат расид. Ба ин ҷиҳат, ки якравии инсон дар фикру назари худ ва напазируфтани насиҳату машварати дигарон, ӯро дар маърази хато қарор медиҳад, ва ҳамин, боиси ҳалокати ӯ мегардад.
Севвум ин ки: ҳар кас бо мардон машварат кунад, шарики ақлҳои онон аст. Яъне дар сурати машварат, инсон аз беҳтарини назарҳо баҳрабардорӣ карда ва онро ба кор мебандад, зеро тамоми хирадҳои мардон дар ихтиёри ӯ қарор гирифтааст ва ӯ аз натоиҷи хирадҳо суд мебарад.
***
Ҳикмати сеюм
“Ба сухане, ки аз забони касе берун меояд, ҳаргиз гумони бад мабар, дар ҳоле, ки битавонӣ эҳтимоли нек аз он бибарӣ”.
(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 360)
Яъне, то вақте ки сухани як инсонро битавон ҳамл ба ваҷҳи нек намуд ва барояш таъвил ёфт, набояд гумони бад бурд. Масалан, вақте як нафар инсон ба шумо дар бораи яке аз дӯстонатон сухан ба миён оварад ва бигӯяд, ман фалониро дар хиёбон дидам, дар ҳоле ки бо фалон зани номаҳрам нишаста буд ва механдиданд, зуд дар бораи дӯстат гумони бад мабар, шояд ӯ бо яке аз хешовандони худ нишаста буда ва ё яке аз ҳамсояҳо ва ё бонуе ҳоҷате дошта ва ба ӯ матраҳ карда… Хулоса, то метавонӣ ба ваҷҳи нек ва дуруст ҳамл кун. Зеро гумони бад, ба тасреҳи Қуръони Карим, гуноҳ аст.
* * *
Ҳикмати чаҳорум
“Ҳар ки мехоҳад обрӯи худро нигаҳ бидорад, бояд ҷидолу ситеза бо дигаронро тарк кунад”.
(Наҳҷулбалоға, ҳикмати шумораи 362)
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: