Расонаи исроилӣ: “Исроил шикаст хӯрдааст ва дар ҳоли ғарқ шудан аст”
Ахбори байналмилал
Farsnews
Бо гузашти беш аз 200 рӯз аз ҷанги Ғазза, расонаҳои саҳюнистӣ ба шикасти Телавив дар тамоми ҷабҳаҳо ва нокомии он дар ду ҳадафи эъломӣ: нобудии Ҳамос ва бозгардондани асирон эътироф карданд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, бо гузашти ҳудуди 7 моҳи ҷанги Ғазза, ин рӯзҳо ба сахтӣ метавон мақоме дар режими саҳюнистӣ ёфт, ки дар мавриди дастёбӣ ба дастовардҳо сӯҳбат кунад, ба ҷуз нахуствазир Бенёмин Натонёҳу, ки ҳамчунон шиори “пирӯзии қотеъ ва кӯбанда”-ро такрор мекунад. Аммо воқеият ин аст, ки ҳатто расонаҳои саҳюнистӣ эътироф доранд, ки “Исроил дар ҳеч арсае ҳатто сиёсӣ, ба аҳдофи худ нарасида ва асирони исроилӣ ҳамчунон дар чанги муқовамат ҳастанд”.
Дар ҳамин росто, рӯзномаи Едиот Аҳронот навишт, ки “артиши Исроил дар ҳеч як аз майдонҳои набард ба аҳдофи худ нарасид” ва аксари низомиёни исроилӣ дар ҳафтаҳои ахир, аз навори Ғазза ақибнишинӣ кардаанд, дар ҳоле, ки мақомоти Ҳамос ҳазф нашуданд ва 133 исроилӣ ҳамчунон дар асорат ҳастанд.
Дар идомаи ин гузориш омадааст: “Дар ҷабҳаи шимолӣ низ шиллики мушакҳо ва паҳподҳо ба сурати рӯзона идома дорад ва ба сурати бепоён дар ҳоли ташдид аст. Ба ҳамин далел, даҳҳо ҳазор исроилӣ наметавонанд ба манозилашон дар тӯли навори марзӣ бо Лубнон бозгарданд. Зимни ин ки ҳазорон исроилӣ бидуни оғози ҷанги густарда бо Ҳизбуллоҳ, иқдом ба муҳоҷират кардаанд.
Едиот Аҳронот навишт, ки дар сатҳи сиёсӣ ҳанӯз ҳеч пешрафте дар раванди иртиботот ва тамосҳои Омрико, Фаронса, давлати Лубнон ва Ҳизбуллоҳ ҳосил нашуда ва ниҳодҳои амниятӣ ва низомӣ мӯътақиданд, ки танҳо таваққуфи ҷанги Ғазза оташи шимолро мутаваққиф мекунад.
Илова бар ин, яманиҳо низ ба ҳамалоти худ дар баҳри Сурх идома медиҳанд ва ағлаб бо эътилофе, ки Иёлоти Муттаҳида дар онҷо ташкил дода, даргир мешаванд.
Дар ҳамин росто, дирӯз раиси ҳизби “Исроил – хонаи мо”, Авигдор Либерман, хотирнишон кард, ки “200 рӯз пас аз шурӯъи ҷанг, 5 мушак ба Сдирут ва ду мушак ба Зикем исобат кард ва ин рӯз, як рӯзи воқеии набард дар шимол бо шиллики бевақфа шуд. Зимни ин ки ожирҳои ҳушдор дар Акко ва Криют ба садо даромад ва илова бар он ҳанӯз 133 асири исроилӣ назди Ҳамос аст ва ин ид, иди озодӣ (пасҳи яҳудӣ) нест, ҳарҷу марҷ аст”.
Farsnews
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: