Аҳамияти омӯзиши салом кардан ба кӯдакон

Аҳамияти омӯзиши салом кардан ба кӯдакон

Мабоҳиси тарбиятӣ

Паёмбари Акрам(с) дар бораи салом кардан фармудаанд: “Наздиктарин мардум ба Худо ва расули ӯ касест, ки оғозгари салом бошад”.

Инчунин дар ривояти дигаре фармудаанд: “Саломро ривоҷ деҳ то баракат дар хонаат зиёд шавад”.

Дар ривояти дигаре фармудаанд: “Яке аз муҷиботи мағфирати Худованд, салом кардан ва сухани некӯ гуфтан аст”.

Оё то ба ҳол кӯдаконеро дидаед, ки вақте бо шумо мулоқот мекунанд, дар ҳамон нигоҳи аввал, бо саломи ҷаззобе, ки медиҳанд, чӣ қадар эҳсоси хубе ба шумо медиҳанд?

Одатан дар ин шароит афрод бо худ мегӯянд, чӣ қадар кӯдаки боадабест. Аммо гоҳе пеш меояд, ки афрод кӯдаконеро мулоқот мекунанд, ки дар бархурди аввал, ёд нагирифтаанд салом кунанд ва дар нигоҳи аввал дар зеҳни афрод, ин кӯдакон кӯдакони беадабе хоҳанд буд.

Аммо дар воқеъ, ин мавзӯъ бояд ба кӯдакон омӯзиш дода шавад ва то мавқее, ки омӯзиш барои кӯдакон ба вуҷуд наомадааст. Ин кӯдакон дар аввалин бархурд тавоноии салом карданро нахоҳанд дошт.

Вақте кӯдак ба афроди калонсол салом мекунад, ин амали саҳеҳи кӯдак дорои аҳамияти бисёр аст.

Барои омӯзиши салом кардан ба кӯдак, бояд пеш аз ҳама ангезаи кӯдак барои салом карданро афзоиш бояд дод.

Дар марҳалаи баъд, бояд ба кӯдак дар ҳангоми салом кардан,  таваҷҷӯҳ шавад ва барои ин кор, онҳоро ташвиқ намоем.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Навҷавон ва хештаншиносӣ
Ташаккур ва сипосгузорӣ аз волидайн

Матолиби пурбоздид