Чанд нукта дар боби ҳамсардорӣ

Чанд нукта дар боби ҳамсардорӣ

Сабки зиндагӣ

Ҳар робитае барои давоми худ ба аносире ниёз дорад, ки агар ин аносир вуҷуд дошта бошанд, иртибот ба самти солим будан пеш меравад.

1 – Аввалин нуктаи муҳим дар ҳамсардорӣ ин аст, ки шумо битавонед ҳамсари худро ҳамон тавре ки ҳаст, бипазиред; ӯро ба ҳамон шароит ва хусусиёташ қабул кунед.

Ҳеч вақт бо ҳадафи тағйири касе вориди робита ва издивоҷ нашавед. Ҳар фарде мумкин аст вижагиҳои манфии худро дошта бошад.

Ба унвони як қонун инро дар зеҳни худ нигаҳ доред: шумо ҳаққи тағир додани касеро надоред!

Илова бар ин, ҳар инсоне ҳақ дорад, ҳар эҳсос ё фикре дошта бошад. Ҳеч гоҳ ҳамсаратонро ба хотири доштани эҳсос ё ақидае сарзаниш накунед. Мумкин аст шумо баъзе аз рафторҳои ӯро дӯст надошта бошед, аммо набояд коре кунед, ки ӯ эҳсос кунад, ба хотири надоштани шароити мавриди назари шумо, ӯро дӯст намедоред.

2 – Ба дарди дилҳои ҳамсаратон гӯш кунед. Ҳангоми сӯҳбат кардани ҳамсаратон фақат ба сӯҳбатҳои ӯ гӯш диҳед ва ҳеч кори дигаре накунед. Ба суханҳояш аксуламали муносиб нишон диҳед ва эҳсосоташро дарк кунед. Бо ӯ ҳамдилӣ кунед ва сарзанишу тамасхурро канор гузоред, чаро ки қарор аст, шумо як шунавандаи ҳамдил бошед.

3 – Ба ҳамсаратон эҳтиром гузоред ва ӯро таҳқир накунед. Махсусан дар ҷамъи дӯстону хешовандон ва хонавода нукоти мусбати вайро баён кунед. Агар мушкиле бо ӯ доред, онро дар ҳарими хонавода ва дар халват баён кунед, на ин ки пеши дигарон бо тамасхур бозгӯ кунед.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи мушакии муқовамати Ироқ ба бандари нафтии Исроил
Достони Ғаззолӣ ва роҳзанон

Матолиби пурбоздид