Раиси пешини Ситоди артиши Исроил: “Дар терури Синвор шикаст хӯрдем”

Раиси пешини Ситоди артиши Исроил: “Дар терури Синвор шикаст хӯрдем”

Ахбори байналмилал

Овив Куҳовӣ, раиси собиқи Ситоди артиши режими Исроил гуфт, ки ин режим қасди терури Яҳё Синвор, раиси Ҳамос дар Ғазза ва Муҳаммад Зайф, фармондеҳи гурдонҳои Қассом – шохаи низомии ин ҷунбишро дошт, аммо ҳар бор шикаст хӯрд.

Ба гузориши рӯзномаи исроилии Haaretz ба нақл аз шабакаи 12-и телевизиони Исроил, Куҳовӣ эътироф кард, ки Телавив дар ҳоли омодасозии артиш барои муқобила бо Эрон буд ва фикр мекард, ки Ғазза ва Ҳамос наметавонанд ба таҳдиде барои Исроил табдил шаванд.

Куҳовӣ идома дод, ки Исроил дар соли 2021 шоҳиди тағйир дар Ҳамос буд, аз ин рӯ кӯшид Синвор ва Зайфро терур кунад.

Вай афзуд: “Чандин моҳ барои анҷоми амалиёти терури Синвор ва Зайф кор кардаем, аммо то ин лаҳза натавонистаем, ба далели ин ки мавзӯъ бисёр печида аст.”

Куҳовӣ бо ишора ба ин ки бидуни таваққуфи ҷанг роҳе барои зинда бозгардондани асирони исроилӣ вуҷуд надорад, ёдовар шуд, ки таваққуфи ҷанг дар ҷабҳаи шимолӣ (бо Ҳизбуллоҳ) бо таваққуфи он дар Ғазза муртабит аст.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Раиси пешини Ситоди муштараки артиши Омрико: “Мо ба унвони Омрико, бегуноҳони зиёдеро куштаем”
Андешаи торих

Матолиби пурбоздид