Шаҳодати як сипоҳии Эрон дар Сурия тавассути саҳюнистҳо
Ахбори байналмилал
Farsnews
Боз як сипоҳии эронӣ дар Сурия ба дасти саҳюнистҳо шаҳид шуд. Фармондеҳи кулли Сипоҳ гуфт: “Саҳюнистҳо дар интизори посух бошанд”
Фармондеҳи кулли Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон, дар баёнияе изҳор кард:
“Ҷинояткорони кӯдаккуши саҳюнист бидонанд товони хунҳои поки рехташуда дар ин ҷиноятро хоҳанд пардохт, дар интизори посух бошанд.”
Ба гузориши хабаргузории Форс, сарлашкар Ҳусайн Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон дар пайи шаҳодати Саъиди Обёр, ки дар маъмурияти мусташорӣ дар Сурия ва дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расид, баёнияе содир кард.
Матни баёния бад-ин шарҳ аст:
“Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
وَلا تَحسَبَنَّ الَّذینَ قُتِلوا في سَبیلِ اللَّهِ أَمواتًا بَل أَحیاءٌ عِندَ رَبِّهِم یُرزَقونَ
(Оли Имрон/169)
Шаҳодати пурифтихори посдори рашиди сипоҳи ислом, мудофеи сарафрози ҳарам, шаҳиди Қудс Саъиди Обёр, ки дар маъмурияти мусташорӣ дар Сурия ва дар ҳамлаи ҷинояткорони режими саҳюнистӣ ба ҳумаи Ҳалаб ба файзи шаҳодат ноил омад, ба хонаводаи муаззам ва ҳамразмони диловари эшон ва ҳамчунин мардуми ғаюр ва шаҳидпарвари устони Албурз ва шаҳри Рай табрик ва таслият арз менамоям.
Муҷоҳидатҳои содиқона ва шуҷоонаи он посдори мӯъмин ва афсари покбохта дар арсаҳои дифоъ аз инқилоб ва низоми исломӣ ва сиёнат аз амният ва оромиши ин сарзамин ва ёрибахшӣ ба муқовамати зидди саҳюнистии Фаластини қаҳрамон дар рӯёрӯӣ бо ишғолгарони Қудси Шариф барои ҳамеша мондагор ва илҳомбахши ҷавонони ғайратманд ва инқилобии имрӯз ва фардои миҳани исломӣ хоҳад буд.
Ҷинояткорони кӯдаккуши саҳюнист бидонанд товони хунҳои поки рехташуда дар ин ҷиноятро хоҳанд пардохт, дар интизори посух бошанд.
Аз даргоҳи Худованди Мутаол барои он шаҳиди азиз улувви дараҷот ва ҳамнишинӣ бо шуҳадои Карбало ва барои хонаводаи мукаррам ва ҳамразмони арҷманди вай саломатӣ, сабр, шикебоӣ ва суботи қадам дар тадовуми роҳи шаҳид ва шаҳодат ва ҷиҳоди холисона дар масири эътилои Қуръон ва итрат ва сарбаландии Эрони Исломиро талаб мекунам.”
Farsnews
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: