Дидори додситони кулли Тоҷикистон бо сафири Эрон

Дидори додситони кулли Тоҷикистон бо сафири Эрон

Ахбори минтақа

Имрӯз чоршанбе (5-июн) Юсуф Раҳмон додситони кулли Тоҷикистон бо сафири Эрон дар Душанбе – Алиризо Ҳақиқиён мулоқот кард.

Юсуф Раҳмон пас аз ибрози таслият ба мардуми Эрон, аз тавсиаи ҳамкории додситонҳои кулли ду кишвар дар чанд соли ахир сӯҳбат кард.

Вай дар идома бо ишора ба ҳаводиси террористии ахир дар Кирмон ва Маскав, густариши ҳамкории байни дастгоҳҳои зирабти ду кишвар дар муқобила бо терроризм ва ифротгароиро дорои аҳамият донист ва омодагии додситонии кулли Тоҷикистонро дар ин робита эълом намуд.

Ҳақиқиён низ раванди ҳамкорӣ дар ин бахшро рӯ ба тавсиа арзёбӣ кард ва бар лузуми афзоиши ин ҳамкориҳо, бахусус дар заминаи муқобила бо террористон таъкид кард.

Дар идома низ бо ишора ба иқдомоти террористии ахир дар Кирмон ва Маскав гуфт:

Ҷумҳурии Исломии Эрон авомили ин иқдомоти террористиро тоҷик намедонад, онҳо террористҳои муздур ва абзори дасти сервисҳои амниятии хориҷӣ бавижа Амрико ва режими саҳюнистии Исроил ва душмани Эрон ва Тоҷикистон ҳастанд ва ба ҳеч усули динӣ ва инсонӣ эътиқод надоранд.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон – марҳилаи сабти номи кондидоҳо
Шаҳодати як сипоҳии Эрон тавассути саҳюнистҳо дар Сурия

Матолиби пурбоздид