Андалус

Таърих

Андалус

Испониёи феълӣ, ки дар ҳамин торих тавассути сипоҳи ислом фатҳ шуд, 8 қарн дар дасти мусалмонон буд ва нури тамаддуни он, ки поягузораш мусалмонон буданд, сар то сари Урупоро рӯшан кард.

 

Муқаддима

Андалус шомили сарзамини Испониё ва Пуртуғоли феълӣ аст. Ин шибҳиҷазира, ки акнун ба ду кишвари мустақилли Испониё ва Пуртуғол тақсим шудааст, дар ҷануби ғарбии Урупо қарор дорад, ки аз қисмати шимол ва шимоли ғарбӣ бо халиҷи Биской, аз шарқ бо баҳри Болеор — ки ҷузъи баҳрҳои ғарбии Медитарона (Миёнзамин) аст – ва аз ҷануб бо баҳри Медитарона ва тангаи Ҷабалутториқ ва уқёнуси Атлас ҳамҷивор аст.

Ба гуфтаи Ҳермон Рондел (Herman Randall), устоди донишгоҳи Омрико, “муслимин дар қарни 10-уми милодӣ дар Испониё тамаддуне падид оварданд, ки дар он тамаддун, улум аз сурати ақоиди мубҳами умумӣ даромада буд ва бо санойеъ ва фунуни зиндагии илмӣ интибоқ ёфта буд.”

Лойн Пул (Line Paul), мусташриқи ангилисӣ менависад: “Испониё 8 қарн дар дасти мусалмонон буд ва нури тамаддуни он Урупоро нуронӣ сохта буд ва даштҳои сӯзони ин сарзамин, дар асари кӯшиши миллати фотеҳ обод гардид ва шаҳрҳои боазаматеро дар ин водии бузург ба вуҷуд оварданд.”

Улум, адаб ва санъат фақат дар ҳамин сарзамини урупоӣ равнақ дошт ва улуми риёзӣ, фалак, гиёҳшиносӣ, торих, фалсафа ва қонунгузорӣ танҳо дар Испониёи исломӣ такмил шуда ва натиҷа дода буд.

Дар ин замина, навиштори дуктур Мортинез Мунтобес (Martinez Montabes), мусташриқи испониёӣ, низ арзандааст: “Агар ҳокимияти 8 қарнаи ислом бар Испониё набуд, ҳаргиз ин кишвар вориди гардунаи торихи тамаддун намешуд. Ин давра, дар ҳоле ки Урупои ҳамсоя, асири тирагии ҷаҳл ва ақибмондагӣ буд, рӯшаноии хирад ва фарҳангро ба он ҷо мунтақил кард.”

 

Моҷарои фатҳи Андалус

Замоне ки Офриқо ба дасти Мусо бен Насир идора мешуд, подшоҳи Испониё Рудрик буд. Ӯ 36-умин ва охирин подшоҳи Гут дар Андалус буд.

Моҷарои фатҳи Андалус аз он ҷо оғоз гардид, ки Жулин, фармондори Сибта, ба хотири таъаррузе, ки аз сӯи Рудрик ба духтараш шуда буд, аз подшоҳ сарпечӣ карда ва ба ночор ба фирориёни дигари Испониё дар шимоли ғарби Офриқо пайваст ва бо исрор аз Мусо бен Насир (ҳокими мусалмони шимоли ғарби Офриқо) хост, то Испониёро аз чанголи ситамгаронаи подшоҳи ғосибаш наҷот бахшад. Дар посух ба ин дархост, Мусо бен Насир бо гирифтани иҷоза аз Валид ибни Абдулмалик, халифаи мусалмонон, як афсари ҷавон ва шуҷоъ ба номи Турайфро барои кашф ва гирдоварии иттилооти лозим ва муқаддамоте ба савоҳили ҷанубии Испониё фиристод.

Вақте гузоришҳои ризоятбахши ӯ ба дасти Мусо расид, дар моҳи раҷаби соли 92-уми ҳиҷрии қамарӣ Ториқ ибни Зиёд (аз лоиқтарин сардорони Мусо бен Насир) бо сипоҳи андаке мураккаб аз 7000 нафар мардони ҷангӣ, аз тангаи Ҷабалутториқ гузаштанд ва дар маҳалле, ки ҳанӯз ба номи вай маъруф аст пиёда гардиданд ва сипас нахуст дар шаҳри Алҷазиратул-хазроъ фуруд омада ва намози субҳро дар он ҷо бапо дошт ва бо барафроштани парчами набард, ба набард ва пешравӣ пардохт. Баъдҳо дар ҳамон маҳалли барафрошта шудани парчамҳо, масҷиде ба номи Масҷидур-роёт сохта шуд, ки ҳатто то замони Марокашӣ (аз донишмадони қарни 6-ум ва 7-уми ҳиҷрии қамарӣ) ба ҳамин ном боқӣ будааст.

Аз сӯе Гутҳо низ бисёр кӯшиданд, то роҳро бар Ториқ баста ва монеъи пешрафти вай гарданд, вале натавонистанд. Дар пайи ин ҳамлаҳои нахустин, ҷамъи онон аз ҳам пошида ва пароканда гардиданд ва Ториқ мустақиман ба сӯи Тулайтила пеш рафт, ки ин пешравӣ дар торих сабт гардидааст. Лашкари Ториқ бо сипоҳи кӯмакӣ, ки аз марказ расид, беш аз 12 ҳазор нафар гардид. Рудрик, ки дар ҳоли фурӯ нишондани ошӯбҳои шимоли кишвар буд ва Тадмирро ба ҷойи худ гумошта буд, бо шунидани ин хабар ба пойтахт баргашт.

Тадмир ба ӯ навишта буд: “Мардуме ба кишвари мо омадаанд, ки намедонем оё аҳли осмонанд ё аҳли замин.” Рудрик амирони артишро ба ҷанг фаро хонд ва ҳукм дод, ки ҳамагӣ бо мардумон ва вобастагонашон дар шаҳри Қуртуба ба ӯ бипайванданд. Тӯле накашид, ки теъдоди нерӯҳои сипоҳи салтанатӣ ба ҳамроҳи сипоҳи кӯмакии амирони атроф, наздик ба 100 ҳазор тан расид. Ин ду лашкар дар маконе ба номи Лакаҳ дар рӯзи якшанбе (ду рӯз монда ба охири моҳи Рамазони соли 92 ҳиҷрии қамарӣ) бо ҳам даргир шуданд ва ин ҷанги тамомаёр миёни онҳо то рӯзи якшанбе 5-уми шаввол идома ёфт. Фарзандони Тизо (подшоҳи пешин, ки ба дасти Рудрик кушта шуда буд) дар ҳамон ҳамлаи аввал аз лашкари Рудрик ҷудо шуданд, вале фаровонии лашкариёни боқимондаи Рудрик ва муносиб будани силоҳ ва васоили ҷангӣ ва ороиши хуби низомии онҳо боис гардид, то муддати бештаре дар баробари ҳамлаҳои сахти мусалмонон пойдорӣ намоянд. Вале ҳамлаи поёнии Ториқ ибни Зиёд ба қадре сахт ва сангин буд, ки истодагии душман дар баробари он мумкин набуд. Аз ин рӯ, ҷамъияти Гутҳо ба куллӣ аз ҳам пошид. Подшоҳ Рудрик ҳангоми фирор худро ба оби рӯдхона андохта ва кушта шуд ва мусалмонон асп ва кафши ӯро дар миёни гилу лойи рӯдхона пайдо карданд.

Идома дорад…

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Инкори ҳақиқат кашфи фурсатталабон аст
Низоми мардумсолорӣ

Матолиби пурбоздид