Чаро мо зоҳирпарастем?!
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Дар ҳамин оғоз лозим аст ёдовар шавам, то суитафоҳум пеш наояд, ки банда мухолифи пойбандӣ ба зоҳири шариат нестам, ҳаргиз ва абадан, балки аз касоне ҳастам, ки ба зоҳири шариат сахт пойбанданд.
Ҳол, нуктае, ки мехоҳам арз кунам ин аст: як мусалмони воқеӣ касе аст, ки дар айни риояти зоҳири шариат – аз ҳиҷобу намозу рӯзаву ҳаҷҷу ғайра – набояд аз ин нукта ғофил шавад, ки ин зоҳирҳо ба худии худ бар мо воҷиб нашудаанд, балки ҳақиқатҳо ва ботинҳое доранд, ки онҳо асл ва мағз ҳастанд ва ин зоҳирҳо қишранд. Албатта, қишр (пӯст) будан ба ин маъно нест, ки бархе ноаҳлон мепиндоранд мабнӣ бар ин ки қишрро бояд раҳо ва ба лубб ва мағз часпид. На! Ҳаргиз ва абадан! Балки ба ҳамон андоза, ки мағз муҳим аст, қишр низ муҳим аст.
Бо ин ҳама аммо бояд донист, ки қишр ва зоҳир, бидуни мулоҳизаи луббу мағз ва ботин, ба пашизе намеарзад ва ҳеч арзише надорад ва зоҳире, ки бидуни мулоҳизаи ботин мавриди таваҷҷӯҳи инсон аст, бояд онро раҳо кард.
Дар намоз ба унвони мисол, он чи қишр ва зоҳир аст, ҳамин вузӯ ва нишастану бархостан ва рукӯъу суҷуд бо риояти тамоми шурути онҳост, аммо ҳақиқат ва ботин ва лубби намоз, он таваҷҷӯҳ ба Худо ва хушӯъу хузуъе аст, ки ҳар намозгузоре бояд дошта бошад. Ҳоло як нафар инсонеро фарз кунед, ки тамоми шарту шурути намозро аз ин ки чӣ гуна биншинад ва чӣ гуна дар ҳоли қиём биистад ва ғайра риоят кунад, вале ҳушу ёдаш дар намоз умури дунявӣ буда ва фикру зикраш чизҳое дигар ғайр аз Худо бошад. Хуб, оё якчунин намозе ба дард мехӯрад? Оё Худованд якчунин намозеро мепазирад?
Ин ки як мусалмон роҷеъ ба ҳиҷоб ва сатри хоҳарони мусалмон ҳассосият дошта бошад, ин хуб аст, аммо ин ки дар айни ҳассосият ва таваҷҷӯҳ ба ҳиҷоб ва ин ки ҳозир аст бо касе, ки вуҷуби ҳиҷобро поймол сохтааст ҷиҳод эълон кунад, дар айни ҳол аммо, ҳамин мусалмон роҷеъ ба ин масъала, ки ҳокими кишвараш одами бебанду бор ва золиму ситамгаре аст, мусалмононеро ба зиндон афканда ва он мусалмонон дар зиндонҳо заҷр мекашанд, ба ин масъала аҳаммият қоил набошад, якчунин мусалмоне, дуруст мисли касе аст, ки ба зоҳири намоз аз вузӯву рукӯъу суҷуд аҳаммият қоил аст, вале ҳангоми намоз ҳушу ёдаш ба умури дигар ғайри Худост. Ин ду, ҳеч фарқ ва тафовуте бо ҳам надоранд.
Имрӯзҳо шумо мебинед, мусалмононе ҳастанд, ки роҷеъ ба ҳиҷобу сатр ҳассосияти бисёр боло доранд, вале ҳаминон роҷеъ ба муҳимтарин масъалаи имрӯз, ки бар сари мусалмонон фуруд омада яъне масъалаи Фаластин, ҳеч парво ва аҳаммияте қоил нестанд, ин аст намунаи боризи аҳаммият қоил шудан ба зоҳир ва раҳо сохтани аслу мағзу лубб.
Сухан дар ин замина бисёр аст, вале ба ҳамин андоза басанда мекунам, фикр мекунам барои оқил ҳамин андоза кофист.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: