Никки Хейли: “Қабули оташбас яъне шикасти Исроил аз Ҳамос”

Никки Хейли: “Қабули оташбас яъне шикасти Исроил аз Ҳамос”

Ахбори байналмилал

Nypost

Никки Хейли, сафири собиқи Омрико дар Созмони Милал ва номзади собиқи риёсати ҷумҳурии Омрико аз ҳизби Ҷумҳурихоҳ, дар мақолае, ки рӯзи ҷумъа мунташир кард, мавзеъе сареҳ алайҳи оташбас дар ҷанги Ғазза гирифт ва бар зарурати идомаи ҳамалоти Исроил ба борикаи Ғазза таъкид кард.

Ин сиёсатмадори “евангелист”-и Омрико, дар мақолае, ки дар рӯзномаи New York Post мунташир карда, аз Бойден ва дигар давлатмардони урупоӣ, ки барои эҷоди оташбас дар Ғазза талош мекунанд, интиқод карда ва ҳамсӯ бо сиёсатмадорони саҳюнист, бар зарурати идомаи ҳамалот ба Ғазза то замони шикасти комили Ҳамос ва “тамом кардани кори Ғазза” таъкид кардааст.

Ӯ навишт: “Бойден ва дигар давлатмардони ғарбӣ зоҳиран фаромӯш кардаанд, ки чӣ чизе дар ҳафтум октябр рух додааст.”

Ин сиёсатмадори омрикоӣ ахиран аз Исроил дидор карда; сафаре, ки дар он бар рӯйи гулӯлаҳои исроилӣ, ки ба Фаластин партоб мешавад навишт: “Корашонро тамом кунед!”

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Супоришоти ахлоқӣ ба занону шавҳарон
Ростгӯии кӯдакон аз куҷо сарчашма мегирад?

Матолиби пурбоздид