Ҳақро бигӯй, ҳарчанд талх бошад…

Ҳақро бигӯй, ҳарчанд талх бошад…

Сабки зиндагӣ

Насиҳатҳои ҳазрати Паёмбар(с) ба Абӯзари Ғифорӣ(р)

Абӯзар: Эй Расули Худо (с)! Маро тавсияе кунед.

Паёмбар: Туро ба тақво ва парҳезгорӣ супориш мекунам, чаро ки тақво дар раъси ҳамаи корҳои туст.

Ва бар ту бод, Қуръон хондан ва ёди Худои Мутаол, чаро ки тиловати Қуръон барои ту дар осмонҳо ёд аст ва дар замин нур.

(Тақво унвони куллист, парвои аз Худо дар ҳама корҳо. Қуръон хондан ҳам, унси мустамир бо офаридгор ва каломи ӯст, ки тиловати ҳаррӯза барнома гирифтан аз ин маншури беназир ва ҷовидон аст. Абӯзар қонеъ нест, бештар мехоҳад ва бештар, аз ин рӯ, аз ҳазрат матолиби бештар ва мавъизаҳои балиғтар металабад. Ин гуфтугӯ идома меёбад).

Паёмбар: Бар ту бод ҷиҳод, чаро ки раҳбонияти ойини ман ҷиҳод аст.

Абӯзар: Боз ҳам бештар, ё Расули Худо (с)!

Паёмбар: Бар ту бод сукут, магар он ҷо, ки ҳарфи нек бигӯӣ, чаро ки сукут ва хамушӣ шайтонро аз ту тард мекунад ва дар умури динӣ ҳам ёвари туст.

(Ин ҳам ҷиҳод аст, лекин дар ҷабҳаи дарунӣ ва дар ҷиҳод бо нафс. Гоҳе назорати забон ва маҳор кардани суханон, аз як ҷанги берунӣ душвортар аст ва қуввате бештар металабад. Чӣ бисёр ҳарфҳо, ки бепоя ва бемоя аст ва хостгоҳи нафсонӣ дорад ва васвасаҳои иблисӣ ангезаи он гуфтор аст, пас хомӯшӣ гузидан ва риояти сукут ва камҳарфӣ бастани роҳи шайтон аст).

Абӯзар: Эй Паёмбар! Боз ҳам мавъизаам кун ва бештар!

Паёмбар: Аз хандаи зиёд бипарҳез, чаро ки дилро мемиронад ва нури чеҳраро аз байн мебарад.

Ба пойинтар аз худат нигоҳ кун, на ба болотар аз хеш, чаро ки ин сабаб мешавад, неъматҳои Худоро дар бораи худат кам машуморӣ.

(Дар аҳодиси дигар ин нукта бо тафсили бештаре омадааст. Дар умури дунёӣ ва бархӯрдориҳо ва мол ва маишат ва зиндагӣ бояд ба поинтар аз худ нигарист, на болотар. Чун назар ба поинтар сабаб мешавад инсон он чиро ҳам, ки дорад қадр бишносад ва шукргузор бошад. Аммо агар ба болотар аз худ бингарад ва имконот ва рифоҳ ва хона ва ҳуқуқи дигаронро бибинад, ҳамеша эҳсоси камбуд мекунад ва ба дунёталабӣ мегарояд. Аммо дар умури ухравӣ ва маънавӣ инсон бояд ба болотар аз худ бингарад. Ин ҳам дар аҳодис омадааст. Ба он ки илми бештар, тақвои афзунтар, хулус ва садоқати бартар дорад ва маърифаташ бештар, ахлоқаш некӯтар ва руҳиёташ волотар аст. Инҳо қуллаҳои камоланд. Таваҷҷӯҳ ба ин гуна афроди болотар аз худ, сабаб мешавад, ки инсон ба заъфҳои ахлоқӣ ва маънавии худ воқиф гардад ва талоши бештар кунад, то ба он қулла бирасад ва ба он чӣ дорад қонеъ нагардад. Чаро ки маротиби камол ва маънавияти инсон то бениҳоят қобили рушд ва фазояндагӣ аст.)

Абӯзар: Эй Расули Худо (с) боз ҳам бар мавъизаҳои худ биафзой.

Паёмбар: Бо хешовандонат рафту омад дошта бош, ҳарчанд онҳо аз ту қатъи робита кунанд. Бенавоёни маҳрумро дӯст дошта бош ва бо онон муҷолисат ва ҳамнишинӣ кун. Ин кор сабаби зудудани такаббур мешавад ва гули тавозуъро бар шохаи зиндагиамон мешукуфонад.)

Абӯзар: Ё расулаллоҳ! Боз ҳам!

Паёмбар: Ҳақро бигӯ, ҳарчанд талх бошад!

Абӯзар: Боз ҳам, эй Паёмбар!

Паёмбар: Дар роҳи Худо аз маломат ва накӯҳиши маломатгарон натарс.

(Дар таорузи роҳи Худо ва писанди мардум кадом якро бояд баргузид? Касоне аз сарзаниш ва ҳарфҳои мардум меҳаросанд ва ба ҳамин хотир ҳарфи ҳақро намегӯяанд, ба вазифа амал намекунанд ва аз гирифтани як мавзеъ меҳаросанд. Аммо марди ҳақ дар роҳи Худо аз ҳеч маломате наметарсад. Дигарон ҳар чӣ мехоҳанд бигӯянд, агар корашон тибқи ризои Худо бошад, дигарон ва ҳарфҳояшон муҳим нест.)

Абӯзар (охирин суол): Ё Расулаллоҳ! Бештар мавъизаам кун!

Паёмбар: Эй Абӯзар! Он чӣ аз айб ва масоили хеш медонӣ, бояд туро аз пардохтан ба дигарон боздорад ва он чӣ худ анҷом медиҳӣ, бар дигарон ситам макун. Дар айби инсон ҳамин бас, ки аз айбҳои дигарон онро бишносад, ки аз худаш намешиносад.

(Дар зарбулмасал низ ин гуна сухан зиёд аст, ки: сир як рӯз ба пиёз таъна мезанад, ки чӣ қадр бадбӯӣ! Пиёз мегӯяд: ту аз айби худ бехабарӣ, аз ин рӯ ба айбҷӯии дигарон пардохтаӣ. Сабаби пардохтан ба заъфҳо ва айбҳои дигарон он аст, ки аз айбҳои худ бехабарем ва ё фаромӯш мекунем ва чизеро бар дигарон нораво ва зишт мешуморем, ки дар худамон низ ҳамонҳо ёфт мешавад. Ин худ айбест бузург.)

Абӯзар мегӯяд: Паёмбар (с) он гоҳ даст бар синаам ниҳод ва фармуд: эй Абӯзар! Ҳеч ақле ҳамчун тадбир ва оянданигарӣ нест, ҳеч тақвое ҳамчун парҳез аз ҳаромҳои Худо нест ва ҳеч ифтихор ва шарофате ҳамчун ҳусни хулқ ва хушахлоқӣ нест.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Назароти мухотабон
Агар мусбатандеш бошем…

Матолиби пурбоздид