Супоришоте дар мавриди ҳиҷоби исломӣ

Фарҳанг

Супоришоте дар мавриди ҳиҷоби исломӣ

Сабки зиндагӣ

Амиралмўъминин Алӣ(р) ба фарзандаш Имом Ҳасан(р) чунин тавсия мекунад:

То метавонӣ коре кун, ки зани ту бо мардони бегона муошират надошта бошад. Ҳеҷ чиз беҳтар аз хона занро ҳифз намекунад. Ҳамон тавре ки берун рафтани онҳо аз хона ва муошират бо мардони бегона дар хориҷ аз хона барояшон зараровар ва хатарнок аст, ворид кардани ту марди бегонаро дар дохили хона ва иҷозати муошират дар дохили хона низ зараровар ва хатарнок аст. Агар тавонӣ коре кунӣ, ки ҷуз ту марди дигареро нишиносад, чунин кун!

Ин як тавсияи ахлоқӣ аст. Уламои Ислом ин ҷумларо ба шакли як тавсияи ахлоқӣ маъно кардаанд на ба шакли як ҳукми фиқҳӣ. Дар назари аввал аз ин таъбирот чунин натиҷа гирифта мешавад, ки ин таъбирот маънои бештар аз тавсияи ахлоқӣ дорад, балки бештар аз зарурати пўшонидани дастҳо ва рўй мебошад ва метавон ҳамон натиҷаеро гирифт, ки мо аз он ба ҳабси зан дар хона ёд мекунем. Аммо иллати ин ки фуқаҳо ба мазмуни чунин ҷумлаҳо фатво надодаанд, далелҳои қатъии дигаре аз оёт ва ривоётро дарбар дорад, ки бар хилофи маънои зоҳирии ин таъбирот аст. Бинобар ин, ин ҷумлаҳо фақат маънои тавсияи ахлоқӣ ва арзиши ахлоқӣ доранд на фиқҳӣ.

Ончӣ фуқаҳо аз ин ҷумлаҳо натиҷагирӣ кардаанд ин аст, ки ин ҷумалот иршод ба ҳақиқати руҳӣ дар робитаи ду ҷинс аст ва шакке нест, ки ҳақиқатеро баён мекунад. Робитаи зану марди бегона бисёр хатарнок аст, гиле аст, ки пилон бар он мелағзанд.

Ончӣ Ислом ҳадди ақал ба шакли як масъалаи ахлоқӣ тавсия мекунад ин аст, ки то ҳадди мумкин иҷтимоӣ маданӣ камтар омехтагии зану мардро дошта бошад.

Ҷомеаи имрўза зиёнҳои иҷтимоии омехтани зану мардро ба чашми худ мебинад. Чӣ лузуме дорад, ки занон фаъолиятҳои худро дўш ба дўши мардон анҷом диҳанд? Оё агар дар ду сафи ҷудогона анҷом диҳанд, нақсе дар фаъолият ва рафти кори онҳо рух медиҳад?

Асари ин дўш ба дўшиҳо ин аст, ки ҳарду ҳамдўшро аз кор бозмедорад ва ҳар якро ба ҷои таваҷҷўҳ ба кор ба тарафи ҳамдўш мутаваҷҷеҳ мекунад, то онҷо ки аксаран ин ҳамдўшиҳо ба ҳамоғўшӣ меанҷомад.

Ҳадисе аст аз ҳазрати Фотимаи Заҳро(р), ки ҳарчанд фуқаҳо ба ин ҳадис истинод намекунанд, аммо метавонад тавзеҳи саҳеҳе дошта бошад.

Хулосаи ҳадис ин аст:

“Рўзе Расули Худо(с) аз мардум пурсиданд: Чӣ чиз барои зан аз ҳар чиз беҳтар аст? Касе натавонист посух бигўяд. Ҳасан ибни Алӣ(а) кўдак ва дар он маҷлис ҳозир буд. қиссаро барои модараш Фотимаи Заҳро(а) нақл кард. Заҳро(а) фармуд: Аз ҳамаи чиз беҳтар барои зан ин аст, ки марди бегонаеро набинад ва марди бегонае ҳам ўро набинад”.

Ин ҳадис низ тавсияи ахлоқӣ аст ва беҳтар будани дур будани зану мардро баён мекунад. Мо қаблан гуфтаем, ки тамоми рухсатҳои Ислом дар ин замина ба хотири пешгирӣ аз ҳараҷу мушкилот дар ммуомилаҳо аст. Беҳтар будани ахлоқӣ дар пўшиш,дур будани зану мард вуҷуди ҳарим миёни он ду дар ҳудуди имкон бар ҳукми худ боқӣ аст.

Натиҷагирӣ

Аз ончӣ маҷмўан баён гардид, маълум шуд, чизе, ки Ислом мегўяд на он чизе аст, ки мухолифони ислом, исломро ба он айбдор мекунанд, яъне маҳбусияти зан дар хона ва на низоме аст, ки дунёи ҷадид онро пазируфтааст ва оқибатҳои шуми онро мебинад, яъне омехта будани зану мард дар ҷомеа.

Ҳабси куллии зан дар хона, навъе муҷозот буд, ки ба таври муваққат дар Ислом барои занони бадкора муқаррар шуд:

“Заноне аз шумо, ки муртакиби зино мешаванд чаҳор шоҳид бар онҳо бигиред. Агар чаҳор шоҳид шаҳодат доданд (ба тартибе, ки ба тафсил дар суннат баён шуда ва фиқҳ мутасаддии он аст) онҳоро дар хона ҳабс кунед то умрашон ба поён расад, ё Худо роҳи дигаре барояшон муайян кунад”.

Муфассирон мегўянд: Мақсуд аз роҳи дигар ишора ба ин аст, ки ин ҳукми муваққат аст ва дар оянда ҳукми дигаре барои онҳо хоҳад омад. Ояти дуюм аз сураи Нур, ки ҳукми зинокунандагонро баён кардааст, ҳамон аст, ки ин оят бо ишора онро ваъда додааст.

Мақсад ин аст, ки Ислом бо омехта будани зану мард мухолиф аст, на бо ширкати зан дар маҷомеъ.

Ислом мегўяд: на ҳабс ва на омехта будан, балки ҳарим, нигаҳ доштани маҳдудаҳо. Суннати ҷории муслимин аз замони Расули Худо(с) ҳамин будааст, ки занон аз ширкат дар ҷамъомадҳо манъ намешуданд, вале ҳамеша ҳапим риоят шудааст. Дар масоҷид ва маҷомеъ, ҳатто дар кўчаву хиёбон, зан бо мард омехта набудааст. Ширкати омехтаи зану мард дар замони мо, бар хилофи ризояти шореи муқаддас аст.

(Муртазо Мутаҳҳарӣ, Масъалаи ҳиҷоб)

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Меҳрварзӣ дар муҳити оила
Ҳалокати ҳашт тан аз низомиёни исроилӣ дар Рафаҳ

Матолиби пурбоздид