Касоне, ки зери сояи лутфи Худованд қарор хоҳанд гирифт

Касоне, ки зери сояи лутфи Худованд қарор хоҳанд гирифт

Сабки зиндагӣ

Паёмбари Акрам(с) мефармоянд:

“Худованд ҳафт гурӯҳро дар рӯзе, ки ҳеч сояе ҷуз сояи ӯ вуҷуд надорад (яъне дар рӯзи қиёмат), дар зери сояи худ ҷой медиҳад:

  1. Ҳокими одил;
  2. Ҷавоне, ки дар сояи итоат ва бандагии Худо рушд ёфта бошад;
  3. Касе, ки дилаш дар масҷид овезон бошад. (Яъне, ҳамеша намозҳояшро дар масҷид адо кунад);
  4. Ду мусалмоне, ки сирфан ба хотири хушнудии Худо бо якдигар дӯст бошанд ва бар асоси ризои ӯ, бо ҳам ҷамъ ё аз якдигар ҷудо бишаванд;
  5. Касе, ки зане зебо ва соҳибмақому соҳибҷамоле ӯро ба фаҳшо бихонад, вале ӯ напазирад ва бигӯяд: ман аз Худо метарсам!
  6. Касе, ки ба сурати пинҳонӣ ва махфӣ садақа диҳад, ба гунае ки агар ба дасти росташ садақа дод, дасти чапаш надонад;
  7. Касе, ки дар танҳоӣ ва хилват, ба ёди Худо бошад ва аз чашмонаш ашк ҷорӣ гардад”.

(Ривояти Бухорӣ ва Муслим)

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нафс ва истиқлол
Назари коршиноси тоҷик дар бораи интихоботи Эрон

Матолиби пурбоздид