Чанд гуфтор аз Имом Ҳусейн(а)

Таърих

Чанд гуфтор аз Имом Ҳусейн(а)

Пушти сари бародари мӯъминат он гуна сухан бигӯ, ки дӯст дорӣ, ӯ пушти сари ту бигӯяд. (Имом Ҳусейн(а))

Марде хидмати Имом Ҳусейн (а) расид ва арз кард: Гунаҳкорам ва аз анҷоми гуноҳ ва маъсият ҳам наметавонам парҳез кунам, маро панд ва андарз бидеҳ.

Имом Ҳусейн (а) фармуд:

“Панҷ кор ҳаст, ки агар тавонистӣ анҷомашон бидиҳӣ, ҳар чӣ дилат мехоҳад, гуноҳ кун:

Аввал: агар тавонистӣ, аз рӯзии Худо махӯр, он гоҳ ҳар чӣ мехоҳӣ, гуноҳ кун.

Дуввум: агар тавонистӣ, аз вилоят ва ҳукумати Худо хориҷ шав, он вақт ҳар чӣ дилат хост, гуноҳ кун.

Севвум: агар тавонистӣ, ҷойеро пайдо бикун, ки Худо туро набинад, он замон ҳар чӣ хостӣ, гуноҳ кун.

Чаҳорум: вақте Азроил барои қабзи руҳат омад, агар ин тавонро дошта бошӣ, ки ӯро аз худ дур биронӣ, пас ҳар чӣ дилат бихоҳад, гуноҳ кун.

Панҷум: вақте маъмури ҷаҳаннам бихоҳад туро дар оташ биандозад, агар битавонӣ даруни он маравӣ, пас ишколе надорад, ҳар чӣ бихоҳӣ, гуноҳ кун”.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бадкирдории кормандон бархоста аз ҳимояти ҳокимон
Ҳикоят

Матолиби пурбоздид