Раҳбари Ансоруллоҳи Яман: Омрико мехоҳад Арабистонро дар набарди мо бо режими саҳюнистӣ даргир кунад

 

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман: Омрико мехоҳад Арабистонро дар набарди мо бо режими саҳюнистӣ даргир кунад

 Расонаҳои саудӣ аланан ба режими саҳюнистӣ хидмат мекунанд

Ахбори байналмилал

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман бо баёни ин ки Омрико мехоҳад Арабистонро дар набарди мо бо режими саҳюнистӣ даргир кунад, гуфт: “Расонаҳои саудӣ аланан ба режими саҳюнистӣ хидмат мекунанд.”

Вай таъкид кард: “Душманон ба дунболи нокомии худ пас аз ҷазби муздурон барои муқобила бо мардуми Яман, ба тарҳҳои девонавор ва аҳмақонаи дигар рӯй оварданд.”

Ба гузориши Алмасира, Сайид Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман, соате пеш, тайи суханоне гуфт: “Амалиётҳои мо ва фанноварии ба кор рафта дар он, душманонро шигифтзада кардааст.”

Вай бо баёни ин ки имконот, фанноварӣ ва дониши душманон дар заминаи мутаваққиф кардани амалиёти мо бо шикаст мувоҷеҳ шудааст, тасреҳ кард: “Душманон ба хотири нотавониашон дар заминаи мутаваққиф кардани амалиёти муқовамати Яман ғофилгир шудаанд.”

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман изҳор дошт: “Омрико ҳамвора кӯшидааст дигаронро бо новҳои ҳавопаймобари худ битарсонад ва кишварҳоро дар ҷанги равонӣ шикаст диҳад. Вақте новҳои ҳавопаймобари Омрико вориди халиҷи Форс мешаванд, сарони кишварҳои арабӣ метарсанд ва аз ҳар он чи Омрико намехоҳад, дурӣ мекунанд.”

Вай, бо ишора ба амалиётҳои низомии фанноваронаи нерӯҳои муқовамати Яман гуфт: “Тарс ва ваҳшат дар миёни нерӯи дарёии Омрико ривоҷ ёфтааст ва нотавонии нови ҳавопаймобари Омрико боиси эҷоди шакку тардид дар бораи аҳаммияти он шудааст.”

Ҳусӣ хотирнишон кард: “Омрико дар заминаи таъмини амнияти дарёнавардӣ барои режими саҳюнистӣ бо шикаст мувоҷеҳ шудааст.”

Вай, бо баёни ин ки Омрико мехоҳад Арабистонро дар набарди мо бо режими саҳюнистӣ даргир кунад, гуфт: “Расонаҳои саудӣ аланӣ ба режими саҳюнистӣ хидмат мекунанд.”

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман дар идома афзуд: “Душманон ба дунболи нокомии худ пас аз ҷазби муздурон барои муқобила бо мардуми Яман, ба тарҳҳои девонавор ва аҳмақонаи дигар рӯй оварданд.”

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бо ҷавонон машварат кунед
Муноҷоти Имом Ҳусейн(а)

Матолиби пурбоздид