Далели ақибмондагии кишварҳои исломӣ

Таърих

Далели ақибмондагии кишварҳои исломӣ

Далели ақибмондагии кишварҳои исломӣ аз назари Аҳмади Дониш

Бахшҳое аз китоби арзишманди Наводир-ул-вақойеъ

Аҳмади Дониш дар ҷойе аз китобаш, дар баёни сабаби ақибмондагии кишварҳои исломӣ ва ин ки чаро зуд ба мустаъмараи кишварҳои дигар табдил гаштанд, менависад:

“Хулафои ислом баъд аз ин қурун (1), диданд, ки дайёре (2) аз куффор намонд, ки саре бардорад ва даъвои истиқлол орад, ба ҳубби шаҳавот моил гаштанд ва ба айшу комронӣ иштиғол намуданд.

Ва уламо, ки қивоми (3) миллат ба эшон аст ҳам ба ҳубби риёсат тобеъи амру ҳукми залама (4) гаштанд ва аз амри маъруфу наҳйи мункар дар хидмати салотин чашмпӯшӣ намуданд.

Мухолифони дин ин ғафлатро аз аҳли ислом ғанимат дониста, шабу рӯз ба тараддуди гирдоварии асбоб ва шикофтани баҳру кон ва берун овардани зару ҷавоҳир иштиғол намуда, барои интиқомкашӣ раъйҳо ва машваратҳо мефармуданд, то даридагии домани ҷамъияти худро, ки дар аввали давлати араб афтода буд, руфӯъ диҳанд ва асбоби давлату ҳифзи онро мураттаб намуда, он гоҳ ба бозхости кинаи пӯшида бархостанд, ба макру фиреб ва қаҳру ғалаба дар тамомати маъмура (5) даст ёфтанд ва карданд он чи карданд…”

(Наводир-ул-вақойеъ, саҳ.134)

* * *

(1) Манзураш асрҳои шукӯҳу қувват.

(2) Яъне ҳеч касе.

(3) Қивом: побарҷоӣ, пойдорӣ.

(4) Залама: салотини ситамгар.

(5) Маъмура: рӯи замин.

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Садриддин Айнӣ
То тавонӣ роҳати ҷони дили ранҷур шав

Матолиби пурбоздид