Сайидҳасан Насруллоҳ: “Ҳар кас зулм ба миллати Фаластинро нодида бигирад, аз назари ақлӣ, қалбӣ ва руҳӣ мурдааст”

 

Сайидҳасан Насруллоҳ: “Ҳар кас зулм ба миллати Фаластинро нодида бигирад, аз назари ақлӣ, қалбӣ ва руҳӣ мурдааст”

Ахбори байналмилал

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бо ишора ба ин ки ин ҷунбиш бо азми устувор, барои ҳимоят аз Ғазза ва миллати Фаластин, вориди “Тӯфон ал-Ақсо” шуд, таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир, як ҳаққи ошкор ва равшан ба номи Фаластин вуҷуд дорад, он ҳам бар мабнои ҳуқуқи байналмилал, ҳуқуқи инсонӣ, ахлоқ ва дин.

Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон шомгоҳи дирӯз (якшанбе) дар дуввумин шаби Муҳаррам суханронӣ кард.

Насруллоҳ дар оғоз ба амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” ва даргирии Ҳизбуллоҳ бо режими саҳюнистӣ дар ҷануби Лубнон пардохт ва гуфт: “Мо имсол дар қалби “Тӯфон ал-Ақсо” қарор дорем. Фазои ҷанг ва паёмадҳои эҳтимолӣ боис шудааст, ки аз назари руҳӣ ва равонӣ, маросими имсол бо солҳои гузашта фарқ дошта бошад.”

Вай бо баёни ин ки Ҳизбуллоҳ бо азми устувор, барои ҳимоят аз Ғазза ва миллати Фаластин, вориди ” Тӯфон ал-Ақсо” шуд, таъкид кард: “Аз ҳар кас, ки вобаста ба мост, мешунавем, ки мегӯяд, дар ҷойи дуруст истодаем ва барои ин ҷанг омодаем.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ бо ишора ба ин ки дар бораи мазлумияти миллати Фаластин ва таҷовузи Исроил ба минтақа, ҷойи ҳеч баҳсе вуҷуд надорад, гуфт: “Дар ҳоли ҳозир, як ҳаққи ошкор ва равшан ба номи Фаластин вуҷуд дорад, он ҳам бар мабнои ҳуқуқи байналмилал, ҳуқуқи инсонӣ, ахлоқ ва дин ва як ботил ба номи Исроил.”

Насруллоҳ хотирнишон кард: “Ҳар кас, ки рухдодҳои Ғазза ва зулм ба миллати Фаластинро нодида бигирад, аз назари ақлӣ, қалбӣ ва руҳӣ мурдааст. Аз ин рӯ ҳар инсоне бояд ҳар коре, ки метавонад барои Ғазза анҷом диҳад, зеро дар рӯзи қиёмат, аз мо дар бораи Фаластин суол хоҳанд пурсид.”

Вай дар поён гуфт, ки кӯмак ба ҳақ, масъулияти мост ва замоне, ки ба ёрии ҳақ бишитобем, сару садо ва ҳаёҳу хоҳем шунид, афроде шаҳид хоҳанд шуд ва хонаҳое вайрон мешаванд, вале ба худ мегӯем, ки агар соҳиби ҳақ ҳастем, як лаҳза ҳам набояд ақиб бинишинем.”

Қаламонлайн

Tags: , ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Худовандо, замин кошонаи ҳуснат
Садриддин Айнӣ

Матолиби пурбоздид