Амалиёти сегонаи артиши Яман алайҳи киштиҳои вобаста ба Исроил

Амалиёти сегонаи артиши Яман алайҳи киштиҳои вобаста ба Исроил

Ахбори байеалмилал

Алъолам

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман хабар дод, ки 3 амалиёт алайҳи киштиҳои вобаста ба режими саҳюнистӣ дар баҳри Сурх ва Медитарона (Миёназамин) анҷом додаанд. Ин амалиётҳо бо паҳпод, шаҳпод ва мушак анҷом шуд.

Ба гузориши Алъолам, сартип Яҳё Сареъ – сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, аз анҷоми се амалиёти муҳим дар баҳрҳои Сурх ва Медитарона хабар дод.

Сареъ бо баёни ин ки ин амалиётҳо дар ростои ҳимоят аз миллати Фаластин ва посух ба ҷиноёти Исроил дар Алмавосӣ анҷом шуд, гуфт: “Киштии Bentley I дар баҳри Сурх бо чанд шаҳпод, паҳпод ва мушаки болистик ҳадаф қарор гирифт.”

Ба гуфтаи вай, нафткаши Chios Lion ҳам дар баҳри Сурх бо як фарванд шаҳпод ҳадаф қарор гирифтааст; ин киштиҳо ба хотири нақзи қонуни мамнӯъияти вуруд ба бандарҳои Фаластини ишғолӣ ҳадаф қарор гирифтанд.

Сареъ ҳамчунин аз як амалиёти муштарак бо нерӯҳои муқовамати исломии Ироқ хабар дод, ки дар ҷараёни он, киштии Olvia дар баҳри Медитарона ҳадаф қарор гирифт ва ин ҳамла бо муваффақият анҷом шуд.

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ирфон ва ориф дар баёни Абуалӣ ибни Сино
Муовини Тромп: “Англис, аввалин кишвари исломии дорои силоҳи атомӣ аст”

Матолиби пурбоздид