Ҷорҷ Сортун дар бораи тамаддуни исломӣ
Тамаддуни исломӣ
Ҷорҷ Олфред Леун Сортун (George Alfred Leon Sarton, 1884-1956) муаллифи китобҳое чун “Торихи илм”, “Мутолеаи торихи илм” ва 3 ҷилд аз маҷмӯаи 9-ҷилдии “Муқаддимае бар торихи илм”-ро “падари торихи илм” ба ҳисоб меоваранд. Муқаддимаи ӯ аз торихи илм як кори бузурги 3-ҷилдӣ аст, ки мушорикатҳои илмӣ ва фарҳангии ҳар тамаддун аз даврони бостон то қарни 14-умро баррасӣ мекунад. Ӯ нависандаи 15 китоб ва беш аз 300 мақола дар ҳамин замина мебошад.
Дар ҷилди аввали “Муқаддимае бар торихи илм” менависад:
“Шигифтангезтарин ҳодиса, мусалламан пайдоиш ва рушди инфиҷори ислом буд. Ҳиҷрат, ки намоишгари мабдаи ҳақиқии он аст, дар соли 622 (милодӣ) иттифоқ афтод. Паёмбар 10 сол пас аз он (соли 632 милодӣ) реҳлат кард… Пеш аз ислом, фотеҳони дигаре ҳам пайдо шуданд, ки футуҳоташон ҳамон тавр сареъ ва азим буд, вале имперотуриашон пеш аз умри худашон ба поён расид.
Ҷолибтарин ҷанбаи футуҳоти исломӣ, яъне футуҳоти аввалияи он, ин аст, ки ин футуҳот қатъӣ буд. Албатта, аввал бор буд, ки як дин – ва мусалламан нисбатан мутаъолии он — нерӯи муҳаррики воқеии низоми имперотурӣ мешуд. Ҳуккоми дунявӣ мумкин аст иваз шаванд, вале дин пойдор хоҳад монд… Дини муҳаммадӣ, ё ба иборати беҳтар, ислом, севвумин ва охирин шохсори муҳимми адёни яктопарастӣ аст… Шурӯи хориқулодаи ислом он чунон мавзӯи бадеҳӣ аст, ки алорағми аҳаммияти фаровонаш (аз ҷумла барои торихи фикр), кӯтоҳтарин гузориш аз он (барои мо) шудааст.
Абулқосим Муҳаммад, аз қабилаи Қурайш, дар ҳудуди 570 (милодӣ) дар Макка зода шуд. Дар 610 ваҳй бар ӯ нозил шуд, ва ӯ қариб се сол баъд даъвати худро оғоз кард. Давраи бӯҳронии ҳаёташ дар сентябри 622 буд, ки бо пайравонаш аз мавтинаш ба Ясриб (Мадина) ҳиҷрат кард… Аҳаммияти қатъии ин кор ба зудӣ маълум гашт, ва чизе аз реҳлати Паёмбар (632 милодӣ) нагузашта буд, ки ин муҳоҷират ба Мадина ба унвони мабдаи як торихи ҷадид интихоб шуд, яъне мабдаи торихи исломӣ…
Дар мавриди рушди инфиҷори ислом чизе гӯётар аз тасбити ин торихи ҷадид, он ҳам танҳо 17 сол пас аз вуқӯи он, нест. Панҷ ё даҳ қарн (1000 сол) тӯл кашид, то торихи милодӣ тасбит шавад…
Аз миёнаҳои садаи ҳаштум то садаи дувоздаҳум (-и милодӣ, яъне чаҳор қарн) фарҳанги лотинӣ тақрибан ба таври мутлақ дар паси фарҳанги исломӣ қарор гирифт…
Рукуди фикрӣ, ки дар нимаи дуввуми садаи ҳафтум ва нимаи аввали садаи ҳаштум (-и милодӣ) — дастикам дар мавриди Урупо ва Ховари Наздик — маҳсус буд, асри таҷдиди фаъолиятро ба дунбол дошт. Ин амр то ҳудуде комилан мадюни пешгомии муслимин буд… Аз ин рӯ комилан шоиста аст ба ин фасл, ки нишондиҳандаи шурӯи илми исломӣ аст, номи арабӣ бидиҳем. Гарчӣ итлоқи ин аср ба номи Ҷобир ибни Ҳайён (гарчӣ итлоқи номи Ҷобир ибни Ҳайён бар ин аср) чизе дар ҳадди як даъвост, бигузор чунин бошад. Мутолеаи дақиқи осори Ҷобир, хоҳ ба арабӣ ё лотинӣ, яке аз заруритарин ва умедбахштарин вазоифи таҳқиқ аст… Бо як истиснои ҷузъӣ, ки дар поёни ин фақра хотирнишон шуда, ҳамаи фаъолияти риёзии ин аср (яъне асри Ҷобир ибни Ҳайён, нимаи дуввуми садаи ҳаштуми милодӣ) ба василаи мусалмонон сурат гирифт…” (Муқаддимае бар торихи илм, ҷилди аввал, с.935)
* * *
Он чӣ аз китоби “Муқаддимае бар торихи илм”-и Сортун овардем, фақат ба унвони намуна оварда шуд. (Аз ҷилди аввал: “Аз Ҳумер то Хайём”, с.935). Вагарна, муаллиф дар ин китоб мунсифона ва аз сари воқеъпазирӣ, барои нишон додани азамати ислом ва тарбияти исломӣ, 7 асри илмиро ба номи донишмандони мусалмон номидааст, бад-ин шарҳ:
- Асри Ҷобир ибни Ҳайён, нимаи дуввуми садаи ҳаштуми милодӣ;
- Асри Хоразмӣ, нимаи аввали садаи нӯҳуми милодӣ;
- Асри Розӣ, нимаи дуввуми садаи нӯҳуми милодӣ;
- Асри Масъудӣ, нимаи аввали даҳуми милодӣ;
- Асри Абулвафо, нимаи дуввуми садаи даҳуми милодӣ.
Мақсуд, Абулвафои Бузҷонӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад аст, аз бузургтарин риёзидонон ва мунаҷҷимони мусалмони эронӣ. Вай саҳми умдае дар басти илми мусалласот дорад ва қазоёи умдае дар мусалласоти куравӣ кашф кардааст;
- Асри Берунӣ, нимаи аввали садаи ёздаҳуми милодӣ;
- Асри Умари Хайём, нимаи дуввуми садаи ёздаҳуми милодӣ.
Қаламонлайн