Маҳкумияти ҳамлаи Исроил ба Алҳадидаи Яман

Маҳкумияти ҳамлаи Исроил ба Алҳадидаи Яман

Ҳизбуллоҳ: “Иқдоми аҳмақонаи Исроил, сароғози марҳилаи ҷадиде дар даргирии минтақаӣ аст”

Ахбори байналмилал

Farsnews

Ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон, зимни маҳкумияти ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Алҳадидаи Яман, таъкид кард, ки ин ҳамла, як иқдоми аҳмақона аст, ки боиси ҷанг дар саросари минтақа хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Алҳадидаи Яманро маҳкум кард ва гуфт, ки ин ҳамла, бо ҳимоят ва пуштибонии комили Омрико анҷом шудааст.

Ҳизбуллоҳ бо интишори баёнияе, таъкид кард: “Ҳамла ба Яман, такмилкунандаи таҷовузи Омрико ва Англис ба Яман ва дар идомаи муҳосираи мудовим ва чандсолаи ин кишвар аст. Ин ҳамла, мӯҳри таъйиде бар аҳаммият болои ҷабҳаҳои пуштибонӣ (Меҳвари Муқовимат) дар саросари минтақа аст.”

Муқовимати Лубнон бо ишора ба ин ки ҳамлаи Исроил, қатъан боис хоҳад шуд, ки давлат ва миллати Яман дар кӯмак ба мардуми Ғазза, мусаммамтар шаванд, хотирнишон кард: “Мо мӯътақидем, ки ин иқдоми аҳмақонаи душмани саҳюнистӣ, сароғози марҳилаи ҷадид ва хатарноке дар даргирӣ аст, ки дар саросари минтақа сурат хоҳад гирифт.”

Ҳизбуллоҳ ибрози итминон кард, ки сарони Яман басират, шуҷоат ва қудрати лозимро доранд, то барои эҷоди боздорандагӣ дар баробари ин душман ва ҳампаймонони минтақаӣ ва байналмилалии он, иқдомоти муносиб ва зарурӣ анҷом диҳанд.

Муқовамати Лубнон дар поён таъкид кард, ки аз миллати Яман ва мавозеъи таърихии ин кишвар дар ҳимоят аз миллати Фаластин, ҳимоят хоҳад кард.

Farsnews

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ибрат аз таърих
Достони марди шомӣ ва Имом Ҳасан(а)

Матолиби пурбоздид