Тӯҳмат

Адаб

Тӯҳмат

Фарде аз дӯсташ бобати тӯҳмате, ки ба ӯ зада буд, ҳалолият талабид.

Дӯсташ гуфт: Ба як шарт қабул мекунам, ки як болиши парро канори ҷодда рӯйи даст бигирӣ ва ҳангоме, ки бод мевазад, онро бо ханҷар пора кунӣ ва дар маърази бод биистӣ, то бод тамоми парҳоро бибарад.

Он шахс омад ва гуфт: Ин корро анҷом додам.

Дӯсташ гуфт: Ҳоло бирав ва парҳоро ҷамъ кун.

Вай рафт ва баъд аз муддате омад ва гуфт: Ҳар чи гаштам ва аз дигарон ҳам кӯмак гирифтам, ҳатто ниме аз парҳоро ҳам наёфтам.

Дӯсташ гуфт: Тӯҳмат низ монанди ин парҳо пахш мешавад ва қобили ҷуброн нест.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аҳли илм ва ҷаҳл дар баёни Ибни Ҳазми Андалусӣ
Марди ношинос

Матолиби пурбоздид