Фарқи мӯъмин ва мунофиқ
Имом Абуҳомиди Ғаззолӣ
Мӯъмин ба фикру ибрат машғул бувад ва мунофиқ ба ҳирсу амал (орзу);
Мӯъмин аз ҳама кас навмед бувад, магар аз Ҳақ Таоло ва мунофиқ ба ҳама кас умед дорад, магар Ҳақ Таоло;
Мӯъмин мол фидои дин кунад ва мунофиқ дин фидои мол кунад;
Мӯъмин тоат ҳам дорад ва ҳам гиряд ва мунофиқ маъсият ҳам кунад ва ҳам хандад;
Мӯъмин танҳоӣ ва хилватро дӯст дорад ва мунофиқ дар ҷамъ будан ва издиҳом ва шулуғиро;
Мӯъмин, ҳам корад ва тарсад, ки надаравад ва мунофиқ накорад ва тамаъ дорад, ки бидаравад…
Қаламонлайн