Ҳодисаи Карбало (10)

Таърих

Ҳодисаи Карбало (10)

 Шаҳодати Алии Асғар

Дар ин ёддошт, ба нақл аз манобеъ, дар бораи шаҳодати писари 6-моҳаи Имом Ҳусайн ва низ ҳамлаи душман ба хаймаҳои бонувон дар рӯзи Ошуро менависам.

Хоразмӣ, Табарӣ ва Ибни Касир овардаанд (лафз аз Хоразмӣ), ки: Имом Ҳусайн ба дари хайма омад ва гуфт: Алии тифлро ба ман бидиҳед, то бо ӯ видоъ кунам. Он гоҳ ӯро бардошт, мебӯсид ва мегуфт: Вой ба ҳоли ин қавм, чун хасм ва душмани онон ҷадди ту (Муҳаммад (с)) аст!

Ҳангоме, ки тифл дар оғӯши Имом Ҳусайн буд, Ҳармала ибни Коҳили Асадӣ ба сӯйи тифл тир партоб намуд ва ӯро ба қатл расонд, дар ҳоле, ки тифл дар оғӯши Имом Ҳусайн буд.

Имом Ҳусайн хуни мубораки тифлро ба дастонаш баргирифт, то пур шуданд, сипас хунро ба сӯйи осмон партоб кард ва гуфт:

اللهم إن حبست عنا النصر فاجعل ذلک لما هو خیر لنا، وانتقم من هؤلاء الظالمین

“Парвардигоро! Агар нусрат ва кӯмак (бар мо)-ро аз мо бардоштаӣ, (ҳеч ишколе надорад, бигузор чунин бошад), пас, ин корро (шикасти зоҳириро) барои он чи барои мо беҳтар ва хайр аст қарор бидеҳ ва аз ин ситампешаҳо интиқом бигир!”

Сипас, Имом Ҳусайн аз аспаш пойин омад ва бо шамшер барои тифл қабре канд ва барои ӯ намоз гузорид.

(Мақтал, 2/32, Таърихи Табарӣ, 2/360 ва Ибни Касир, 8/188, ба нақл аз “Маъолимул-мадрасатайн”, 3/161)

Ҳамлаи душман ба хаймаҳо

Бино бар нақли Табарӣ, Шимр ибни Зилҷавшан (яке аз сарони душман ва сипоҳи Язид) ҳамроҳи шуморе наздик ба 10 нафар пиёданизом, ба сӯйи хаймаи Имом Ҳусайн раҳсипор шуд, ки дар он бонувон ва хонаводаи Имом Ҳусайн буданд. Имом Ҳусайн (аз майдони набард) хитоб ба Шимр фармуд:

ویلکم، إن لم یکن لکم دین ولا تخافون یوم المعاد، فکونوا فی أمر دنیاکم أحرارا ذوي أحساب، امنعوا رحلي وأهلي من طغامکم وجهالکم

“Вой ба ҳоли шумо! Агар дин надоред ва аз рӯзи қиёмат наметарсед, лоақал дар кори дунёи хеш озода (ва мард) ва баобрӯ бошед! Пастфитратон ва нодонҳои худро манъ кунед, то наздики аҳл ва хонаводаи ман нашаванд!” (Табарӣ, 2/362-363)

Аммо онҳо гӯши шунаво надоштанд. Ба хаймаҳо ҳуҷум оварданд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дониши андак беҳтар аз ибодати бисёр
Аксуламали Пизишкиён ба ташвиқи Натонёҳу дар Кунгураи Омрико

Матолиби пурбоздид