Содатарин роҳкорҳо барои хушахлоқӣ

Содатарин роҳкорҳо барои хушахлоқӣ

Сабки зиндагӣ

Хушахлоқӣ сифати некӯест, ки зиндагиро ба коми худамон ва дигарон ширин мекунад. Содатарин роҳкорҳо барои хушахлоқӣ лабханд задан ба дигарон аст, зеро бо лабханд задан ҳисси хуберо ба дигарон мунтақил мекунем, эҳсоси хубе дар дарунамон шукуфо мешавад, ки ба ахлоқи хуш меанҷомад.

Хушахлоқӣ бо дигарон на танҳо боис мешавад, ки онҳо ба мо бештар эҳтиром гузоранд, балки рӯзамон зеботар мешавад. Аммо ҳамеша хушахлоқ будан кори содаву осоне нест, бахусус замоне ки руҳияи хубе надорем, ё ҳангоми рӯбарӯ шудан бо фарде, ки боиси озорамон мешавад. Барои ин ки аксари мавоқеъ, хушахлоқ бошем, лозим аст роҳкорҳоеро анҷом диҳем.

 

Роҳкорҳо барои хушахлоқӣ бо атрофиён

Адабро риоят кунем

Бо бегонагон низ ба андозаи хонаводаамон муаддабона бархӯрд кунем. Масалан дар автобус ба танҳоӣ курсиеро ишғол накунем, бо садои баланд, бо телефони ҳамроҳ сӯҳбат накунем, ба дигарон курсии холиро пешниҳод кунем.

 

Гуфтугӯи кӯтоҳ ва мусбат дошта бошем

Дар бораи мавзӯоти мавриди алоқаи ҳамсӯҳбати худ ҳарф занем ва агар бо ӯ нав ошно шудаем ва бахубӣ ӯро намешиносему аз алоқаҳояш бехабарем, дар бораи масоили пиромунамон сӯҳбат кунем.

Ҳамаи афрод аз касоне, ки шӯхтабъ ҳастанд ва шӯхӣ мекунанд, хушашон меояд.

Бархе афрод ба иштибоҳ мепиндоранд, гуфтугӯҳои кӯтоҳ, беҳуда ва фақат вақт талаф кардан аст, аммо ин муколимоти кӯтоҳ метавонад пояи иртиботи амиқи оянда бошад.

 

Лабханд бизанем ва хандарӯ бошем

Лабханд задан содатарин кор барои хушахлоқ ба назар расидан аст. Лабханд задан сабаб мешавад, фарди рӯбарӯи мо низ лабханд бизанад. Лабханд задан дар бадтарин шароити руҳӣ, сабаб мешавад, эҳсоси хушҳолии бештаре кунем.

Гоҳе ба далели хиҷолат ҳангоме ки аз канори ошное мегузарем, ба роҳатӣ лабханд намезанем ва ин сабаб мешавад, ки онҳо тасаввур кунанд мо фарди сард ё бадахлоқ ҳастем. Лабханд задан ҳам барои худамон ва ҳам барои дигарон муфид аст.

 

Таърифу тамҷид кунем, на чоплусӣ

Ҳамаи инсонҳо аз таърифу тамҷид хушашон меояд, пас вижагиҳои мусбати дигаронро ба онҳо бигӯем ва аз онҳо тамҷид кунем то фарди хушахлоқе ба назар расем.

Аммо аз таърифи беш аз ҳад худдорӣ кунем, зеро таърифи зиёд чоплусӣ ба назар мерасад. Пас эҳтиёт бошем, ки чоплусӣ накунем, махсусан, агар фарди рӯбарӯ дӯсти ҷадидамон ё мудири мо бошад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи мушакӣ ба Ҷулон – намоиши саҳнасозишудаи исроилӣ
Исроил: Дар ҳоли омодагии ҳамла ба Лубнон ҳастем

Матолиби пурбоздид