Эҳёи тафаккури исломӣ (3)
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Бахши севвум
Ҳамбастагӣ, яке аз алоими ҳаёт
Яке аз алоими ҳаёти як ҷомеа ин аст, ки ҳамбастагӣ миёни афродаш бештар аст.
Хоссияти мурдагӣ, муталошӣ шудан ва мутафарриқ шудан ва ҷудо шудани аъзо аз якдигар аст.
Хоссияти зиндагии як иҷтимоъ, ҳамбастагӣ ва пайвастагии бештари аъзо ва ҷавореҳи он иҷтимоъ аст. Оё ҷомеаи исломии имрӯз як ҷомеаи зинда аст ё як ҷомеаи мурда? Ба ин далел, ки мусалмонон бештар ба ҷони якдигар меафтанд ва бештари кӯшишҳояшон сарфи ҷангу даъво бо худашон ва ихтилофи дохилии худашон мешавад ва дар натиҷа душмани зирак истифода мекунад, онҳо мурда ҳастанд.
Чӣ таъбири расое вуҷуди мубораки Расули Акрам Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи дорад, мефармояд:
مثلُ المؤمنين في تَوادِّهم وتَرَاحُمِهِم وتعاطُفِهِمْ، مثلُ الجسَدِ إذا اشتكَى منْهُ عضوٌ تدَاعَى لَهُ سائِرُ الجسَدِ بالسَّهَرِ والْحُمَّى
(“Ҷомеъус-сағир”, ҷ.2, с.155) Масалаи мардуми боимон; онҳое, ки зинда ба имонанд, онҳое, ки мисдоқи:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اسْتَجِيبُوا لِلَّهِ وَلِلرَّسُولِ إِذَا دَعَاكُمْ لِمَا يُحْيِيكُمْ
— ҳастанд, масали мӯъминин дар ҳамдилӣ, дар дӯст доштани якдигар, дар отифа доштан нисбат ба якдигар, дар ҳамдардӣ нисбат ба якдигар, дар алоқаманд будан ба сарнавишти якдигар, масали пайкари зинда аст, ки агар узве аз он ба дард ояд, соири аъзо бо ин узв ҳамдардӣ мекунанд.
Аввалаш таб аст. Як конуни чирк, ки дар як нуқта аз бадан пайдо мешавад, фавран як ҳарорати ғайриоддӣ дар тамоми бадан эҷод мегардад. Масалан, як зойеъа дар гӯшае аз кабид (ҷигар) ё рӯда пайдо шуда, ки табиб ташхис намедиҳад, басо ҳаст, ки агар аксбардорӣ ҳам бикунанд, ташхис дода намешавад, ки чист, аммо ин қадр маълум мешавад, ки тамоми бадан аз нӯги сар гирифта то нохуни по ғарқ дар таб мешавад, дараҷаи ҳарораташ боло меравад, лейкоситҳои хун ба фаъолият меафтанд, тамоми бадан ба фаъолият меафтад, ки чаро дар фалон ҷойи бадан фалон зойеъа пайдо шуда. Ин, аломати ҳаёт аст. Оё мо, мусалмонон имрӯз ҳамин ҷур ҳастем? Оё агар зойеъае, гирифторие дар нуқтае аз нуқоти исломӣ рух бидиҳад, мо ин ҷур ҳастем?
Ҳудуди понсад сол пеш вақте, ки Андалусро, ки яке аз шарифтарин аъзои пайкари исломӣ буд аз мусалмонон гирифтанд — ки ин ҳам таърихчаи аҷибе дорад (1) — асосан мусалмонони дигар ҳеч мутаваҷҷеҳ нашуданд ва гӯё аслан хабардор нашуданд, ки узви шариферо, яке аз маҳдҳои бузурги тамаддуни исломӣ ва ҷаҳониро аз онҳо гирифтанд. Дар он вақт гирифтори ҷанги шиъа ва суннӣ буданд, аслан фикр намекарданд, ки чунин мавзӯе ҳам дар дунё матраҳ аст ва чунин фоҷеае ҳам барои дунёи ислом рух додааст.
Иқбол муддаӣ аст, ки аз таърихи мурдани тафаккури исломӣ понсад сол мегузарад; Понсад сол аст, ки тарзи тафаккури мусалмонон дар бораи ислом ба сурати мурдае даромада ва сурати зиндагии худашро аз даст додааст.
Дар гирифториҳое, ки имрӯз барои ислом ҳаст, масалан дар ҳамин гирифтории Фаластин, мову шумо чӣ қадр ҳамдардӣ дорем? Воқеан эҳсоси ҳамдардии мо чист? Агар набошад, ба қавли Пайғамбари Акрам, мо мусалмон нестем:
مثلُ المؤمنين في تَوادِّهم وتَرَاحُمِهِم وتعاطُفِهِمْ، مثلُ الجسَدِ إذا اشتكَى منْهُ عضوٌ تدَاعَى لَهُ سائِرُ الجسَدِ بالسَّهَرِ والْحُمَّى
Мефармояд, тамоми ин пайкар бехобӣ ба сараш мезанад, истироҳат ва осоиш аз ӯ гирифта мешавад, яъне он қадр ба такопӯ меафтад, ки дигар хобаш намебарад.
Ин ҷумла аз Пайғамбари Акрам буд, ки нишонае аз ҳаётро ба даст медиҳад. Ҳамчунин Пайғамбари Акрам фармуд:
مَنْ سَمِعَ رَجُلًا ینادي یا لَلْمُسْلِمینَ فَلَمْ یجِبْهُ فَلَیسَ بِمُسْلِمٍ
(“Васоилуш-шиъа”, ҷ.11, с.108 ва 560) Ҳар касе, ки бишнавад марде истиғоса мекунад ва мусалмононро ба кӯмак металабад ва ӯро иҷобат накунад ва ҷавоб надиҳад, дар мантиқи ман, ӯ мусалмон нест. Касе, ки бастагӣ ва пайвастагии ӯ бо бародарони мусалмонаш ин қадр набошад, ӯ мусалмон нест. Ин ҳам як аломати дигар.
Агар бихоҳам ҳамаи инҳоро барои шумо арз кунам тӯл мекашад, вале ба ҳар ҳол барои мо лозим ва зарурӣ аст, ки тафаккур исломии худамонро ба шакли зиндае дароварем, талаққии худамонро аз ислом иваз кунем, нигоҳе кунем шояд мисли касе, ки қабое ё кутеро воруна пӯшида, мо ҳам либоси исломро воруна пӯшидаем. Бисёре вақтҳо барои худи мо иттифоқ афтода, ки ъаборо пӯшидаем, омадаем берун, як соат ҳам дар миёни мардум роҳ рафтаем, мутаваҷҷеҳ нашудаем, дигарон ҳам дидаанд ба мо чизе нагуфтаанд, то билохира дӯсте расида ва гуфта: оқо! Имрӯз пул гиратон меояд, ъабоятонро воруна пӯшидаед.
Воқеан мо бояд таҷдиди назаре дар мусалмонии худамон бикунем. Шояд мо либоси мусалмониро ба таъбири амирулмӯъминин (ҳазрати Алӣ) воруна пӯшидаем.
Яке аз руфақо интиқоди латифе мекард, мегуфт: оё ин таҷлил аз Иқбол нишонае аз мурдапарастӣ нест, ки ҳар марди бузурге пас аз он ки мурд, мо ӯро таҷлил мекунем? Албатта ин ба танҳоӣ на, бузургон мурда ва зинда надоранд, аммо манзури ӯ ин буд, ки чаро аз баъзе зиндаҳое, ки камтар аз Иқбол нестанд ва дар бисёре аз қисматҳо болотар аз Иқболанд таҷлил намешавад? Аллома Таботабоӣ салломуҳуллоҳ таъоло, ин марди бисёр-бисёр бузург ва арзанда — ки албатта маҷлиси имрӯз маҷлисе нест, ки ин миқдор шоистагӣ дошта бошад, ки ҳаққи эшонро адо кунад, вале чун ин шахс ин ҳарфро зад арз мекунам — марде аст, ки сад соли дигар бояд биншинанд ва осори ӯро таҷзияву таҳлил кунанд ва ба арзиши ӯ пай бибаранд. Чаро мо аз ҳоло ба ин фикр наяфтем? Ин мард воқеан яке аз хидматгузорони бисёр-бисёр бузурги ислом аст. Аввалан, муҷассамаи тақво ва маънавият аст. Дар таҳзиби нафс ва тақво мақомоти бисёр олиро тай кардааст. Ман солиёни дароз аз файзи маҳзари ин марди бузург баҳраманд будаам ва алъон ҳам ҳастам.
Китоби тафсири “Алмизон”-и эшон яке аз беҳтарин тафосире аст, ки барои Қуръони Маҷид навишта шудааст. Албатта Қуръони Маҷид мақоме дорад, ки намешавад ҳеч тафсиреро иддаъо кард, ки ҳаққи Қуръонро адо кардааст, вале муфассирон ҳар кадом аз як ҷанбаи бахусус хидмате ба Қуръон кардаанд. Ман метавонам иддаъо кунам, ки ин тафсир (Алмизон) аз ҷанбаҳои хоссе — ки алъон вақти он нест, ки бароятон арз кунам — беҳтарин тафсире аст, ки дар миёни шиъа ва суннӣ аз садри ислом то имрӯз навишта шудааст. Бисёр-бисёр марди азим ва ҷалилулқадре аст.
Ин вазифаи ҳавзаи Қум ва вазифаи ҳама аст ва шояд вазифаи мо ҳам бошад, ки 70-солагии ин мардро — ки алъон дар ҳадди 70-солагӣ аст — таҷлил кунем. Дигарон чӣ тавр як 70-сола, ки пайдо мекунанд, ба эътибори ин ки марде аст, ки дар тӯли умраш ба адаб ва фарҳанг ва адабиёт хидмат карда, аз ӯ таҷлил мекунанд, онҳое, ки як садуми Алломаи бузург Таботабоӣ шумурда намешаванд. Чаро аз ин марди бузург ба ин унвон дар зиндагиаш таҷлил нашавад?! Таҷлил аз инҳо таҷлил аз илм аст, таҷлил аз иҷтимоъ аст, яъне ақалли фоидае, ки дорад ин аст, ки мардум сабр намекунанд, ки 100-сол бигузарад баъд, аз файзи ин мард баҳраманд шаванд; ҳар чи зудтар аз файзи вуҷуди ин мард баҳраманд мешаванд.
Ва тафовуте, ки замони мо бо замонҳои қабл дорад ин аст, ки афродро зудтар метавонад бишносонад (ба василаи чопи китоб ва аз ин қабил). Албатта эшон танҳо дар Эрон шинохта нестанд, балки дар дунёи ислом шинохта ҳастанд. Тафсири “Алмизон”-ро дар Бейрут ҳамин ҷур бидуни иттилоъ чандин бор таҷдиди чоп кардаанд ва ин худаш нишон медиҳад, ки афкор ва китобҳои эшон дар дунёи ислом чӣ қадр барои худаш ҷо боз кардааст. На танҳо дар дунёи ислом, дар дунёи ғайри ислом ҳам мусташриқине, ки бо маорифи исломӣ ошно ҳастанд, дар Урупо ё Омрико, яке аз касоне, ки дар дунёи ислом ӯро ба сурати як муфаккири бузург мешиносанд ва суроғаш меоянд, эшон ҳастанд. Аллол ал-Фоссӣ — ки албатта дар дунёи ислом марди донишманде аст — вақте, ки ба Эрон омад, махсусан ба Қум ва ба хонаи эшон рафт барои ин ки як соат аз маҳзари ин марди бузург баҳраманд шавад ва шунидаам, ки вақте аз манзили эшон берун омад, хеле муъҷаб (шигифтзада) буд ба мақоми ин шахси бузург, ин касе, ки ҳам шахсияти исломӣ дорад (шахсияташ танҳо шахсияти шиъӣ нест) ва ҳам шахсияти илмии ҷаҳонӣ.
Бо камоли таассуф бояд арз кунам, ки як соле аст, ки эшон филҷумла як нороҳатии қалбӣ пайдо кардаанд ва аз Худованди Таборак ва Таъоло масъалат мекунам, ки ин марди бузургро барои мо нигаҳдорӣ бифармояд. Ин мард, бисёр марди ҷалилулқадр ва азимулманзилае аст ва яке аз корҳое, ки ахиран эшон иқдом фармудаанд, мавзӯъи ҳамдардӣ бо бародарони исломӣ аст, ин бародарони фаластинии мо, ки ба ҳар мантиқе ҳатто омрикоиҳо наметавонанд ба ҳаққи онҳо эътироф накунанд. Эшон ду се ҳисоб ахиран боз кардаанд дар Бонки Миллии Эрон, шӯъбаи марказӣ ва Бонки Бозаргонӣ, шӯъбаи марказӣ ва Бонки Содирот, шӯъбаи бозор. Оқоён агар майл дошта бошанд, шумораҳоро ёддошт кунанд.
Албатта эшон (Аллома Таботабоӣ) ҳастанд дар дараҷаи аввал ва баъд, ин марди бузурге, ки дар ҳамин ёдбуди Иқбол ин ҷаласаро ифтитоҳ кард: Оятуллоҳ Сайид Абулфазли Мусавии Занҷонӣ, эшон ҳам марди бисёр ҷалилулқадр ва маҷҳулулқадре аст, муҷтаҳиди мусалламуладола ва одили мусалламулиҷтиҳод аст; ва албатта барои ин ки подуе ҳам дошта бошанд, банда севвумашон ҳастам. Ин ҳисоб ба номи се нафар боз шудааст.
Таваҷҷӯҳ дошта бошед, ин ҳисобҳо ва кӯмак карданҳо ва ҳисоб боз карданҳо ба ин назар нест, ки пул чӣ қадр ҷамъ мешавад. Мусаллам аст ҳамаи мо, эрониҳо агар бихоҳем ҳамаи пулҳоямонро рӯйи ҳам бирезем, шояд ба қадри пули дуто яҳудӣ, ки дар Омрико нишастаанд ва пули дунёро аз роҳи рибо ва дуздии сарвати дунё мебаранд нашавад, вале ҳисоб ин аст, ки мусалмон шарти мусалмониаш ҳамдардӣ ва ҳамдилӣ аст.
Тамсиле зикр мекунанд, ки: дар вақте, ки Иброҳим алайҳис саломро ба оташ андохтанд, яке аз мурғони ҳаво, булбул ё мурғи дигаре, омада буд дар саҳрои оташе, ки Иброҳимро дар он андохта буданд, мерафт ва даҳонашро пур аз об мекард ва мерехт барои ин ки оташро ба нафъи Иброҳим сард кунад. Ба ӯ гуфтанд: эй ҳайвон! Ин оби даҳони ту дар муқобили ин ҳама оташ чӣ арзише дорад? Гуфт: ман фақат ба ин васила метавонам ақида ва имон ва алоқа ва вобастагии худамро ба Иброҳим иброз кунам.
Шумо агар як тумон дар ин роҳ бидиҳед, он ки арзиш дорад эҳсосоти шумост, намояндаи мусалмонии шумост, пайванди худатонро ба ин васила бо Ҳусайн ибни Алӣ алайҳис салом равшан кардаед.
Арз кардам, имрӯз рӯзи пайванд бо шаҳидон аст. Агар бино шавад мо дар мавқеаш, ки мешавад аз шаҳидон бигсалем, вале баъд ҳамеша биншинем ва амреро, ки нашуданӣ аст бигӯем:
السَّلامُ عَلَیک یا أبا عَبْدِاللَّهِ یا لَیتَنا کنّا مَعَک فَنَفوزَ فَوْزاً عَظیماً
Эй кош мо мебудем бо ту! Ҳусайн ибни Алӣ алайҳис салом мегӯяд: Карбало, ки як рӯз нест, ҳамеша аст.
Яке аз далоиле, ки ҷомеаи мо ҷомеаи мурда аст ҳамин ҷараёне аст, ки мо феълан дар рӯзи арбаъин дорем. Дар ин рӯз воқеан ду мавзӯъи муҳим дорем, ки бисёр шоистаи аҳаммият аст. Яке, омадани Ҷобир (ба Карбало барои зиёрати Абӯабдиллоҳ алайҳис салом), ки омаданаш як тоблуи бузург аст ва дигар, зиёрати арбаъин — ки алъон фурсати шарҳи он нест ва бояд дар вақти дигаре мазмунҳои он зиёратро барои шумо бихонам — ва ин суннате, ки аз дур, аз ҳар ҷо, ки ҳастед, Ҳусайн ибни Алӣ алайҳис саломро дар ин рӯз зиёрат кунед. Инҳо ду ҷараёни воқеӣ аст.
Як ҷараёни сохтагӣ, ки дар ҳеч китоби мӯътабаре вуҷуд надорад ва танҳо дар як китоб вуҷуд дорад, ки он китоб ба иттифоқи тамоми арбоби мақотил мӯътабар нест (2) ин аст, ки дар рӯзи 20-уми моҳи сафар, асирон, аҳли байти пайғамбари Акрам Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи, аҳли байти Имом Ҳусайн алайҳис салом, аз Шом ба Карбало меоянд.
Мо он ду ҷараёни асилро ба куллӣ фаромӯш кардем. Шояд дар миёни ҳамаи мо ду нафар набошанд, ки зиёрати арбаъинро ба қасди пайванд бо Ҳусайн ибни Алӣ алайҳис салом хонда бошанд ё достони Ҷобирро аз рӯйи тадаббур гӯш карда бошанд. Ҳар ҷо, ки меравем, сӯҳбат аз ин аст, ки аҳли байти Имом Ҳусайн алайҳис салом ба Карбало сари қабри Имом Ҳусайн алайҳис салом омаданд; баъд чӣ шеърҳо, чӣ марсияҳо, чӣ синазаниҳо, ҳама бар асоси дурӯғ.
Ин, аломати ҷомеаи мурда аст. Дурӯғро мепазирад, аммо ростро ҳаргиз ҳозир нест бипазирад. Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ аз саҳобаи Пайғамбари Акрам ва аз ҷавонони асҳоби Паёмбар Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи аст ва дар ҷанги Хандақ ҷавоне буда дар ҳудуди 16-солагӣ, тоза болиғ шуда буд, дар вақти вафоти Расули Акрам Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи тақрибан 22-сола буда ва бинобар ин дар санаи 61 ҳиҷрӣ ин мард ҳафтоду чанд сола будааст. Дар охири умр кӯр шуда буд, чашмҳояш намедид. Бо як марди муҳаддиси бузургворе ба номи Атийяи Авфӣ омад ва қабл аз он ки ба суроғи турбати Ҳусайн алайҳис салом биравад, рафт суроғи Фурот, ғусли зиёрат кард ва худашро аз саъд — ки гиёҳи хушбӯ буда ва онро хушк мекарданд ва баъд месойиданд ва пудр мекарданд ва аз он ба унвони як атр ва бӯйи хуш истифода мекарданд — хушбӯ кард. Атийя мегӯяд, вақте, ки Ҷобир аз Фурот берун омад, гомҳоро оҳиста бармедошт ва дар ҳар гоме зикре аз азкори илоҳӣ бар забонаш буд.
Ҷобир аз дӯстони амирулмӯъминин (ҳазрати Алӣ) ва аз дӯстони хонадони Пайғамбар Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва дар ҳудуди 12 сол аз Абӯабдиллоҳ бузургтар аст ва бо Абӯабдиллоҳ хеле маҳшур будааст. Атийя гуфт: бо ҳамин ҳол, гомҳоро оҳиста бардошт ва омад ва зикр гуфт, то ба наздикии қабри муқаддаси Ҳусайн ибни Алӣ алайҳис салом расид. Вақте, ки расид, ду бор ё се бор фарёд кашид:
حَبیبي یا حُسَین
Дӯстам, Ҳусайнҷон! Баъд гуфт:
حَبیبٌ لا یجیبُ حَبیبَهُ؟
Дӯсте ҷавоби дӯсташро чаро намедиҳад? Ман Ҷобир, дӯсти ту ҳастам, рафиқи дерини туам, пирғуломи ту ҳастам, чаро ҷавоби маро намедиҳӣ? Баъд гуфт: азизам, Ҳусайнам! Ҳақ дорӣ ҷавоби дӯстатро надиҳӣ, ҷавоби пирғуломатро надиҳӣ, ман медонам бо рагҳои гардани ту чӣ карданд, ман медонам сари муқаддаси ту аз бадани муқаддасат ҷудост… Гуфт ва гуфт, то афтод ва беҳуш шуд. Вақте, ки ба ҳуш омад, сарашро ба ин тараф ва он тараф баргардонд ва мисли касе, ки бо чашми ботин мебинад, гуфт:
السَّلامُ عَلَیکمْ أیتُهَا الْأرْواحُ الَّتي حَلَّتْ بِفِناءِ الْحُسَین
Саломи ман бар шумо мардоне, ки руҳи худатонро фидои Ҳусайн кардед!
Баъд аз ин ки гуфт, ман чунину чунон шаҳодат медиҳам, гуфт: ва ман шаҳодат медиҳам, ки мо ҳам бо шумо дар ин кор шарик ҳастем. Атийя таъаҷҷуб кард, ки яъне чӣ? Мо бо инҳо дар ин кор шарик бошем? Ба Ҷобир гуфт: маънии ҷумлаатро нафаҳмидам, мо, ки ҷиҳод накардем! Мо, ки қабзаи шамшер ба даст нагирифтем, чаро шарик бошем?! Гуфт:
Асле дар ислом ҳаст, ки ман аз Пайғамбар Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи шунидам. Фармуд: ҳар касе, ки воқеан аз таҳи дил дӯст дошта бошад, руҳаш ҳамоҳанг бошад, дар ин амал шарик аст. Ман агар ширкат накардам, наметавонистам ширкат кунам, аз ман ҷиҳод бардошта шуда буд, вале руҳи ман парвоз мекард, ки дар рикоби Ҳусайн алайҳис салом бошад. Чун руҳи мо бо руҳи Ҳусайн буд, ман ҳақ дорам иддаъо кунам, ки мо бо онҳо дар ин амал шарик ҳастем.
* * *
(1) Китоби “Таърихи Андалус”-и марҳум дуктур Оятӣ ризвонуллоҳи алайҳро ҳатман бихонед, Донишгоҳи Теҳрон чоп кардааст.
(2) Албатта соҳибаш марди бузургворе аст, ки дар ҷавонӣ ин китобро навишта ва ин китоб муштамил аст бар бисёре аз масоил, ки таърих онҳоро такзиб мекунад. Ҳеч кадом аз муаррихон ва муҳаддисин ва мақталнависони ислом ин ҷараёнро нанавиштаанд, балки такзиб кардаанд ва ақл ҳам онро такзиб мекунад.
Идома дорад…
Қаламонлайн