Сармашқҳои зиндагӣ
Сабки зиндагӣ
Баъзе аз кӯдакон аз ҳамон рӯзҳои аввале, ки ҷунбуҷӯш пайдо мекунанд, на танҳо барои падару модар, балки барои ҳама ширину дӯстдоштанӣ ҳастанд ва аз назари ахлоқ ва рафтор мумтозанд. Ва Муҳаммад(с) саромади ин ин даста аз кӯдакон будааст.
Муҳаммад(с) аз кӯдакӣ боадабу боахлоқ буд. Ҳазрати Абутолиб мегӯяд:
“Ман ҳаргиз аз ӯ дурӯғ нашунидам, кори ношоиста ва хандаи беҷо надидам. Ба бозиҳои бачаҳо рағбат намекард,танҳоӣ ва халватро дӯст медошт ва дар ҳама ҳол мутавозеъ буд”.
Ҳамчунин Абутолиб мефармуд:
“Ҳаргиз дида нашуд, монанди кӯдакони ҳамсоли худ нисбат ба хӯрок ҳирс нишон диҳад. Ба таоми андак иктифо мекард ва аз зиёдаравӣ худдорӣ меварзид. Бар хилофи кӯдакони ҳамсолаш ва бар хилофи одату тарбияти он рӯз, муйҳои хешро мураттаб мекард ва сару сурати худро тамиз нигаҳ медошт”.
Сабки зиндагии ӯ чунин идома ёфт ва пойбандии ӯ ба арзишҳо чунон буд, ки торих шаҳодат медиҳад, дар давраи ҷавонӣ ба азамати ахлоқӣ маъруф будааст:
“Дурустӣ ва хушхулқии ӯ шӯҳрати бесобиқае дар миёни қурайш барояш касб кард. Ба ҳамин далел, лақаби “АМИН” ба эшон доданд. Ин овозаи баланд ба иловаи некрафторӣ ва садоқати он ҷаноб сабаб шуд, ки алоқаи Хадиҷа, он зани сарватманди Маккаро ба худ ҷалб кунад то ба он ҷо ки ҳамаи корҳои тиҷоратии худро ба ҳазрати Муҳаммад вогузор кунад”. (Густов Лебун)
Қаламонлайн