Ҳамоҳангӣ бо иқтизои замон
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Як масъала ҳаст; инро аз назари исломӣ бароятон ташреҳ кунам ва он, зуҳде аст, ки ба иқтизои замон аст. Замонҳо фарқ мекунанд; дар як замон барои инсон вазифа аст, ки зоҳидона зиндагӣ кунад ва дар як замони дигар на. Мисол: мо агар дар зиндагии Пайғамбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва ҳазрати Амир алайҳис салом мутолеа кунем, мебинем зиндагии онҳо бо зиндагии имомони баъд масалан Имом Боқир алайҳис салом ва Имом Содиқ алайҳис салом андаке тафовут дорад, яъне зиндагии Пайғамбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва амирулмӯъминин алайҳис салом соддатар ва зоҳидонатар аст аз зиндагии масалан Имом Боқир алайҳис салом ва Имом Содиқ алайҳис салом ва Имом Мӯсо ибни Ҷаъфар алайҳис салом ва Имом Ризо алайҳис салом ва ҳатто аз зиндагии Имом Ҳасани Муҷтабо алайҳис салом.
Ин тафовут аз куҷост? Бо баёноте, ки қаблан эрод кардам, ҷавоби матлаб возеҳ аст, вале Имом Содиқ алайҳис салом сареҳан ҷавоб додаанд.
Яке аз мутасаввифаи замони Имом Содиқ алайҳис салом — яъне нимаи аввали қарни дуввум — омад хидмати эшон ва дид, Имом як ҷомаи зебо ва зарифу латиф ба тан кардаанд. Гуфт: ё ибна Расулиллоҳ! Шумо чаро бояд чунин либоси олӣ ва фохире бипӯшед?! Фармуд: биё биншин, гӯш кун, то ҷавобатро бидиҳам. Як вақт ҳаст, ки воқеан иштибоҳ кардаӣ ва як вақт ҳаст, мефаҳмӣ, вале мехоҳӣ авомфиребӣ кунӣ. Агар намехоҳӣ авомфиребӣ кунӣ, биё, то бо ту сӯҳбат кунам.
Ҳазрат бо ӯ сӯҳбатҳое карданд ва ӯ натавонист ҷавоб диҳад. Рафт ва баъд бо руфақояш дастаҷамъӣ омаданд. (Достони хеле муфассал аст. Мехоҳам яке аз нукотеро, ки дар ин достон ҳаст, арз кунам.) Имом ба ин ҷамъ, ки омада буданд ва мӯътариз буданд, ки чаро шумо либоси фохир пӯшидаед, фармуданд: мумкин аст шумо ин ҷур фикр кунед, ки агар либоси фохир пӯшидан хуб аст, чаро Пайғамбар Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва Алӣ алайҳис салом намепӯшиданд ва агар бад аст, чаро ту мепӯшӣ? Онҳо гуфтанд: бале, мо ҳаминро мегӯем.
Ҳазрат фармуданд: шумо шароити замонро дарк намекунед. Аз назари ислом, либоси фохир пӯшидан гуноҳ нест. Аз назари ислом, Худо неъматҳои дунёро барои истифодаи башар халқ кардааст. Худо ин неъматҳоро халқ накардааст, ки мо онҳоро дур бирезем; халқ карда, ки мо аз ин неъматҳо истифода кунем. Вале гоҳе шароит эҷоб мекунад, ки мо ба хотири фалсафаи хоссе аз неъматҳои дунё сарфи назар кунем. Яке аз он фалсафаҳо ин аст, ки дар як замон мумкин аст шароити зиндагии умуми мардум сахт ва мушкил бошад, ба истилоҳ дар ҷомеае бошем, ки вазъи иқтисодии он хуб нест. Агар мо дар чунин ҷомеае қарор бигирем, чунончи имконоти шахсии мо ҳам иҷоза бидиҳад, ки аз як зиндагии олӣ баҳраманд шавем, набояд баҳраманд шавем, барои ин ки агар баҳраманд шавем, бо бародарони худ ва инсонҳои дигар ҳамдардӣ ва ҳамдилӣ накардаем. Вале як вақт дар шароите зиндагӣ мекунем, ки вазъи умуми мардум хуб аст. Дар чунин вақте, далел надорад, ки мо аз либоси хуб чашм бипӯшем.
Баъд фармуд: Пайғамбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва Алӣ алайҳис салом дар шароит ва замоне зиндагӣ мекарданд, ки вазъи иқтисодии мардум бад буд. Пайғамбар дар Мадинае зиндагӣ мекунад, ки дар он гурӯҳе аз мардум, асҳоби Суффа ҳастанд, ки бисёр тиҳидаст ва фақиранд ва Мадина дар ҳоли ҷанг аст.
Кишваре, ки бо кишвари дигар ё шаҳре, ки бо шаҳри дигар меҷангад, хоҳ нохоҳ дар мазиқаи иқтисодӣ қарор мегирад, хусусан агар қаҳтӣ ва хушксолӣ ҳам пеш ояд ва Мадина гоҳе дар чунин шароите қарор мегирифт. Натиҷа ин шуда буд, ки гоҳе асҳоби Суффа — яъне иддае аз асҳоби Пайғамбар, ки аз билоди ғурбат омада буданд ва Пайғамбари Акрам Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ибтидо онҳоро дар масҷид ва баъд дар канори масҷид ҷо дода буд — он қадр дар сахтӣ ва фақр ба сар мебурданд, ки либос надоштанд, то биёянд дар масҷид ва дар ҷамоат ширкат кунанд ва гоҳе як либос дар миёни онҳо мубодила мешуд, яъне яке мепӯшид ва намоз мехонд ва баъд, дигаре аз он барои намоз хондан истифода мекард. Дар чунин шароите ҳеч вақт барои як мӯъмин саҳеҳ нест, ки ҳарчанд аз моли худаш, либоси фохир бипӯшад.
Дар чунин шароите аст, ки вақте Пайғамбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ба хонаи духтараш Заҳро ворид мешавад ва мебинад, ки ӯ як дастбанди нуқра дар даст дорад ва пардаи алвониро аз дар овехтааст, ба аломати эътироз бармегардад. Ҳазрати Заҳро, ки аз хулқу хӯйи падари бузургвораш огоҳ буд, фавран дастбандро аз дасти худ даровард ва пардаро ҳам аз дар канд ва зимни фиристодани онҳо хидмати падари бузургвораш, гуфт, падарамро салом бирасонед ва бигӯед, инҳоро духтарат фиристодааст, дар ҳар роҳ, ки худатон салоҳ медонед, масраф фармоед. Пайғамбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи фавран дастур медиҳад, аз ҳамон порчаи парда чанд пероҳан ё шалвор барои асҳоби Суффа дуруст кунанд. Вақте, ки шароит чунин аст, вазифа чизи дигаре аст.
Ҳазрати Содиқ алайҳис салом ба мӯътаризин фармуд: ман алъон дар шароите, ки Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи зиндагӣ мекард, зиндагӣ намекунам. Ман агар дар шароити ҷаддам Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи зиндагӣ мекардам, мисли ӯ будам ва Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ҳам агар дар замони ман зиндагӣ мекард, ки вазъи умуми мардум хуб шуда ва беҳтар аст, мисли ман зиндагӣ мекард.
Ин ҳам як фалсафаи дигар барои зуҳд аст.
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Қаламонлайн