Паёми Яҳё Синвор: “Танҳо дар сурати таваққуфи ҷанг, ҳозир ба музокира ҳастем”
Паёми Яҳё Синвор ба Миср ва Қатар: “Танҳо дар сурати таваққуфи ҷанг, ҳозир ба музокира ҳастем”
Ахбори байналмилал
Рӯзномаи омрикоии Wall Street Journal гузориш дод, ки раҳбари Ҳамос шаби гузашта паёме барои миёнҷигарон ирсол карда ва барои мушорикат дар музокирот пешшарт таъйин кардааст.
Ин рӯзнома навишт, ки Яҳё Синвор, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос, шаби гузашта паёме барои миёнҷигарон (Миср ва Қатар) дар хусуси музокирот ирсол кардааст.
Ба гуфтаи ин рӯзнома, раҳбари ҷадиди Ҳамос дар ин паём гуфтааст, ки танҳо дар сурати таваққуфи амалиёти низомии артиши ишғолгар дар Ғазза, гурӯҳи музокиракунандаи Ҳамос ҳозир аст дар музокирот ҳузур ёбад.
Се кишвари Миср, Қатар ва Омрико, аз режими Исроил ва Ҳамос хостанд, то дар таърихи 15 август музокиротро дар Дуҳа ё Қоҳира аз сар бигиранд, то ихтилофҳои боқимонда ҳаллу фасл шавад.
Wall Street Journal
Қаламонлайн