Тафовути ақл ва илм
Мабоҳиси фалсафӣ
Фарқ байни ақл ва илм
Гоҳе масъалаҳои бисёр содда барои баъзе инсонҳо пӯшида ва норавшан монда, ки барои огоҳон лозим аст шарҳу тавзеҳ диҳанд. Албатта надонистан айб нест, напурсидан айб аст. Касе, ки намедонад, бояд пурсад.
Яке аз ин масоил – ки шахсан аз худам бисёр мепурсанд – фарқи байни ақлу илм аст. Мепурсанд, кадом як аз ин ду муқаддам аст.
Посух ин ки: ақл ва илм ду чиз ҳастанд, ки аслан байни онҳо тақаддуму таъаххур ва ин ки кадом як бартар аз дигарӣ аст, қобили тасаввур нест, яъне намешавад байни онҳо амали муқоиса анҷом дод.
Ақл як абзор аст, ва аммо илм як андӯхта аст, огоҳӣ аст. Ақл, абзор ва василаи андӯхтани огоҳӣ аст. Агар одам ақл надошта бошад, илм ҳам наметавонад дошта бошад.
Агар бихоҳем ташбеҳ кунем, шояд беҳтарин ташбеҳ ин бошад, ки ақлро ба табар ва илмро ба ҳезум ташбеҳ кунем. (Албатта, ин як ташбеҳ асту бас, фақат барои тафҳими матлаб). Одаме, ки мехоҳад ҳезум ҷамъ кунад, ба василаи табар ҷамъ мекунад. Табар як абзор аст.
Ақл низ дуруст мисли як табар дар ихтиёри инсон аст, ки ба василаи он, огоҳӣ ҷамъ мекунад.
Бинобар ин, аслан ин дуруст нест, ки гуфта шавад, кадом як бартар аз дигарӣ аст. Яъне, ҳамон тавр ки наметавон байни табар ва ҳезум муқоиса намуд, байни ақл ва илм ҳам наметавон амали муқоиса анҷом дод. Инки шумо масалан медонед (донистан яъне ҳамон илм), ки 5 зарби 5 баробари 25 аст, ин илмро шумо ба кӯмак ва василаи ақлатон ба даст овардаед, ки агар Худой нокарда аз неъмати ақл бебаҳра будед (масалан инсон девона бошад), наметавонед ба ин масъала огоҳӣ пайдо кунед.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн