Ташвиқи кӯдак ва равишҳои саҳеҳи тарбият

Адаб

Ташвиқи кӯдак ва равишҳои саҳеҳи тарбият

Сабки зиндагӣ
Дар ин навишта ба ин мавзӯъ мепардозем, ки ташвиқи кӯдакон то чӣ ҳад табиист ва аз чӣ замоне табдил ба рафтори вайронгар мешавад. Ташвиқ шудан тавассути падару модар ва ангеза додан ва умед ба бачаҳо барои идомаи роҳ ва корҳо лозим аст, вале дар сурате ки ин кор табдил ба як одат шавад ва барои ҳар кори кучак ва ҳатто маъмулӣ бихоҳем бачаҳоро ташвиқ кунем, асари баде рӯи бачаҳо мегузорад ва ҳатто гоҳе онҳоро аз идомаи роҳ мунсариф мекунад.

Ташвиқ роҳе барои ангеза додан ба кӯдак аст, оё дар ташвиқи кӯдак низ, ҳадду андозае вуҷуд дорад, ё ҳарчӣ метавонем кӯдакамонро, барои ҳар коре ва ба ҳар муносибате ташвиқ кунем?

Дар робита бо суоли боло, равоншиносон мӯътақиданд, ки агар дар замони ташвиқ ба бархе нукот таваҷҷӯҳ надошта бошем, ин ташвиқ, на танҳо боиси афзоиши рафтори дуруст намешавад, балки метавонад, боиси аз байн рафтани рафторҳои хуби кӯдак низ бишавад.

Бинобар ин, ташвиқ ҳадду андоза дорад ва гоҳе вақтҳо ташвиқи нобаҷо таъсири баръакс мегузорад. Бархе падару модарон, ки гоҳу бегоҳ фарзандони худро, беш аз ҳад, ташвиқ мекунанд, кӯдаконашон барои кучактарин коре интизори ташвиқ шуданро доранд.

Дар ин матлаб ба ин мавзӯъ мепардозем, ки ташвиқи кӯдакон то чӣ ҳад табиист ва аз чӣ замоне табдил ба рафтори вайронгар мешавад. Ташвиқ шудан тавассути падару модар ва ангеза додан ва умед ба бачаҳо барои идомаи роҳ ва корҳо лозим аст, вале дар сурате ки ин кор табдил ба як одат шавад ва барои ҳар кори кучак ва ҳатто маъмулӣ бихоҳем бачаҳоро ташвиқ кунем, асари баде рӯи бачаҳо мегузорад ва ҳатто гоҳе онҳоро аз идомаи роҳ мунсариф мекунад.

 

Ташвиқи зиёд боиси беангеза шудани бача мешавад

Замоне ки кӯдакон барои корҳои кучаке мудом ташвиқ шаванд ва мавриди таваҷҷӯҳ қарор бигиранд, дигар аз ин эҳсоси бартар будан бениёз хоҳанд шуд ва ин боис мешавад, то далеле барои бардоштани қадамҳои баъдӣ ва корҳои душвортар надошта бошанд.

Шояд бо мутолиаи ин маврид бо худ тасаввур кунед, пас шояд агар фарзандамонро ташвиқ накунем, беҳтар бошад, аммо оё воқеан эрод аз худи ташвиқ аст ё равише, ки ин гурӯҳ аз модарон барои ташвиқи фарзандони худ аз он истифода мекунанд? Равоншиносон мӯътақиданд, ки агар дар замони ташвиқ ба бархе нукот таваҷҷӯҳ надошта бошем, ин ташвиқ на танҳо боиси афзоиши рафтори дуруст намешавад, балки метавонад, боиси аз байн рафтани рафторҳои хуби кӯдак низ бишавад.

 

Чанд мисол аз ташвиқ кардани саҳеҳи кӯдакон

“Офарин, имрӯз хеле меҳрубон будӣ!”

“Офарин, ки имрӯз қалами рангиатро  ба дӯстат додӣ, ин рафтори ту нишонаи меҳрубонии ту буд”.

Агар бихоҳед фарзандатонро ташвиқ кунед, кадоме аз ҷумалоти болоро истифода мекунед? Мутахассисон мегӯянд, ҷумлаи аввал ҳарчанд мумкин аст, зудтар ба зеҳни волидайн бирасад ва ба хотири кӯтоҳ будани он бештар мавриди истиқбол қарор гирад, аммо ҷумлаи муносибе нест. Замоне ки мехоҳед рафторе дар фарзандатонро ташвиқ кунед, саъй кунед ба сурати дақиқ рафтори ӯро тавсиф кунед ва рафтори фарзандатонро ташвиқ кунед, на худи фарзандатонро.

Шояд бад набошад, тамрине барои ташхиси беҳтари ин мавзӯъ дошта бошед. Пас саъй кунед аз байни ҷумалоти зер  ҷумлаҳоеро, ки рафторро ташвиқ мекунад, шиносоӣ кунед:

“Ту бачаи хеле хубе ҳастӣ!”

“Офарин, ки кумудатро мураттаб кардӣ!”

“Офарин, чӣ қадар хушсалиқа ҳастӣ!”

“Чӣ қадар наққошиатро тамиз кашидӣ, ҳеч куҷо аз хат берун назадааст”.

“Кӯмак кардани ту ба модарат, дар паҳн кардани либосҳо нишондиҳандаи масъулиятшиносии туст”.

“Офарин, ки дар меҳмонии дишаб боадаб будӣ!”

“Офарин, ки дар меҳмонии дишаб, ба ҳама салом кардӣ!”

Ташвиқи беандоза фарзандро пуртаваққӯъ мекунад, ки бояд дар ҳамаи корҳо беҳтарин бошад ва ҳамин мавзӯъ боис мешавад, агар натавонад дар коре муваффақ шавад, зуд эҳсоси шикаст кунад ва эътимод ба нафсаш кам мешавад. Бинобар ин, мумкин аст ба мурур дар дигар корҳо бо мушкил рӯбарӯ шавад.

Дар бархурд бо кӯдак  ва ташвиқи ӯ, воқеиятро баён кунед, на чизи бештар. Вақте беш аз ҳад зиёдаравӣ кунем, эътимод ба нафс ва худбоварии козиб ба фарзанд медиҳем ва ояндаи бачаро бо мушкил мувоҷеҳ мекунем. Агар аз кӯдакӣ фарзандон мавриди таваҷҷӯҳи зиёд ва ташвиқҳои мукаррар қарор гиранд, ҳамин таваққӯъро аз дигарон ҳам хоҳанд дошт ва дӯст доранд, дар ҳама шароит тавассути ҳамаи афрод мавриди ташвиқ қарор гиранд ва рафторашон мавриди қабул бошад. Дар сурате ки ин иттифоқ наафтад, эҳтимол дорад фарзанд нисбат ба рафтори он афрдоде, ки эҳтимолан мураббӣ, муаллим ё дӯстонашон ҳастанд, ҳассос шавад ва гоҳе ҳатто бархурди дуруст ва саҳеҳе бо онҳо надошта бошад. Ин гуна аст, ки ташвиқҳои мо ба ҷои ин ки боиси рушду пешрафти шахсият ва рафтори фарзадамон шавад, боиси ақаб рондани онҳо дар корҳо ва зиндагӣ мешавад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамосаи ҳусейнӣ
Қирғизистон толибонро аз феҳрасти гуруҳҳои террористӣ ҳазф кард

Матолиби пурбоздид