Даҳ гуфтор – Х

 

Даҳ гуфтор – Х

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши даҳум

Асли иҷтиҳод дар ислом

بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ

وَمَا كَانَ الْمُؤْمِنُونَ لِيَنْفِرُوا كَافَّةً ۚ فَلَوْلَا نَفَرَ مِنْ كُلِّ فِرْقَةٍ مِنْهُمْ طَائِفَةٌ لِيَتَفَقَّهُوا فِي الدِّينِ وَلِيُنْذِرُوا قَوْمَهُمْ إِذَا رَجَعُوا إِلَيْهِمْ لَعَلَّهُمْ يَحْذَرُونَ

(Сураи Тавба, ояти 122) (Ва мӯъминин ҳамагӣ наметавонанд кӯч кунанд, пас чаро аз ҳар фирқае гурӯҳе кӯч намекунанд, то дар дин тафаққуҳ ва дониши кофӣ пайдо кунанд ва чун ба сӯйи қавми худ бозгаштанд, онҳоро ҳушдор диҳанд.)

Иҷтиҳод чист?

Масъалаи иҷтиҳод ва тақлид, ин рӯзҳо масъалаи рӯз аст. Бисёре ашхос ин рӯзҳо мепурсанд ва ё бо худ фикр мекунанд, ки иҷтиҳод дар ислом чӣ сиғае аст ва аз куҷои ислом даромадааст? Чаро бояд тақлид кард? Шароити иҷтиҳод чист? Вазоифи муҷтаҳид чист? Вазоифи муқаллид чист?

Иҷтиҳод ба таври сарбаста ба маънои соҳибназар шудан дар амри дин аст, вале соҳибназар будан ва эъмоли назар кардан дар умури динӣ аз назари мо, ки шиъа ҳастем, ду ҷур аст: машрӯъ ва мамнӯъ, ҳамон тавре, ки тақлид низ бар ду қисм аст: машрӯъ ва мамнӯъ.

 

Иҷтиҳоди мамнӯъ

Аммо иҷтиҳоде, ки аз назари мо мамнӯъ аст, ба маънои тақнин ва ташреъи қонун аст, яъне муҷтаҳид ҳукмеро, ки дар китобу суннат нест, бо фикри худаш ва раъйи худаш вазъ кунад. Инро дар истилоҳ, “иҷтиҳоди раъй” мегӯянд. Ин гуна иҷтиҳод аз назари шиъа мамнӯъ аст, вале аҳли тасаннун онро ҷоиз медонанд. Онҳо манобеъи ташреъ ва далелҳои шаръияро, ки зикр мекунанд, мегӯянд: китоб, суннат ва иҷтиҳод. Иҷтиҳодро, ки мақсуд ҳамон “иҷтиҳоди раъй” аст, дар арзи китоб ва суннат қарор медиҳанд.

Ин ихтилофи назар аз ин ҷо сарчашма мегирад, ки аҳли тасаннун мегӯянд: аҳкоме, ки ба василаи китоб ва суннат ташреъ шуда, маҳдуд ва мутаноҳӣ аст ва ҳол он ки вақоеъ ва ҳаводисе, ки пеш меояд, номаҳдуд аст, пас як манбаъи дигар ғайр аз китоб ва суннат лозим аст муайян шуда бошад барои ташреъи аҳкоми илоҳӣ ва он ҳамон аст, ки аз ӯ ба иҷтиҳоди раъй таъбир мекунем. Дар ин замина аҳодисе ҳам аз Расули Акрам (с) ривоят кардаанд. Аз он ҷумла ин ки Расули Худо (с) ҳангоме, ки Маъоз ибни Ҷабалро ба Яман мефиристод, аз ӯ пурсид, дар он ҷо чӣ гуна ҳукм мекунӣ? Гуфт: мутобиқи китоби Худо. Фармуд: агар ҳукмро дар китоби Худо наёфтӣ, чӣ гуна ҳукм мекунӣ? Гуфт: аз суннати Пайғамбари Худо истифода мекунам. Фармуд: агар дар суннати Пайғамбари Худо наёфтӣ, чӣ хоҳӣ кард? Гуфт:

أجتهد رأیي

Яъне фикр ва завқ ва салиқаи худамро ба кор меандозам. Аҳодиси дигаре ҳам дар ин замина ривоят кардаанд.

Дар ин ки “иҷтиҳоди раъй” чӣ гуна аст ва ба чӣ тартибе бояд сурат бигирад, дар миёни аҳли тасаннун ихтилофи назар аст. Шофеӣ дар китоби маъруфи худ ба номи ”Ар-рисола” — ки аввалин китобе аст, ки дар илми усули фиқҳ навишта шуда ва банда дар китобхонаи Маҷлис дидаам — бобе дорад ба номи боби иҷтиҳод. Шофеӣ дар он китоб исрор дорад, ки иҷтиҳод, ки дар аҳодис омада, мунҳасиран “қиёс” аст. Қиёс иҷмолан яъне мавориди мушобеҳро дар назар бигирем ва дар қазияи мавриди назари худ мутобиқи он мавориди мушобеҳ ҳукм кунем.

Вале баъзе дигар аз фуқаҳои аҳли тасаннун, иҷтиҳоди раъйро мунҳасир ба қиёс надонистаанд, “истеҳсон”-ро низ мӯътабар шумурдаанд. Истеҳсон яъне ин ки мустақиллан бидуни ин ки мавориди мушобеҳро дар назар бигирем, бибинем ақраб ба ҳақ ва адолат чист ва завқ ва ақли мо чӣ гуна меписандад ҳамон тавр раъй бидиҳем. Ва ҳамчунин аст “истислоҳ“ яъне тақдими маслиҳате бар маслиҳати дигар. Ва ҳамчунин аст ”таъаввул“ яъне ҳарчанд ҳукме дар нассе аз нусуси динӣ, дар ояте аз оёти Қуръон ва ё ҳадисе аз аҳодиси мӯътабараи Пайғамбари Худо (с) расида, вале ба воситаи баъзе муносибот, мо ҳақ дошта бошем, аз мадлули насс сарфи назар кунем ва “раъйи иҷтиҳодӣ“-и худро муқаддам бидорем. Ҳар кадом аз инҳо эҳтиёҷ ба шарҳу тафсил дорад ва баҳси шиъа ва сунниро дар миён меоварад. Дар ин замина яъне заминаи иҷтиҳод дар арзи насс ва дар муқобили насс китобҳо навишта шуда ва шояд аз ҳама беҳтар ҳамин рисолае аст, ки ахиран алломаи ҷалил марҳум Сайид Шарафуддин — раҳматуллоҳу алайҳу — ба номи:

النص والاجتهاد

— навиштаанд.

Аммо аз назари шиъа чунин иҷтиҳоде машрӯъ нест. Аз назари шиъа ва имомони шиъа, асоси аввалии ин матлаб (яъне ин ки аҳкоми китоб ва суннат вофӣ нест, пас эҳтиёҷ ба иҷтиҳоди раъй аст) дуруст нест. Ахбор ва аҳодиси зиёде дар ин замина омада, ки ҳукми ҳар чизе ба таври куллӣ дар китоб ва суннат мавҷуд аст. Дар “Кофӣ“ баъд аз боби:

البدع والمقائیس

— бобе дорад ба ин унвон:

باب الرد إلی الکتاب والسنة وأنه لیس شي‌ء من الحلال والحرام وجمیع ما یحتاج الیه الناس ‌إلا وقد جاء فیه کتاب أو سنة

(Кофӣ, ҷ.1, китобул-илм) (Боби руҷӯъ ба Қуръон ва суннат ва ин ки ҳамаи ҳалолу ҳаром ва эҳтиёҷоти мардум дар Қуръон ё суннат мавҷуд аст.) Имомони аҳли байт (а) аз қадимулайём ба мухолифат бо қиёс ва раъй шинохта шудаанд.

Ва албатта қабул кардан ва қабул накардани қиёс ва иҷтиҳоди раъйро аз ду назар метавон мавриди мутолеа қарор дод. Яке аз он ҷиҳат, ки арз кардам, яъне қиёс ва иҷтиҳоди раъйро ба унвони як манбаъ аз манобеъи ташреъи исломӣ бишуморем ва дар арзи китоб ва суннат қарор медиҳем ва бигӯем: мавориде ҳаст, ки ҳукме ба василаи ваҳй ташреъ нашуда ва бояд муҷтаҳидин бо раъйи худ онро баён кунанд. Ва дигар аз он ҷиҳат, ки қиёс ва иҷтиҳоди раъйро ба унвони василаи истинботи аҳкоми воқеӣ мавриди истифода қарор диҳем, ҳамон тавре, ки аз соири васоил ва туруқ мисли хабари воҳид истифода мекунем. Ба истилоҳ, мумкин аст ба қиёс ҷанбаи мавзӯият бидиҳем ва мумкин аст ҷанбаи тариқият бидиҳем.

Дар фиқҳи шиъа, қиёс ва раъй ба ҳеч як аз ду унвони боло мӯътабар нест. Аммо аз назари аввал ба ҷиҳати ин ки мо ҳукми ташреънашуда (ҳарчанд ба таври куллӣ) ба василаи китоб ва суннат надорем. Ва аммо аз назари дуввум ба ҷиҳати он ки қиёс ва раъй аз навъи гумонҳо ва тахминҳое аст, ки дар аҳкоми шаръӣ зиёд ба хато меравад. Асоси мухолифати шиъа ва суннӣ дар мавриди қиёс ҳамон қисмати аввал аст гӯ ин ки қисмати дуввум дар миёни усулиҳо бештар маъруф ва машҳур шудааст.

Ҳаққи “иҷтиҳод“ дар миёни аҳли тасаннун давом пайдо накард. Шояд иллати амр, ишколоте буд, ки амалан ба вуҷуд омад. Зеро агар чунин ҳаққе идома пайдо кунад, хусусан агар ”таъаввул” ва тасарруф дар нусусро ҷоиз бишуморем ва ҳар кас мутобиқи раъйи худ тасарруф ва таъаввуле бинамояд, чизе аз дин боқӣ намемонад. Шояд ба ҳамин иллат буд, ки тадриҷан ҳаққи иҷтиҳоди мустақил салб шуд ва назари уламои тасаннун бар ин қарор гирифт, ки мардумро савқ бидиҳанд фақат ба тақлид аз чаҳор муҷтаҳид ва чаҳор имоми маъруф: Абӯҳанифа, Шофеӣ, Молик ибни Анас, Аҳмад ибни Ҳанбал ва мардумро аз тақлид ва пайравии ғайри ин чаҳор нафар манъ кунанд. Ин кор ибтидо дар Миср шуд (дар қарни ҳафтум) ва баъд дар соири кишварҳои исломӣ ҳам амал шуд.

 

Иҷтиҳоди машрӯъ

Калимаи иҷтиҳод то қарни панҷум ба ҳамин маънои билхусус яъне ба маънои қиёс ва иҷтиҳоди раъй, ки аз назари шиъа иҷтиҳоди мамнӯъ аст, истеъмол мешуд. Уламои шиъа то он вақт дар китобҳои худ –

باب الاجتهاد

— ро менавиштанд барои ин ки онро рад кунанд ва ботил бишуморанд ва онро мамнӯъ эълом намоянд, мисли Шайх Тӯcӣ дар “Ъудда”. Вале тадриҷан маънои ин калима аз ихтисос берун омад ва худи уламои аҳли тасаннун мисли Ибни Ҳоҷиб дар ”Мухтасарул-усул” — ки Азудӣ онро шарҳ карда ва то ин охирҳо китоби усули расмии ҷомеъи Алазҳар буда ва шояд алъон ҳам бошад — ва қабл аз ӯ Ғаззолӣ дар китоби маъруфи ”Алмустасфо“, калимаи иҷтиҳодро ба маънои хусуси иҷтиҳоди раъй истеъмол накарданд, ки дар арзи китоб ва суннат қарор бигирад, балки ба маънои мутлақи ҷаҳду кӯшиш барои ба даст овардани ҳукми шаръӣ ба кор бурданд, ки бо ин таъбир баён мегардад:

استفراغ الوسع في طلب الحکم‌ الشرعي

Ба ҳасби ин таъриф, маънои иҷтиҳод, ба кор бурдани мунтаҳои кӯшиш дар истинботи ҳукми шаръӣ аз рӯйи далелҳои мӯътабараи шаръия аст. Аммо ин ки далелҳои шаръияи мӯътабара чист? Оё қиёс ва истеҳсон ва ғайра низ аз далелҳои шаръия ҳаст ё нест, матлаби дигаре аст.

Аз ин вақт уламои шиъа низ ин калимаро пазируфтанд, зеро иҷтиҳодро ба ин маънӣ онҳо қабул доштанд. Ин иҷтиҳод, иҷтиҳоди машрӯъ аст. Ҳарчанд ин калима дар ибтидо дар миёни шиъа як калимаи манфуре буд, вале баъд аз он ки тағйири маъно ва мафҳум дод, уламои шиъа таъассуб наварзиданд ва аз истеъмоли он худдорӣ накарданд. Чунин ба назар мерасад, ки дар бисёре аз маворид, уламои шиъа муқайяд буданд, ки риояти ваҳдат ва услуб ва ҳамоҳангӣ бо ҷамоати мусалмононро бинамоянд. Масалан, аҳли тасаннун иҷмоъро ҳуҷҷат медонистанд ва тақрибан барои иҷмоъ низ монанди қиёс, асолат ва мавзӯият қоиланд ва шиъа онро қабул надорад, чизи дигарро қабул дорад, вале барои ҳифзи ваҳдат ва услуб, номи он чиро худашон қабул доштанд, иҷмоъ гузоштанд. Онҳо гуфта буданд, далелҳои шаръия чаҳортост: китоб ва суннат ва иҷмоъ ва иҷтиҳод (қиёс), инҳо гуфтанд: далелҳои шаръия чаҳортост: китоб ва суннат ва иҷмоъ ва ақл. Фақат ба ҷойи қиёс ақлро гузоштанд.

Ба ҳар ҳол, иҷтиҳод тадриҷан маънои саҳеҳ ва мантиқӣ пайдо кард, яъне ба кор бурдани тадаббур ва таъаққул дар фаҳми далелҳои шаръия, ки албатта эҳтиёҷ дорад ба як ришта улум, ки муқаддимаи шоистагӣ ва истеъдоди таъаққул ва тадаббури саҳеҳ ва олимона мебошанд. Уламои ислом тадриҷан бархӯрданд, ки истинбот ва истихроҷи аҳком аз маҷмӯи далелҳои шаръия эҳтиёҷ дорад ба як силсила улум ва маорифи ибтидоӣ аз қабили улуми адабия ва мантиқ ва ба донистани Қуръон ва тафсир ва ҳадис ва риҷоли ҳадис ва шинохтани қоъидаҳои илми усул ва ҳатто иттилоъ бар фиқҳи соири фирақ. ”Муҷтаҳид“ ба касе гуфтанд, ки ин улумро воҷид бошад.

Ба таври ҷазм намегӯям, вале гумони қавӣ дорам, ки аввал касе, ки калимаи иҷтиҳод ва муҷтаҳидро дар шиъа ба ин маъно истеъмол кард, Алломаи Ҳиллӣ аст. Аллома дар китоби ”Таҳзибул-усул“ баъд аз боби қиёс, боби иҷтиҳод дорад ва дар он ҷо иҷтиҳодро ба ҳамин маъно истеъмол карда, ки имрӯз истеъмол мекунанд ва шойеъ аст.

Пас иҷтиҳоди мамнӯъ ва мардуд аз назари шиъа яъне раъй ва қиёс, ки дар қадим ба номи иҷтиҳод номида мешуда, хоҳ онро як манбаъи ташреъ ва тақнини мустақил бишуморем ва ё онро василаи истинбот ва истихроҷи ҳукми воқеӣ қарор диҳем. Вале иҷтиҳоди машрӯъ иборат аст аз ба кор бурдани кӯшиш ва ҷаҳд бар мабнои тахассуси фаннӣ.

Пас ин ки гуфта мешавад, иҷтиҳод дар ислом чӣ сиғае аст? Ва аз чӣ мақулае аст? Ва чӣ маҳалле аз эъроб дорад? Бояд гуфт, иҷтиҳод ба маъное, ки имрӯз мегӯянд, яъне аҳлият ва тахассуси фаннӣ. Бадеҳӣ аст касе, ки мехоҳад ба Қуръон ва ҳадис муроҷеа кунад, бояд тафсири Қуръон ва маъонии оёт ва носиху мансух ва муҳкаму муташобеҳи онро бидонад, ҳадиси мӯътабарро аз ҳадиси ғайримӯътабар тамйиз диҳад, ба илова рӯйи қоидаҳои уқалоии саҳеҳ, таорузҳоро дар аҳодис то ҳадде, ки мумкин аст ҳал кунад, мавориди иҷмоъӣ ва муттафақун алайҳи мазҳабро тамйиз диҳанд. Дар худи оёти Қуръон ва ҳамчунин дар аҳодис, як силсила қоъидаҳои куллӣ зикр шуда ва истифода ва эъмоли он қоъидаҳо монанди ҳамаи қоъидаҳои дигар дар ҳамаи улум тамрин ва муморасат лозим дорад. Бояд мисли санъатгари моҳире, ки бидонад аз маҷмӯъи маводде, ки ҷилаваш рехтааст, чӣ моддаеро интихоб кунад, маҳорат ва истеъдод дошта бошад. Махсусан дар аҳодис, ҷаълу вазъ зиёд аст, саҳеҳу сақим баҳам омехтааст. Бояд қудрати ташхиси саҳеҳ аз сақим дар ӯ бошад. Ба ҳар ҳол он қадр маълумоти муқаддамотӣ бояд дошта бошад, ки воқеан аҳлият ва салоҳият ва тахассуси фаннӣ дошта бошад.

Идома дорад…

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Омрико: “Нерӯҳои низомии Русия дар Эрон омӯзиш мебинанд”
Талибы передали через генерала Ятимова ультиматум президенту Таджикистана

Матолиби пурбоздид